Маффинҳо бо порчаҳои шоколад

Маҳсулоти лозима:
200 гр шоколад, 3 дона тухм, 100 гр маска ё ин ки маргарин, 100 гр шакар, 2 қошуқи чойи моддаи ковоккунак (ба истило разрыхлитель).

Тарзи тайёр кардан:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Шоколадро майда мекунем. Маска ё маргарини мулоим шударо (аз яхдон пештар баровардан лозим) бо шакар омехта мекунем, баъдан тухм ва порчаҳои шоколадро ҳамроҳ мекунем. Моддаи ковоккунакро низ ҳамроз мекунем ва хамир мешурем. Ба қолабчаҳо тақсим мекунем хамирро ва ба тафдон мегузорем дар ҳарорати 180 дараҷа.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *