10 далели аҷоиб дар бораи кайҳон

1. Тамоми сайёраҳои системаи офтобӣ дар дохили сайёраи Юпитер ғунҷида метавонанд.

2. Қутри азамати сурх – ситораи Бетелгейзе аз орбитаи ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб зиёдтар аст.

3. Давомнокии гирифтани пурраи Офтоб аз 7,5 дақиқа зиёд нест, гирифтани пурраи моҳтоб бошад, 104 дақиқаро ташкил мекунад.

4. Масофа то ситораи наздиктарин (баъд аз Офтоб) ба мо, ки «Проксимаи Сентравр» ном дорад 4,24 соли рӯшноиро ташкил медиҳад (яъне, нур аз он ба мо дар 4,24 мерасад).

5. Агар сайёраи Зуҳал (Сатурн)-ро ба об монед, он дар сатҳи об шино хоҳад кард. Зичии миёнаи моддаи Зуҳал Сатурн аз зичии об 2 маротиба камтар аст. Агар шумо истакони муносибе, ки қутраш на кам аз 60 ҳазор км аст, ёбед, инро худ метавонед санҷед.

6. Ҳамаи мо – одамон, хонаҳо, дарёҳо ва кӯҳҳо пайваста бо суръати 530 км дар 1 сония дар фазо харакат мекунем. Дар дохили галактикаи худ мо бо суръати 225 км\сония ҳаракат мекунем, худи Галактика дар фазо бо суръати 305 км\сония метозад. Ҳамин тариқ, ҳоло ки шумо ин ҷумларо мехонед, Замин шуморо ба масофаи 3 ҳазор километр бурд.

7. Рӯшноии Офтоб, ки шумо мебинед, 30 ҳазор сол умр дорад. Энергияе, ки мо аз Офтоб мегирем, дар ядрои он 30 000 сол пеш тавлид шудааст – маҳз ҳамин қадар вақт даркор аст, ки фотонҳо- заррачаҳои рӯшноӣ аз маркази Офтоб ба сатҳи он берун бароянд. Баъд аз ин онҳо ба Замин ҳамагӣ дар 8 дақиқа мерасанд. Ҳарорати ядрои Офтоб зиёда аз 13 миллион дараҷа буда, тамоми энергияи тавлидшавандаи он бояд аз қабатҳои сершумор ба сатҳ дар намуди рӯшноии дигар нурафканиҳо барояд.

8. Яке аз намудортарин маҷмӯъот дар фазо Дубби Акбар аст. Дар ҳақиқати ҳол он на галаситора, балки «Астеризм» мебошад. Бо ин калима ҷамъи ситораҳои ба назар намудорро меноманд, ки аз ҳамдигар дар масофаи хеле дур дар қисматҳои гуногуни роҳи каҳкашон ҷойгир шудаанд. Мо чунин шаклҳоро танҳо ба шарафи ҷойгиршавии махсуси Замин нисбати астеризм дида метавонем. Дубби Акбар-ин қисми дигар галаситора- Ursa Major (Дубби Бузург) мебошад.

9. Барои он, ки худкор (шариковая ручка) дар ҳолати бевазнии кайҳон бинависад, амрикоиҳо миллионҳо доллар маблағ сарф намуданд. Аммо русҳо қалами оддиро дар кайҳон истифода мебурданд, дар баробари ин ба сохтори он ягон тағйирот ворид насохтанд.

10. Аз соли 1980 ширкати “Сафоратхонаи моҳ” билкулл қитъаҳои заминро дар моҳ мефурӯшад. То имрӯз аллакай 7 % сатҳи Моҳ фурӯхта шудааст. Нархи 0,40 га (40 сотих) замин дар Моҳ 150 доллар аст. Харидор сертификати ҳуқуқ ба моликият ва сурати қитъаро, ки радифи маснӯи амрикоӣ аккосӣ намудааст, ба даст меорад.

  1. Бахтовар:

    Олиҷаноб. Хоҳиш менамоям ҳамин тавр давом диҳед.

  2. Бехтарин, аммо агар бо аксхояш шарх медодед боз хам шавковартару чолибтар дар вакти хондан водор мешуд…

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *