Подшоҳ ва Вазир

Рӯзе подшоҳе барои пӯст кандани мева корди тезе талаб кард, аммо дар ҳини буридани мева ангӯшташро бурид, вазир, ки дар онҷо буд гуфт: нигарон набошед тамоми чизҳое, ки рух медиҳад дар ҷиҳати хайр ва салоҳи шумост.

Подшоҳ аз ин сухани вазир барошӯфт ва аз рафтори ӯ дар баробари ин иттифоқ озурдахотир шуд ва дастури зиндонӣ кардани вазирро дод.

Чанд рӯз баъд подшоҳ бо мулозимонаш барои шикор ба наздикии ҷангале рафтанд. Подшоҳ, дар ҳоле,  ки машғули асбсаворӣ роҳро гум кард ва вориди ҷангали анбӯҳе шуд ва аз мулозимони худ дур афтод. Дар ҳоле,  ки подшоҳ ба дунболи роҳи бозгашт буд ба маҳали сукунати қабилае расид, ки мардуми он дар ҳоли омодагии маросими қурбонӣ барои худоёнашон буданд, замоне ки мардум подшоҳи хушсиморо диданд хушҳол шуданд, зеро тасаввур карданд вай беҳтарин қурбонӣ барои тақдим ба худои онҳост.

Онҳо подшоҳро дар баробари муҷассамаи худояшон бастанд, то вайро бикушанд, аммо ногаҳон яке аз мардони қабила фарёд кашид: чӣ гуна метавонед ин мардро барои қурбонӣ кардан интихоб кунед, дар ҳоле ки вай бадани ноқис дорад, ба ангушти ӯ нигоҳ кунед! Ба ҳамин далел вайро қурбонӣ накарданд ва озод шуд.

Подшоҳ, ки ба қаср расид вазирро наздаш хонд ва гуфт: акнун фаҳмидам манзури ту аз инки мегуфтӣ ҳар чӣ рух диҳад салоҳи шумост чӣ будааст, зеро бурида шудани ангуштам сабаб шуд зиндагиям наҷот ёбад, аммо дар мавриди ту чӣ? Ту дар зиндон афтодӣ ин амр чӣ хайр ва салоҳе барои ту дошт?! Вазир посух дод: Подшоҳи азиз магар намебинед, агар ман ба зиндон намеафтодам монанди ҳамеша дар ҷангал ба ҳамроҳи шумо будам дар онҷо замоне ки шуморо қурбонӣ накарданд мардуми қабила маро барои қурбонӣ кардан интихоб мекарданд, бинобарин мебинед, ки ҳабс шудан низ барои ман муфид буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *