Лӯбиё – давои бемориҳои қалбу рагҳои хунгард

Лӯбиё – таркиби муҳими ҳамаи парҳезиҳост, ки фоидаи онро баъд аз истеъмоли доимӣ метавон дар кӯтоҳтарин муддат пай бурд.

Дар тамоми дунё ҳудуди 400 навъи лӯбиё ба қайд гирифта шудааст. Онҳо аз рӯи ҳаҷм ва ранг фарқ мекунанд: сафед, қаҳваранг бо холҳи сиёҳ, сабз, ҷигарӣ, сиёҳ(ин навъҳои лӯбиё бештар дар Амрикои Лотинӣ маъруф аст). Тақрибан дар тамоми навъҳои лӯбиё миқдори зиёди сафедаи растанӣ мавҷуд аст. Тавофут метавонад дар миқдор ва таркиби моддаҳои минераливу арзиши ғизоии онҳо бошад. Лӯбиёи тару тоза – ҳамин ҳоло аз замин чидашуда – сарчашмаи бойи витаминҳои В, С ва Е аст. Ҳамчунин, дар таркиби он миқдори зиёди калий, калтсий ва фосфор мавҷуд аст.  Бархе аз навъҳои лӯбиё ба миқдори зиёд оҳан, селен ва синк доранд.

Сарчашмаи сафедаи растанӣ

       Сафедае, ки дар таркиби ин растанист, бо миқдори зиёди лизин ва аминокислотаҳо таъмин аст. Лӯбиё барои нигаҳ доштани тавозуни кислотаи бадани мо кӯмак мекунад, ин бахусус барои он зарур аст, ки мо бештари вақт гӯшт, моҳӣ, тухм ва донагӣ истеъмол мекунем. Лӯбиё ҳамчунин барои пойин овардани сатҳи туршӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, афроди дорои туршии баланд ва сӯзиши меъда метавонанд парҳези худро дар асоси лӯбиё тартиб диҳанд. Сафедаи растанӣ бошад, ҳамчунин барои пешгирӣ аз остеопороз(сабукшавии устухон) муфид аст.

Лӯбиё аз летситин бой аст

       Летситине, ки ба миқдори зиёд дар таркиби лӯбиё мавҷуд аст, ба мағзи сари мо ва бофтаҳои асаб таъсири мусбат расонида, ҳофиза ва мутамарказшавии таваҷҷӯҳро беҳ мегардонад. Летситин зиёни токсинҳоро кам гардонида, равғани растаниро дар организм ба ҳамаи силусҳо таъмин мекунад ва миқдори холестерини хунро низ кам менамояд. Ба туфайли ин компонент хатари рушди атеросклероз ва бемориҳои қалбу рагҳои хунгард, амсоли гиперензия кам мегардад.

 

Омодакунанда: Раҷабова Насиба, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин