Интернет ва филмҳои хориҷӣ ба ҷавонони мо чӣ тавр таъсир мекунад?

1. Нашрияҳои порнографӣ

Ҷавоне, ки доимо машғули тамошои барнома, филм, ҳатто рекламаҳои муҳтавои шаҳвонидошта аст, ба мушкилоти психологӣ  дучор мешавад. Тамошобин мудом зери фишори нашрияҳои фаҳшангез қарор дорад. Дар ин ҳолат оё ҷавони зери ин фишор қарордошта метавонад, ки ба ин бетараф монад?

Ба ақидаи равошиносон «нафаре, ки ба чизе барангехта мешавад, ҳатман ў бояд қонеъ гардад». Ҷавонон ҳатто кўдакони замони мо аз овони хурдӣ зери фишори нашрияҳои порнографӣ қарор доранд, ки ин вазъият маънои онро дорад, ки наслҳои ояндаи мо дар рўҳияи носолим ва инҳирофи ҷинсӣ тарбия хоҳанд шуд. Ишқ ва муҳаббатеро, ки асрҳост муносибати миёни ду ҷинсро барпо месозад, аз байн бурда истодаанд. Ва боз мехоҳанд, ки наслҳои оянда ҳамчун роботҳои бе ҳиссу шафқат тарбия ёбанд. Дар натиҷа насли оянда таҷовуз, шиканҷа ва инҳирофи ҷинсро ҳамчун ҳодисаҳои муқаррарӣ дарк хоҳанд кард».

2. Нашрияҳое, ки боиси фасодшавии фарҳангӣ мешаванд

Аксари барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ аз арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мо дуранд. Яке аз сабабҳои асосии садама дар роҳҳои автомобилгард ин дар ҳолати мастӣ рондани мошинҳо мебошад, ки ҷавонони мо аввалин бор арақ ва арақнўширо аз филмҳои телевизионие меомўзанд, ки арақнуширо ҳамчун нишони мардию далерӣ нишон медиҳанд. Гўё ки ин ҳама урфу одатҳои миллию аҷдодии мо асту мо аз ин бояд ибрат гирем. Тариқи телевизорҳо мо мудом аз ҳаёту зиндагии ҳофизону актёрон бохабар ҳастему боре ҳам аз муваффақияти ҷавонону наврасоне, ки ғолиби мусобуқаву олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ҳастанд, хабар надорем. Инро ҳам инкор карда наметавонем, ки васоити ахбори омма барономаҳои тарбиявӣ ҳам доранду ҷавонони моро ба роҳи рост даъват мекунанд, вале ман гуфтанӣ ҳастам, ки мо набояд ҳеҷ вақт тамошобини ҷавонро барои ба даст даровардани суде фаромўш кунем. Дар он ақидаам, ки оилаи солим ва ҷавонони бомаърифат ояндаи миллати мо мебошанду ҳеҷ як суде аз ояндаи миллати солим судмандтар нест.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 3, соли 2011
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин