Кадом вақт бояд протеинро истеъмол кард?

1. Протеин баъд аз хоб

Ба ҳисоби миёна бештари одамон дар як шабонарӯз 7-8 соат хоб мераванд. Вақте ки организм дар ин муддат ғизо намегирад, вай аз манъбаи қувваҳои эҳтиётӣ истифода мебарад, яъне: гликогенро аз ҷигару мушакҳо ва аминокислотаҳоро аз ҳисоби вайроншавии мушакҳо мегирад. Ғайр аз ин, саҳарӣ ҳосилшавии ҳормони кортизол зиёд мегардад, ки дар натиҷаи он раванди катаболизми бофтаҳои мушак сурат мегирад ва барои бартараф кардани он мебояд миқдори зарурии протеинро истеъмол кард. Дар ин ҳолат протоени обакӣ ва ё протеини гидролизат беҳтарин интихоб аст.

2. Дар давоми рӯз

Ба ҳангоми афзудани андозаи мушакҳо муҳаё сохтани шароите, ки дар он пули (ташаккулёбии аминокислотаҳо дар организми инсон) амонакислотавӣ бе таваққуф пур мегардад, ҳатмист. Барои ин бояд ҳар замон тановул намуд ва байни қабули ғизо 2-4 порс протеинро тақрибан 20 г. нӯшид. Агар шумо донед, ки муддати дароз аз қабули ғизо дар канор мемонед, ҳатман як порс сафедаи комплексиро истеъмол кунед.

3. Протеин пеш аз машқ

Бар замми он ки шумо хӯрок истеъмол мекунед, 2 соат пеш аз машқ ва ё 20 дақиқа пеш аз BCAA (Branched-chain amino acids) мебояд порси  начандон зиёди протеини обакиро қабул фармоед. BCAA – ин, аминоксилатаҳои ивазнашавандаест, ки то се ҳиссаи ҳамаи протеинҳои бофтаи мушакҳоро ташкил медиҳад ва ҳамчун манбаи қувваи кори бошиддати мушакҳо истифода мегардад. Агар дар вақти машқ дар хун захираи зиёди аминокислотаҳо набошад, сафедаи мушакҳои организмро ба порашавӣ оварда, онро баҳри таъмини талаботи энергетикии худ ба кор мебарад. Қабули протеини обакии зудҳалшаванда то оғози машқ организро бо миқдори зарурии BCAA таъмин мекунад ва ин ба шумо имкон медиҳад, ки аз катабализми мушакӣ дар амон бошед.

4. Протеин баъд аз машқ

Давом дорад…

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали «maktab.tj» барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *