Васоити ахбори омма ва синамо таҳвилгари донишҳои ҳуқуқӣ ба шуури наврасон

Боз як китоби нави муҳаққиқ Умед Ҳамидов таҳти унвони «Васоити ахбори омма ва синамо таҳвилгари донишҳои ҳуқуқӣ ба шуури наврасон» бо маблағгузорӣ ва дастгирии гурӯҳи эҷодии «F1[iMDOD]-IT SERVICES» (хизматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ) интишор ёфт.

Дар ҷаҳони муосир ВАО ва синамо чунон доман густурдаанд, ки аз таъсиррашон дур мондани насли тамаддуни имрӯза аниқ дар гумон аст. Ин аст, ки ба ҳайси яке аз омилҳои таъмингари раванди умумии иҷтимоишавии афроди наврас маҳз ВАО ва синамо баромад мекунанд. Аммо ин омили муқтадир ба амалишавии ҷараёни тарбияи ҳуқуқии мактабиёни наврас то чӣ андоза саҳмгузор аст? Оё омили мазкур дар ин самт бештар суд дорад ё зиён? Кадом роҳҳо метавонанд кафили истифодаи дурусту босамар аз имконоти ВАО ва синамо дар ҷодаи таъмини камоли ҳуқуқии наврасон бошанд? Посухи ҳамаи ин ва дигар саволҳои марбутаро хонанда метавонад аз мӯҳтавои ҳамин китоб дарёбад.

Китоб ба кулли алоқамандони кори таълиму тарбия, аниқтараш омӯзгорони макотиби миёнаи таҳсилоти умумӣ, волидайн, мураббиёни мактаб-парваришгоҳҳо, ҳамчунин ба донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ, муҳаққиқони соҳаи педагогика, психология, ҳуқуқшиносӣ, сотсиология, журналистон, кормандони бархе аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва умуман ба доираи васеи хонандагон пешниҳоду тавсия мегардад.

Китоб дорои сифати хубу нархи дастрас буда, фарогири мундариҷаи зайл аст:

Муқаддима
Боби 1. Нақши васоити ахбори омма (ВАО) ва синамо дар болобурди маданияти ҳуқуқии наврасон
Боби 2. Васоити ахбори умум ва синамо – заминагузори аслии донишҳои ҳуқуқӣ
§ 2.1. Телевизион
2.1.1. Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон
2.1.2. Шабакаҳои телевизионии Россия
2.1.3. Ноҷуриҳои умумии телевизион ва чанд тавсияҳо бобати ислоҳу бартарафсозии онҳо 32
§ 2.2. Синамо
§ 2.3. Интернет
§ 2.4. Радио
§ 2.5. Матбуот
Боби 3. Аҳамият ва судмандии васоити тарғиботу ташвиқоти оммавӣ ҷиҳати қабули моҳияти меъёрҳои ҳуқуқӣ аз сӯи афроди наврас
Хулоса
Шарҳи ҳоли муаллиф
Феҳрасти манобеи истифодашуда

Хоҳишмандон метавонанд маводро тариқи тамос гирифтан бо телефони 918-74-15-51 дастрас намоянд.
Шитобед, то дер намонед!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *