Фаъолияти психолог дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

Боз як китобчаи нави муҳаққиқ Умед Ҳамидов дар ҳамдастӣ бо Воҳид Мирзоев таҳти унвони «Фаъолияти психолог дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» бо дастгирии гурӯҳи эҷодии «F1[iMDOD]-IT SERVICES» (хизматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ) интишор ёфт.

Дастури методӣ ҳамчун роҳнамо барои банақшагирии роҳандозии хадамоти психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) пешниҳод шуда, дар он мақсад, вазифа ва принсипҳои фаъолияти психологи мактабӣ, тарзҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ин самт ва дигар маводи методии зарурӣ гирдоварӣ шудаанд.

Дастур аслан барои донишҷӯёни таҳсилкунанда аз рӯйи ихтисоси педагог-психологи мактабӣ, психологони мактабӣ ва кулли мутахассисону иштиёқмандони соҳаи психология тавсия карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд маводро тариқи тамос гирифтан бо телефони 918-74-15-51 дастрас намоянд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *