Косташавии одобу ахлоқ дар ҷомеа

Густариши ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба пешрафту рушди ҷомеа, бахусус ҷавонон, бидуни шак мусоидат мекунад. Худои таборак, меҳрубон ва таоло бандагони некхислату саховатманд ва шикастанафсу хоксор, некбину боимонашро бисёр дӯст медорад ва дар дунёву охират аҷрашонро медиҳад.

Мутаассифона, имрӯз ахлоқи ҷомеа, бахусус ҷавонон, наврасон ва кӯдакон бисёр коҳиш ёфтааст, маънавиёт рӯ ба таназзул ниҳодааст, ки он оқибатҳои мудҳишу нохуш ба бор хоҳад овард. Дур шудан аз маърифат, фарҳанг ва тафаккури инсонӣ, милливу китобӣ боиси коҳиш ёфтани ахлоқ мегардад. Ҷавононе, ки бадахлоқанду бемаърифат, ояндаи миллату халқиятро ба гирдоби бало меандозанд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар ин маънӣ хеле хуб гуфтааст:

Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ бар ҳама офоқ зад.

Оре, беодобиву бадахлоқии ҷавонони шаҳри Душанбе доғест барои шаҳри мо, на танҳо доғи шаҳр, балки доғест барои ҷомеа. Зеро « … Шаҳре, ки дар он ҳадафи иттиҳоди одамонаш хушахлоқиву кӯмак ба кори ҳамдигар асту бад – ин васила хушбахтии ҳақиқиро ба даст меоранд, шаҳри накӯкор мебошад ва ҷомеае, ки он ҷо одамон хушахлоқанду бо мақсади расидан ба қуллаи саодат ба якдигар ёрӣ медиҳанд, ҷомеаи накӯкор ба шумор меравад» – гуфтааст Абӯ Наср ал-Форобӣ.
Агар шаҳре, ки дар он хушахлоқӣ мақоми хоса дошта бошаду ҷомеае, ки ҳадафи мардумонаш бо ахлоқ ва бо шуури баланди ахлоқӣ расидан ба қуллаи саодат бошад, пас чаро ин гуна шаҳр ва ҷомеаро мо, сокинони Душанбешаҳр сохта наметавонем?

Имрӯзҳо дар тамоми макотиби шаҳри Душанбе нисбати илмомӯзии толибилмон диққати махсус зоҳир мекунанд, албатта, ин иқдом сазовори таҳсину офарин мебошад, аммо мо саргарми азхудкунии илму дониш гашта, нуктаи бисёр ҳассосро қариб фаромӯш намудаем. Барои инсони комил гаштан танҳо илму дониш нақши асосиро ифо намекунад, балки пеш аз ҳама одобу ахлоқ, тарбияи дуруст ва шуури баланди ахлоқӣ нақши асосиро мебозанд ва тарбияи хуби насли оянда метавонад ояндаи халқу миллатамонро гул-гул шукуфон намояд.

Ба суоле, ки гунаҳкори асосии ин ҳама бесарусомониҳо «кист?» ва ё «чист?» мо посухҳои гуногун мешунавем. Яке интернетро гунаҳкор мешуморад, каси дуввум оиларо, каси саввум мактабро.

Аъзоёни оила ба ин суол таҳқиромезу пурхашм «гунаҳкори асосии ин ҳама мактаб мебошад» – гӯён ин масъулиятро бар дӯши устодон мегузоранд. Аммо устодон бошанд, гунаҳкори асосӣ оиларо меҳисобанду масъулиятро бар дӯши волидон вогузор мекунанд. Магар аз масъулиятро бар дӯши якдигар вогузор намудан вазъият тағйир меёбад? Ба фикри ман, на! Гунаҳкори асосӣ ҳам оила, ҳам мактаб ва ҳам ҷомеаи имрӯзаи мост.

Инсон аз лаҳзаи таваллуд то лаҳзаи марг дар маркази як секунҷае ҷойгир аст, ки аз он секунҷа ҳаргиз берун баромада наметавонад. Дар кунҷи аввали секунҷа оила, дар кунҷи дуввум мактаб ва дар кунҷи саввум ҷомеа ҷойгир аст. Мо дар оила тавлид мешавему ба воя мерасем, дар мактаб таълиму тарбия мегирем, дар ҷомеа чун шахсият шинохта мешавем ва чун шахси соҳибмаълумоту комилҳуқуқ кору фаъолият мекунем.

Гунаҳкори дигари косташавии одоби наврасону ҷавонон ин «Интернет» мебошад. Дуруст аст, ки мо аз Интернет маълумоти бароямон лозимаро зуд дарёфт менамоем. Аммо шахсоне пайдо мешаванд, ки онро бар зарари мо коркард намудаанд. Сабаби ба ҷиноятҳои вазнин аз қабили таҷовуз ба номус, терроризм, экстримизм, куштор, дуздӣ ва ғайра даст задани ҷавонон ин видео-роликҳо, филмҳои таҷовузкорона аз саҳифаҳои гуногуни интернетӣ мебошанд, ки ҷавонони моро бераҳм, қотил, дузд ва беэҳтиром нисбати дигарон месозанд.

Хушбахтона, дар Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ин гуна хонандагон вуҷуд надоранд. Зеро дар гимназия устодони соҳибмаълумоту пуртаҷриба дарс мегӯянд ва эшон сараввал ба одоб, баъдан ба дониши хонандагони гимназия диққати махсус зоҳир менамоянд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки агар дар тамоми макотиби ҷумҳуриямон маъмурият аввал ба одоби хонандагон ва баъд ба дониши онҳо аҳамияти бештар диҳанд, ҷомеаи инсонӣ куллан дигаргун хоҳад шуд.

ХОЛИҚОВА Фариза – хонандаи синфи 10 «б»-и Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин