«Гурӯҳи 99»-ро медонед?

Яке аз подшоҳон, ки ҳукумфармои яке аз кишварҳои бузург буд, боз ҳам аз дороӣ ва зиндагии худ он қадар хуш ва розӣ набуд ва худи ӯ ҳам намедонист иллат дар чист.

Боре дар қаср ва кохҳояш қадам мезад ва аз назди ошпазхонае гузашт, ки ногаҳон садои таронае ба гӯшаш расид. Подшоҳ худашро ба он садо наздик кард ва дид, ки як ошпазе замзама мекунад ва тарона мехонад ва дар чеҳрааш шодию хурсандӣ ва нишонаи саодат дида мешавад. Подшоҳ бисёр бо тааҷҷуб аз ошпаз пурсид: чаро ин қадар шоду хурсанд ҳастӣ?

Ошпаз дар посух гуфт: подшоҳам, ман танҳо як ошпаз дар ин қаср ҳастам, ҳамеша мекӯшам ҳамсар ва фарзандонам аз ман хурсанд бошанд, мо барои худ хонае аз чубу бурё сохтаем ва ба қадри кофӣ пушок ва хурданӣ ҳам дорем, чаро хушҳол набошам.
Вақте подшоҳ аз як ошпаз чунин суханҳоро шунид нахуствазирашро ба наздаш хонд, моҷароро ба ӯ бозгӯ намуда бо ӯ дар ин маврид сӯҳбат кард.

Нахуствазир ба подшоҳ гуфт: ҷанобам, ин ошпаз ҳануз узви «гурӯҳи 99» нашудааст. Агар ӯ ба ин гурӯҳ напайвандад нишонгари он аст, ки марди хушбине аст.

Подшоҳ аз сухани нахуствазир дар тааҷҷуб омада пурсид: гурӯҳи 99 чист?

Вазир гуфт: агар чи будани «гурӯҳи 99»-ро мехоҳед, бояд чанд корро анҷом бидиҳед. Шумо 99 сиккаи тиллоро дар кисае дар пеши дарвозаи ошпаз бигзоред, ба зудӣ хоҳед фаҳмид, ки «гурӯҳи 99» чист.

Подшоҳ дастур дор то кисаеро бо 99 сиккаи тилло дар пеши дари ошпаз бигузоранд.

Ошпаз пас аз анҷоми кораш ба хонааш баргашт ва кисаро дар назди дараш дид, онро гирифта ба хонааш даромад, тиллоҳоро дида аз хушҳолӣ намедонист чӣ кор кунад, онҳоро рӯи миз рехт ва мешумурд.
99 сикка?

ӯ ба ин гумон, ки шояд дар ҳисоб иштибоҳе карда бошад, боз дубора онҳоро шумурд, боз бо худ гуфт чаро 99? Бояд 100 сикка бошад.

Акнун ба фикр афтода буд, ки як сиккаи дигар куҷост? Пеши дар ва ҳавлии хонаро ҷустуҷӯ мекард аммо дигар чизе пайдо накард ва ноумед ба хона гашта даромад.

ӯ бисёр дилсард ва дилшикаста шуда буд ва тасмим гирифт, ки аз фардо бисёр талош мекунад то як сиккаи тилло дигар ба даст орад ва дороияшро ҳар чи зудтар ба 100 тилло бирасонад.

Бо ҳамин ҳол аз миён чанд рӯзе мегузашт ва боре ҳам ҳамсарашро интиқод намуд, ки чаро ӯро барвақтар аз хобаш бедор накард то барвақтар ба кор барояд, акнун монанди гузашта дар чеҳраи ошпаз шодӣ ва хушҳолӣ дида намешуд ва тарона ҳам намехонд, то метавонист худро машѓули кор мекард.

Подшоҳ намедонист, ки он киса чаро ин балоро бар сари ошпаз овардааст, ва иллатро аз нахуствазир пурсид. Нахуствазир гуфт: ҷанобам! Акнун ин ошпаз расман ба узви «гурӯҳи 99» ворид шудааст. Аъзои «гурӯҳи 99» касоне ҳастанд, ки бисёр доранд аммо боз ҳам розӣ нестанд, то ҳадди тавон кор мекунанд то бештар ва бештар ба даст оранд, онҳо мехоҳанд ҳар чи зудтар 100 сиккаро аз худ кунанд. Ин аст сабаб ва иллат аслии нигаронӣ ва нохушҳолии онҳо, бо ин васила шодӣ ва сурурро аз даст медиҳанд. Онҳо аъзои «гурӯҳи 99» ҳастанд.

Таҳияи Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *