Мақоми оила дар тарбияи фарзандон

Оила як воҳиди ҷамъият буда, асоси онро ташкил мекунад. Ба маънои васеяш он боз хешу ақраборо низ дар бар мегирад. Аҳамияти сихологии оила аз он иборат аст, ки таҷрибаи даврони кӯдакии ҳар як фард, дар муҳити он ташаккул меёбад. Бинобар ин, агар фазои оила аз меҳр ва муҳаббат, фидокорӣ ва гузашт, самимият ва гармӣ ҷудо бошад дар ин ҳолат ин тарзи муносибатҳо ба рашк, душманӣ ва кина, нафрат ва хашм бурда мерасонад. Кӯдакон дар рафти ҳаёт ин гуна муносибатҳоро дар симои волидайн, хоҳарон ва бародарони худ меозмоянд. Аз ин рӯ аъзои оила бо якдигар ниҳоят вобаста доранд. Кадом мушкиле, ки ба сари ин ва ё он аъзои оила наояд, ё ба таври мустақил ё ғайримустақил ба зиндагии тамоми аъзои оила таъсир мерасонад. Бинобар ин барои ҳалли он мушкилот аҳли оила бояд бо ҳам омада роҳҳои ҳалли онро муҳокима кунанд. Роҳи дигари халоси аз вазъияти ба вуҷуд омада, вуҷуд надорад. Ба ақидаи Гиданз Анатонӣ оила дар Ирон аз паҳлуҳою қисматҳои мухталиф иборат мебошад. Аз ҷумла аз издивоҷ, ташкили оила, расму таомулҳои заношуӣ, робитаҳои волидайн ва фарзандон (кӯдакон) ва ғайраҳо. Ё метавонад аз ихтилофоти оилавии талоқ ва ҷудоӣ иборат бошад. Ҳар яке аз ин равандҳо боз паҳлуҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки мушкилоти оила аз инҳо иборатанд. Оила як ҷанбаи мухталиф аст, ки аз рӯи нишондоди Ҳол, Пюттер ва Ҳуд Ролф ва муносибатҳои дохилии он аз унсурҳои зиёд иборат мебошад, ки ҳангоми бо он сару кор доштан ҳамаи инро бояд хонавода ба назари эътибор гирад. Ба он маънӣ, ки аҳли оила ба рафтори ҳамдигар таъсири мутақобилона мерасонад. Ин бошад дар навбати худ боиси коҳиши эътибор ё бе эътибории тарзи муомила мегардад.

Ба ақидаи Гиданз Анатонӣ оила дар як ҷой шах шуда намемонад, балки пеш меравад. Аз ин рӯ, таъриф ва нигоҳе, ки ҳоло нисбат ба оила ба назар мерасад бо нигоҳи ним аср пеш тафовути зиёде дорад ва дар тӯли солҳои оянда низ дучори таҳаввул хоҳад шуд. Бинобар ин, талаби натиҷаи дирӯз ба даст даровардаи оилаҳои имрӯза ба талаби оилаҳои фардо мувофиқат намекунад ва бо пешниҳоди нодуруст, ки вазъияти оила ба назар гирифта нашудааст, оила халалдор мегардад.

Ҳангоми ба нақшагирӣ барномарезӣ ғалат содир мешавад. Аз ин рӯ, оила бояд бо тамоми маълумотномаҳо шинос карда шавад, то ки натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Таъриф ва муносибате, ки ба оила дар як ҷомеа ба назар мерасад, аз дигар ҷомеа фарқи калон ва ҳатто асосӣ доранд. Аз нигоҳи Ҳол, Пюттер ва Ҳуд Ролф навъи издивоҷ, равобити заношӯӣ, шеваи тарбияи фарзанд ва ғайра дар фарҳангӣ шарқӣ бавижа дар фарҳанги эрони исломӣ аз фарҳангҳои ғарбӣ фарқи калон дорад. Чи тавре ки дар дохили як ҷомеаи хурд фарҳангҳои мухталифе вуҷуд доранд, ки дорои шеваҳо ва суннатҳои махсуси худ мебошанд. Аз ин нуқтаи назар баҳс дар бораи оила бидуни таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои фарҳангӣ ягон эътиборе надорад.

Аз ҷумла, дар доираи психология, психологияи оилавӣ, аз натиҷаи психологияи рушд дар навбати аввал ва аз психологияи ёдгирӣ ва психологияи тарбия дар навбати дуввум бисёр истифода мебарад. Инчунин, психологияи оилавӣ ба баъзе илмҳои дигари инсоншиносӣ ба монандӣ: ҷомеашиносӣ, илмӣ иҷтимоӣ ва мардумшиносӣ алоқаи ҷудонашаванда дорад. Ба монанди душвориҳои издивоҷ ва масъалаҳои номзадӣ, ихтилофоти заношӯӣ ва масъалаҳои фарзандон ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Ба ҳисоб гирифтан лозим аст, ки беҳбудии алоқаи оила ва пешбурду беҳдошти муносибатҳои дохилии оилави ҳангоми ҳамкориҳои амалӣ таъмин гардад.

Оила яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим ва асосии иҷтимоӣ буда, барои рафъи ниёзмандиҳои ҳаёти инсонӣ устувории ҷомеа зарур аст. Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаб ва ҷои асосии тарбия аст. Оила дорои қонуни муқаддас буда, он аз пайванди ду ҷинси бо ҳам мухолиф пайвандии занушӯи иборат буда, бо пайдоиш ва тавлиди фарзанд ранг ва ҷилваи хосе пайдо мекунад. Фарзанд ҳамчун узви ҷомеаи инсонӣ мумкин аст дар оянда ҳамчун ҳимоягари Ватан ва ҷомеа ба воя расад.

Оила макони асосии ба фарҳангу тамаддун, одобу сунатҳои миллӣ мусаллаҳ гардондани бачагон мебошад. Оила бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба ӯҳда дорад. Оила ҷоест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад.

Зинаи аввали зиндагӣ ва парвариши кӯдак дар он ҷо оғоз меёбад. Тафл ба асоси зиндагӣ ва хубу бадӣ умр дар он ҷо шинос мешавад. Ҳаёти оилавӣ заминае барои вуруд ба зиндагии иҷтимоӣ аст. Оилаи хуб беҳтарин мактабест, ки дар он мактаб кӯдак лабханд, хушҳолӣ, хушхулқӣ, худдорӣ ва бурдборӣ, вазифашиносӣ ва ахлоқро меомӯзад, инкишоф ва такомул меёбад, роҳ меёбад, ворид мешавад. Ва баракс оилаи номуносиб бадтарин мактабест, ки кӯдак дар он ҷо дарси интиқом, турушрӯӣ, чиноят ва дурӯиро ёд мегирад.

1. Нақши тарбия ва созандагии оила: Кӯдак бо табиати пок ва бенуқсон ба дунё меояд. ӯро оила солеҳ ё фосид мегардонад. Албатта нақши наслро, ки аз аҷдод ба кӯдак интиқол меёбад, ба назар нагирифтан мумкин нест, вале эътиқод дорем, ки тарбият махсусан, дар оила ин сифатҳоро таҳти назар қарор медиҳад. Кӯдак мисли лавҳаи тозаест, ки дар он чизе навишта нашудааст. Оила аст, ки дар он ҷиҳатҳои (сифатҳои) ифтихоромез, ё зиллатро менависад. Оила шахсияти кӯдакро такмил медиҳад ва зиндагии ояндаи ӯро мушаххас ва муайян мекунад, дар вуҷуди кӯдак рӯҳи созандагӣ ё вайронкориро эҷод мекунад ва кӯдак харобкор ё дурусткор ба воя мерасад.

2. Нақши меҳру муҳаббат ва ахлоқ дар оила. Оила нахуст ҷоест, ки дар он тифл тасаввуроти дуруст ё нодуруст пайдо мекунад. Эҳсосоти қавӣ ё заиф ба даст меоварад. Меҳвари пайдокунандаи ва меҳру муҳаббат, унсу улфат ва ягонагии муҳаббат ба фарзанд аст. Муҳаббати содиқонаи мо дар бӯсаҳои пурмеҳри падар, ба оғуш гирифтан ва навозиш кардан, дилсӯзӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдак (фарзанд) зоҳир мегардад. Оила аз тарафи дигар воситаи асосие барои интиқоли одоб ва ахлоқ, расму русум ва суннатҳои саҳеҳ ё ғалат аст. Кӯдак дар оила ахлоқ, эътимод ба нафс, покӣ, эҳтиром ба қонун, ба инсоният ва ё хусумат, бебандуборӣ, кинаварзӣ, интиқом сахтсарӣ ва ғайраҳоро меомӯзад. Бад-ин сон нақши оила дар ин ҷанбаъҳо низ дорои аҳамияти махсус аст.

3. Нақши фарҳангии оила. Кӯдак дар ҷое ба дунё меояд, ки дорои фарҳанги арзёбишуда ё бефарҳанг аст. Тифл аз мушоҳида ва алоқа бо волидайн, бо тамоми соҳаҳои ҳаёти оилавӣ дар чорчубаи муайян шинос ва аз ҳамон рӯзҳо ва моҳҳои аввали ба дунё омаданаш ин фарҳангро ба воситаи волидайн ва пайвандон (хешовандон) аз худ менамояд. Ва бар ин асос зеҳн ва афкори ӯ ташаккул меёбад. Яъне ба як қолаби муайян медарояд. Ва роҳи зиндагии иҷтимоиашро пайдо мекунад. Пас соҳиби чи гуна фарҳанг шудани кӯдак ба завқ ва назари волидайн ва худи кӯдак вобастааст. Рушди кофии кӯдак ҳам бо ҳамин вобаста аст. Дар боби доир ба касб ҳам маълумоти умуми пайдо кардан низ ба оила вобаста аст. Тифл дар оила бештар онро меомӯзад, ки ба он бештар завқ дорад. Забон ва муколама, роҳ рафтан ва одоби зиндагиро кӯдак дар оила аз волидайн ёд мегирад. Аз тарафи дигар он чи тифл дар оила меомӯзад аз китоб фаҳмида наметавонад. Кӯдак дар оила амалан дарси меҳру муҳаббат, самимият ва ҳамкориро ёд мегирад. Шараф, иззату нафс ва садоқати софро меомӯзад. Аллаи модар дар нимашаб ба он қуввае соҳиб аст, ки онро ягон чиз иваз карда наметавонад. Волидайн ба кӯдак бовиҷдонӣ, покдилӣ ва порсоиро ёд медиҳад. Тифл ин масъалаҳоро ба ғайр аз оила дар дигар ҷойҳо беҳтар ва бештар фаро гирифта наметавонад.

4. Нақши иҷтимоии оила. Оила нахустин сарчашмаи хубӣ ва бадии ҷомеа аст. Аз он ҷиҳат, ки асоси фикри кӯдак дар оила гузошта мешавад ва волидайн касоне ҳастанд, ки ӯро барои ҷомеа хуб ё бад тайёр менамояд. Оиларо метавон нахустин муассисае ҳисоб кард, ки фардро ба зиндагии иҷтимоӣ тайёр мекунад, тахайюлоти иҷтимоӣ, эътиқод, сиёсӣ, иҷтимоӣ, идеалҳо ва ғайраҳоро инкишоф медиҳад. Аз тарафи дигар, оила манбаи ҳар гуна хайр ва баракат, неъмату саодати ҷомеа аст. Тифл дар оила одоби муайяни зиндагӣ ва иҷтимоиро меомӯзад, дарси фидокорӣ, муҳаббат, садоқат ба халқи худ ҳамкориро ёд мегирад ва онро дар симои худ мепарварад. Бо сабаби он ки оила як ҷузъи ҷамъият аст дорои сифатҳои мухталиф ва бо худ хос мебошад. Дар ҷомеаҳои гуногун ин сифатҳо ва вазифаҳо ба далелҳои фарҳангӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто сиёсию ҷуғрофӣ вобаста аст. Вале маҷмӯи ин сифатҳо дар тамоми ҷомеаи башарӣ аз инҳо иборатанд:

1. Ба вуҷуд овардан ва ба камол расондани инсони солим, ба воситаи таълим ва тарбияи хуб.

2. Барпо намудани ҷомеаи солим ва ба ин восита тарбияи фарзандон ба унвони инсонҳои солим ва коршоям.

3. Ҳамкорӣ дар соҳаи фароҳам овардан ва рушди иқтисодии оила ба воситаи ҳамфикрии байни аъзоҳои оила.

4. Иҷрои баъзе аз ниёзҳои асосии кӯдак, мисли ниёз ба таъмини амнияти рӯҳӣ, равонӣ ва саломатии фарзандон.

5. Ҳамкорӣ ва ҳамфикрии падару модар дар тарбия ва таълими фарзандони худ

6. Ҳамфикрӣ ва хамкорӣ дар соҳаи беҳдошти аъзоёни оила.

7. Таъмин намудани амнияти рӯҳии аъзоёни оила

8. Таълим ва тарбияти фарзандон.

Бояд эътироф намоем, ки оила дар тарбияи кӯдакон дар боби тайёр намудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятии онҳо нақши муҳим мебозад. Барои ҳамин ҳам ҳаёти оилавӣ бояд муқаддимаи ҳаёти иҷтимоӣ бошад ва тифл аз онҷо барои ҳаёти ҷамъиятӣ пухта ба камол рассад. Оила бояд аз як тараф маркази тандурустӣ, беҳдошти ҷисмонӣ ва ақлӣ ва аз тарафи дигар маркази тарбияи ҷисм, рушди психологӣ ва аз тарафи саввум маркази омода кардани фард ба ҳаёти иҷтимоӣ бошад. Хулоса, оила аввалин ва муҳимтарин ҷои тарбияи аниқ эҳё ва гул-гул шукуфии истеъдодҳост. Ҳар гуна дигаргунӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бояд аз он ҷо оғоз ёбад ва ҳар як иқдоми нек бояд пеш аз ҳама дар оила сурат гирад.

Абдулбоқӣ Нуров, Иброҳими Ҳоҷиларӣ – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин