Истиқлолият ва артиши миллӣ

Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.

Таърихи бою кӯҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард — соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ гардид.

Моҳҳои август-сентябри соли 1991 айни аз ҳам пош хӯрдан ва ба саҳифаи таърихи гузаштаи инсоният навишта шудани номи як вақтҳо абарқудраттарин давлати ҷаҳон – ИҶШС, ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ яке пешу дигаре баъдтар ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09 сентябри соли 1991, рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб мардуми сарзамини кӯҳандиёри тоҷикон ин санаи таърихиро ҳамчун оғози таърихи навтарини худ тантанавор ҷашн мегиранд.

Тоҷикистони мо баъди ҳазор соли паҳну парешонӣ, азияти вазнини зердасти давлатдории бегонагонро кашидан, давлати озод, соҳибистиқлол эълон шуд. Ҳарчанд соли 1924 Тоҷикистон бо номи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистӣ дар ҳайати РСС Ӯзбекистон, чун давлати мухтори соҳибихтиёр соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистӣ эълон шуда бошад ҳам, аммо ба маънои томаш соҳибихтиёр набуд. Вай ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат – ИҶШС ворид буд.

Маҳз дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон рушду равнақ ёфт, баъди гузашти айёми пурпечутоб аз давраи фанои давлати Сомониён ва зердасти замон дорони Манғит тоҷикон соҳиби давлатдории худ гардидаанд.

Истиқлолият барои Тоҷикистон осон ва сабук ба даст омад, аммо нигоҳ доштани он хеле гарон афтод. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд сохти давлатдориашро муқаррар мекард. Сарвари давлат, қонуни асосии худ – Конститусия, ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳалӣ, мақомоти давлатӣ, артиши миллӣ ва ғайра атрибути давлатдориро мебоист дошта бошад. Пеш аз ҳама, мебоист ҳиссаи худро аз тақсими мероси собиқ ИҶШС ба даст меовард…

Рӯзи 9 сентябри соли равон мардуми кишварамон, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ифтихору сарбаландӣ 20-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Дар остонаи ин ҷашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафи пай намудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, пеши назар меорем.

Баъди аз ҳам пош хӯрдани собиқ Ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз ҷузъу томҳои дар сарзаминамон будаи собиқ Артиши номдору пурқудрати Шӯравӣ васоити техникии мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногун ва муҳиммоти ҷангиро « мерос» гирифтанд.

Вазъи душвори ҳарбию сиёсии он солҳо мутаассифона имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси бою ғании муҳиммоту яроқу аслиҳаи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад. Мутаассифона он замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷузъу томҳои нав аз ҷанги Афғонистон баромадаи дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд.

Мутаассифона, он замон дар Тоҷикистон алангаи пуршиддати ҷанги дохилии шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқишаи дохилӣ гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будааст.

Фишорҳои дохиливу хориҷӣ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ мерасонд. Маҳз дар чунин шароит мухолифатҳои бошиддат асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Давлати навтаъсис дар як замон вазифаҳои ташкили механизми сиёсӣ, ба вуҷуд овардани фазои ҳуқуқи идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ ва дар айни замон ҳимояи истиқлолиятро ба ӯҳда дошт.
Новобаста аз вазъияти ба амал омада сиёсати дуруст ва фаъолияти бобарори роҳбарияти давлату ҳукумат дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги дохилиро хомӯш карда, вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангидан боз ба танзими сохтори ташкилию штатии хеш машғул шуданд. Заминаи моддию техникӣ метавон гуфт умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавиро омӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтака табдил ёфт. Албатта бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллӣ ба имзо расида буданд. Боиси таассуф аст, ки низою нооромиҳои сиёсӣ дар мамлакат барои амалӣ гаштани чорабиниҳои ташкилию амалӣ имкон надоданд.

Мувофиқи фармони Президенти мамлакат Кумитаи мудофиаи кишвар аз 4 январи соли 1992 ташкил дода шуд. 30 сентябри соли 1992 бошад баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-ми сентябри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон 18 декабри соли 1992 нахустин қарорро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонд. Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати Конститусионӣ ташкил дода шуд. Норасоии низомиёни касбии таълими ҳарбию ҷангидида ва дар ҳарбу зарб ва машқ обутобёфта дар ин давра баралло эҳсос мешуд.

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 № УП-198 ва Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ташкил карда шуд. 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантҳо ва сарбозони коллеҷ савганди ҳарбӣ қабул намуда, дар сафороӣ ва намоиши гузашти ботантанаи ҳарбӣ иштирок намуданд.

Ҳайати шахси курсантҳою афсарони омӯзгори Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ фаъолона бо ҳамроҳии дигар сохторҳои қудратӣ дар кори бартаф намудани ошӯбҳои гурӯҳҳои ҷинояткори зидди давлатӣ ва муҳорибаҳо алайҳи дастаҳои ифротгарону ҷинояткорон, баҳри таъмини пойдорию амнияти сохти Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 195 аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ба Донишкадаи Ҳарбии Вазорати Мудофиа табдил дода шуда, бо фармони Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 130 аз 14 июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи Ҳарбӣ тасдиқ карда шуд.
18 декабри соли 1993 генерал-майор А. В. Шишлянников Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, ки ба ташкил ва равнақи нахустин раёсатҳо ва ҷузъу томҳои низомӣ шурӯъ намуд. Бо роҳбарии ӯ аввалин намоиши сафороӣ ва расми гузашти тантанавии низомии ҷузъу томҳои низомии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврали соли 1993 хотирмону таърихии фаромӯшношуданӣ сурат гирифт.

Намоиши расми гузашти низомии мазкурро метавон гардиши куллие дар ҳаёти Артиши миллии мамлакат номид. Он нишон дод, ки роҳбарияти давлату ҳукумати навташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилу ташакулли Қувваҳои мусаллаҳ ҷиддан машғул аст.

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 1993 «Дар бораи сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қарорро ба имзо расонд. Инчунин зимни ин Қарор сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи соли 1994 сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бори дигар мавриди муҳокима қарор дода бо ислоҳу иловаҳои муҳим сохтори нави онро тасдиқ кард.

Аз моҳи апрели соли 1995 генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамроҳи Вазири нав дар сохтмони Артиши миллӣ муовинонаш ва афсарони олирутба генерал-майор А.С.Чубаров, полковник С.Н.Бобоҷонов, генерал-майори авиатсия В.М.Грудына, генерал-майор А.А.Абдуласанов, генерал-майор З.М.Файзиев, генерал-майор И.Додоматов ва бисёр дигар афсарони олирутба саҳми шоистаи худро гузоштаанд. Бо кӯмаки давлату ҳукумат, мувофиқи нақшаи муайян, бунёди Артиши миллӣ давра ба давра инкишоф меёфт. Пеш аз ҳама ба масъалаҳои бо яроқу аслиҳаи гуногуни ҷангӣ ҷизҳозонидан, пурра намудани ҳайати шахсӣ, беҳдошту вазъи омодабоши ҷангии афсарону сарбозон диққати ҷиддӣ дода мешуд. Агар ба гузашти таърих нигарем ташкилёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил ёбии Артиши ИҶШС монанду бо ҳам як аст гӯем хато намекунем.
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд.

Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ — Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.

Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик (ОТО) оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима гузошт.
Имсол, шукри Худои бузург, ки 20 солагии истиқлолияти давлатиамонро дар як фазои сулҳу оромӣ ҷашн мегирем. Вале ҳамагӣ 20 сол пеш кам касоне дар фикри таҷлили ҷашни истиқлол буданд. Зеро дар сангарҳои набарди байни ҳукумат ва мухолифин хун мерехт, хуни тоҷики азиятдидаву бадбахтгашта. Нахуст лозим буд, ки ин хунрези қатьъ гардад.

Қатъ гардидани ихтилофот дар мамлакат имконият фароҳам овард, ки Артиши миллӣ ба мустаҳкамкунии таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои ҷангию тактикӣ ва такмили омодагии ҷангии онҳо оғоз намуд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тӯли 18 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу суббот ва сохтори конститусионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро нахоҳем фаромуш кард.

Дар давоми 20 соли истиқлолият ва 18 соли ташкилёбии Артиши миллӣ, ҳайати шахсӣ дар чандин машқҳои муштарак бо давлатҳои хориҷаи дурру наздик иштирок намуд. Ҳамкориҳои ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол ривоҷу равнақ меёбад.

Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукамал гардидааст.
Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, бо назардошти вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати шахсӣ ба ҳисоб гирифтани интизоми баланд дар адои хизмати ҳарбӣ, такмили малакаю маҳорати ҷангӣ ва обутоби ҷисмонӣ мо бояд ин вазифаи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоем. Ин масъалаҳо таҳти шиори — «20- солагии Истиқлолияти давлатиро бо омодагии баланди ҷангӣ ва омӯзишу такмили маҳорати ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем!».

Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёти мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонаги гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд.

Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахасисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.

Мо ҷавонони Тоҷикистон, ки масъулияти эминию озодӣ ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба дӯши худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша ба кору фаъолияти нек ҳидоят намоем.

Аз лаҳзае, ки Тоҷикистон истиқлолияти миллиро ба даст овард, 20 сол сипари мешавад. Ин 20 соли пурталотум, пурзахмат, пур аз душворию нокомихо ва хамчунин, аз комёбиҳои назаррас иборат буданд. Аксари коршиносони ҷаҳон сари он ақидаанд, ки агар ҷумҳури ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намекард, шояд муваффақиятҳо бештар мебуданду мушкилоти иқтисодӣ камтар. Ҳақ бар ҷониби онҳост.

Бо вуҷуди ҳама мушкилоти он давра мо тавонистем пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократи ташкил медиҳад, таъмин намоем.

Ҳамин тавр, 9 сентябри соли 1991 расман истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон карда шуд. Соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардид ва 170 давлати ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 143,1 км2 ҷойгир буда дар он беш аз 120 ҳалқу миллат зиндагӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 вилоят, 18 шаҳру 46 ноҳия, 48 шаҳраку 280 ҷамоат иборат аст, пойтахташ шаҳри Душанбе мебошад. 93% Ҷумҳурии Тоҷикистон куҳсор ва 7% он замини ҳамвор мебошад. 60% оби дарёҳои Осиёи Миёна аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Ҳокимияти давлатӣ дар асоси ҳокимияти қонунгузор – Маҷлиси Олӣ, иҷроия – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судӣ – Ҳокимияти судӣ амалӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия, сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар солҳои истиқлолият ташакулли муносибатҳои нави иқтисодӣ ва тадбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон мусоидат намуданд. Сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, шоҳроҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хум-Қулма, анҷоми сохтмони нақби мошингарди Анзоб, оғози сохтмони нақби Шаҳристон, ва бо Хитою Покистон пайвастани роҳҳои автомобилгард, сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ, азнавсозии корхонаи алюминии Регар ва ғайра иншоотҳои бузург ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам дурахшонтар мегардонад.

Оғози бунёди нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, ГЭС-и Роғун ва чандин корхонаҳои саноативу муассисаҳои маданӣ-маишӣ, дар соҳаи кишоварзӣ шаклҳои хоҷагидорӣ – иҷоравӣ, саҳомӣ, кооперативӣ, деҳқонии фермерӣ ҷори кардашудаанд аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият ба шумор мераванд. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон рӯ ба инкишоф аст.

9 сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон 20 солагии Истиқлолиятро ҷашн мегирад. Ба тамоми ҷаҳон ёдовар намудан лозим аст, ки ин як роҳи тӯлонӣ ва душвор ба аҳолии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ буд. Ин сана натанҳо хотимаи як давраи таърихӣ, балки оғози раванди нави тарққиёт мебошад. Давраи нави густариш барои Тоҷикистон ва халқи ин мамлакат хоҳад омад. Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон айни ҳол сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст.
Миллати кӯҳанбунёди тоҷик дар охири асри 20 давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки мо 20 солагии истиқлолияти онро ҳамчун ҷашни таърихии Миллӣ таҷлил мекунем. Истиқлолияти давлатӣ ин дастоварди муқадастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи тоҷик Буда ва дастоварди бузурги бебаҳо ва ормони чандинасраи фарзандони асили миллати кӯҳанбунёди мо мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доштанд, ки имрӯз ба мо муяссар гаштааст, орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амали сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем.

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастии миллати мо буд. Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои модди ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд.

Мусаллам аст, ки истиқлолияти комил ва рушди бемайлони ҳар як давлат пеш аз ҳама ба таъмини вазъи мӯътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа иртибот дорад. Дар ростои ин амр истиқлолияту ваҳдати ҳамон ҷомеа поянда хоҳад буд, ки сохторҳои қудратии он нуфузи бештареро ба худ ихтисос дода, иҷрои вазифаҳои босалоҳият аз ҷониби ҳар як корманди мақомоти дифоъ дуруст ба роҳ монда шавад. Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки Тоҷикистон дар шароити басо мушкил истиқлолияти худро нигоҳ дошт.

Дар ҳақиқат тоҷикон ботаҳамул ва иттифоқ будани худро нишон доданд. Тоҷикистон ҷомеаи сулҳпарварро сохта истодааст. Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки аз дӯстии абадии миёни тамоми халқҳои Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, аҳамияти муҳим дорад. Ҳодисаҳои ғамгини солҳои навадумро ба инобат гирифта, ин ид пайваст будани робитаҳои қавӣ ва муттаҳидии тоҷиконро бо ҳамдигар дар давраи муосир нишон медиҳад. Тамоми халқҳои ҷаҳон бояд дар бораи Тоҷикистон, фарҳанг ва таърихаш хабардор бошанд.

Маҳз, бинои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, ки имрӯз таҳким ёфтаву ҳузури мубораки он дар паҳнои давлатдории муосири мо ба ҳукми дастоварди беназири таърихӣ арҷниҳода мешавад, симои сарвари давлатро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни ҷадид ва роҳнамои таҳаввулоти ҳамгироӣ ва ҳамзистӣ дар асри Навин муарифи кардааст. Ин пеш аз ҳама реша дар фалсафаи некпиндории Эмомалӣ Раҳмон – вориси ин мулки бузург дорад, ки дар минбари иҷлосияи 16 ва баъдтар муроҷиатномаҳои пайдарпаи эшон садо додаву ба тадриҷ бо андешаи созандаи мардуми тоҷик «нияти нек ними давлат» давлату иқболи беназиреро барои мо тоҷикон дар кӯтоҳтарин фурсат таъмин намуданд. Ба тадбири дигар, аз пиндори нек то ба қаламрави гуфтору рафторҳои неки мутаадин ҳаёти ҷамъиятӣ рӯшан ва пешорӯи халқ ҷилвагар сохтанд.

Бист со ласт, ки аз партави истиқлолият тоҷи зарини давлати Тоҷикистони соҳибихтиёри мо бо рангу ҷилои нав медурахшад ва аз шӯълаи ҳаётбахши он рӯзғори мо мазмуну таровати тоза ва осоишу баракати рӯзафзун пайдо карда, манзилу маъво, шаҳру деҳот, водиҳои сарсабзу хуррам ва қуллаҳои сарбафалаккашидаи кишварамон ғарқи нури истиқлол мебошад.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳасти дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Тоҷикистони мо ҳоло чун ҷавони сарупо ғайрату кӯшишу ҳиммат ва нерӯманду солиму бардам бо азми дучанд машғули бунёдкорист, то ҷашни камолоти бистсолагии худро бо дастовардҳои шоёну арзанда истиқбол намояд.

Истиқлолияти Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати дарҳои кушода ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурданд. Фақат дар давоми даҳсолаи охир ҳамкориҳои Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ барои болоравии мақоми давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналхалқӣ пойдевори боэътимод гузоштаанд.

Бо шарофати истиқлолият Тоҷикистони мо ба маркази баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмиллалӣ табдил ёфт ва ташаббусҳои наҷибу пешниҳодҳои мушаххаси кишвари мо боиси афзудани эътибори ҷаҳонии он гардид. Чорабиниҳои басо муҳим ва арзишманди байналхалқӣ, аз ҷумла Конфронси байналмиллалӣ бахшида ба арзёбии марҳилаи авали Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ва Иҷлосияи 37-ми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ё худ таҷлили соли бузургдошти Имоми Аъзам, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ва олами ислом дучанд афзуданд.

Инчунин соли гузашта Созмони Миллали Муттаҳид бо ширкати намояндагони 192 давлати ҷаҳон – аъзои ин созмони бонуфузтарини байналмиллалӣ ба ифтихори ҷашни 1150 – солагии фарзанди бузурги миллати мо устод Рӯдакӣ анҷумани бошукӯҳи адабиву фарҳангие барпо намуд.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳое, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, Созмони Миллали Муттаҳид Наврӯзи Аҷамро ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ пазируфт ва чанде пештар муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Миллали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО ёдгории таърихии Саразмро низ чун ёдгории нодири фарҳанги башарӣ эълон кард, ки ин ҳама нишонаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба адабиёту фарҳанги қадима ва эътирофи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи мо, инчунин нақшу мақоми Тоҷикистони Навин дар миёни дигар кишварҳои олам мебошад. Ин аст самараи ҳаётбахши истиқлолият, фазои сулҳу ваҳдат, робитаҳои сулҳу дӯстиву ҳамкориҳои судбахш ва аҳамияти он дар шинохти қадру манзалати давлати соҳибихтиёри мо дар арсаи ҷаҳон. Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар ҷамъ Моро ба сӯи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣва ҳадафҳои нав мебарад. Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.

Зинда бош, эй Ватан,
Точикистони озоди ман!

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *