Шукргузорӣ

Боре устоди пири хитоӣ ба шогирдаш гуфт:

-Илтимос, ин ҳуҷраро нагзакак аз назар гузарон ва кӯшиш кун, ҳамаи он ашёҳоеро, ки қаҳваранганд дар хотир нигоҳ дорӣ.

Ҷавон ба гирду атрофаш назар дӯхт. Дар ҳуҷра ашёҳои қаҳваранг зиёд буданд: миз, курсиҳо ва боз бисёр чизҳои дигар.

-Акнун чашмонатро пӯш ва ҳама ашёҳои рангаш кабудро номбар кун.

Ҷавон табассум кард:

-Ман ягон чизи рангаш кабудро дар хотир надорам.

-Чашмонатро кушо. Нигоҳ кун, чӣ хел дар ин ҷо чизҳои кабуд зиёданд. Ин рост буд: кӯзаи кабуд, китобҳои кабуд дар рафҳо, куртаи кабуди Хитоии Пир. –Ба ҳамаи ин ашёҳои аз назарат дурмонда нигар!

-Аммо ин ҳилла аст,-гуфт ҷавон.-Охир ман ашёҳои кабудро не, қаҳварангро кофта будам.

-Худи ана ҳаминро ҳам мехостам ба ту нишон диҳам! Ту танҳо ашёҳои қаҳварангро мекофтӣ ва меёфтӣ, аммо ашёҳои рангашон кабуд аз назари ту дур мемонданд. Дар зиндагӣ низ чунин аст: ту танҳо чизҳои бадро мекобӣ ва меёбӣ, аммо хубиҳоро намебинӣ.

-Ба ман доимо омӯзондаанд, ки бояд бадтарин ҳолатро чашмдошт бошӣ, онгоҳ ноумед ва дилмонда намешавӣ.

– Ин ақидаи паҳншуда аст,- қайд кард Хитоии Пир. – Аммо ин ақидаи бардурӯғест, ки дар аксар ҳолат орзуҳои моро барбод медиҳад ва намегузорад, ки мо хушбахтиро эҳсос кунем.

-Барои чӣ?-пурсид ҷавон.-Агар ман дар ҳама ҳолат бадтарин натиҷаро мунтазир шавам ва барои қабули он тайёр бошам, пас рӯҳафтода намешавам ва шояд баръакс натиҷаи хубро бинам,онгоҳ маро хурсандӣ интизор аст. Агар ман танҳо натиҷаи хубро мунтазир шавам, пас танҳо метавонам рӯҳафтодаву ноумед шавам.

-Чунки, агар ту танҳо бадтарин натиҷаро интизор бошӣ, доимо бо он рӯ ба рӯ мешавӣ ва ё баръакс. Агар мо боварӣ дошта бошем, ки натиҷаи бадтаринро мунтазир буданамон манфиатовар аст, онгоҳ метавонем чизҳои хуберо, ки дар зиндагии мо ҳастанду рӯй медиҳанд, набинем. Бисёр одамони машҳур ва бой, ки ҳама чиз доранд, рӯҳафтода гардида, нашъаманд мешаванд. Зеро ба ҷои он, ки онҳо дар бораи ҳамаи чизҳои доштаашон фикр кунанд, танҳо он чизҳоеро фикр мекунанд, ки надоранд ва ҳамин тавр онҳо худашон худашонро бадбахт мекунанд. Аз ҷониби дигар зиёданд одамоне, ки зиндагии оддӣ доранд, аммо дар ҳақиқиқат хушбахтанд, чунки онҳо танҳо дар бораи чизҳои доштаашон фикр мекунанд. Ҳар рӯз ба худат суол деҳ: “Барои кадом чиз ман метавонам ба ин рӯз шукргузор бошам?”

-Аммо агар барои шукргузорӣ кардани ин рӯз чизе вуҷуд надошта бошад чӣ?- пурсид ҷавон.

Хитоии Пир бо тааҷуб ба ҷавон нигоҳ кард ва гуфт:

-Чанд сол пеш ман барои аёдати дӯстам, ки бемор буд рафтам. Ӯ тамоман ғамгин наметофт, баръакс ором ва ҳатто хушбахт менамуд. “Ман имрӯз аз хоб бедор шудам, аз ин мебарояд, ки ман зиндаям”-мегуфт дӯстам…

  1. А:

    Дар хакикатхам устоди бузург дуруст мегуяд ) ^-^

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *