Кулӯхаку Баргак

Буд набуд, як Кулӯхак буд. Вай рӯзе дар таги девор танҳову зор нишаста буд, ки Баргак пир-пир парида омада, ба пешаш афтод. Кулӯхак Баргакро дида, салом доду пурсид:

– Ҳа, Баргак, аз куҷо меоию ба куҷо рафта истодаӣ?

Баргак оҳи бадард кашида гуфт:

-Эй Кулӯхак, пурсида чӣ кор мекунӣ?! Як шамоли сахт хесту маро аз шохи дарахт канда парронда ин ҷо овард.

Кулӯхак ин гапи Баргакро шунида гуфт:

-Ман ҳам дар сари ҳӯ ана он девор будам, шамолу борон шуду аз сари девор канда шуда, ин ҷо афтода мондам.

-Ин хел бошад, биё, ҳардуямон дӯст мешавем, – гуфт Баргак.

Дӯстӣ лаззате дорад, манфиате дорад. Ҳар гаҳ шамоле хест, Кулӯхак ба болои Баргак мебаромаду намегузошт, ки шамоли бераҳм Баргакро парронда бурда, ба даруни лойобае, оташе ё партаве занаду бечора нобуд шавад. Ҳар гаҳ, ки борон борид, Кулӯхаки бечора ба зиҳи девор ё пои дарахте ҷафс мешуду Баргак ба болояш баромада, намегузошт, ки Кулӯхак об шавад.

Баргаку Кулӯхак дӯстони ҷонӣ шуданд ва ҳамеша бо ҳам буданд.

Овозаи дӯстии онҳо ба олам паҳн шуду рӯзе ба гӯши шамолу борон рафта расид.

-Ман инҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунам! –гуфт шамол ғурида.

-Не, ту инҳоро ҷудо карда наметавонӣ. Ман ин корро мекунам! –гуфт борон шаввос зада.

-Гапи беҳуда назан! –гуфт шамол боз ҳам сахтар ғурида. –Як кокуламро ҷунбонам, аз дӯстии ин ҳарду ному нишоне намемонад.

Шамол ҳамин хел гуфту шиддат гирифта, ба Баргаку Кулӯхак ҳуҷум кард. Кулӯхак шамолро дида, зуд рӯи домани Баргак баромаду нагузошт, ки шамол ӯро гирифта барад. Шамол ҳарчанд зӯр зад, Баргакро аз Кулӯхак ҷудо карда натавонист.

-Ана, акнун ҳунари маро бин, -гуфт борон ва сел шуда ба сари Баргаку Кулӯхак рехт.

Баргак боронро дида, зуд болои Кулӯхак баромада гирифт. Борон борид, вале ба Кулӯхак ҳеҷ кор карда натавонист.

Шамолу борон ин воқеаро дида, ба ғазаб омаданду ҳар ду якбора ва якҷоя ҳуҷум карданд. Борон шаввос зада, ба сари Кулӯхак рехту онро туроб карда фиристонд. Баргаки бечора хеле вақт аз дасти шамоли дилсахту борони бераҳму бешафқат дод гуфта, дар ҳаққи дӯсти худ сӯхта, гиряву нола карда гашт.

Омодакунанда: Вализода Муниса, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи стоматология, гурӯҳи 3

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин