Гузаштан ба низоми таҳсилоти фарогир ин дарки масъулияти баланд аст

Бо баробари пешрафту тараққиёти имрўза тадриҷан ҷорӣ намудан ва пурра гузаштан ба низоми таҳсилоти фарогир ин, як иқдоми беҳтарин ва саривақтист. Дар давлатҳои рушдкардаи ҷаҳони имрўза, аллакай тайи солҳост, ки дар мактабҳо аз рўи чунин система сарукор рафта истодааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, барои гузаштан ба ин системи нав муддати 9 сол мешавад, ки дар мактабҳои гуногуни минтақаҳои ин кишвар бо иқдому дастгирии ташкилотҳои хусусии аз тарафи падару модарон ташкилшуда дар ҳамкорӣ бо созмонҳои гуногуни хориҷӣ кор рафта истодааст.

Солҳои охир ба ташвиқу татбиқи низоми таҳсилоти фарогир дар саросари кишвар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахсус Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дода мешавад. Дар ин замина қабули Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (иклюзивӣ) барои кўдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 саривақтӣ буда, барои риоя ва рушди арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ-башардӯстӣ ва баробарӣ нақши муҳим дорад. Татбиқи бобарори мазмуни ин Консепсия ба бачагони талаботи махсусдошта (БТМ) имкон медиҳад, ки бо таълиму тарбияи босифат фаро гирифта шуда, худро узви баробарҳуқуқи ҷомеа эҳсос кунанд. Татбиқи он, натанҳо аз падару модарон, балки аз кулли роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омўзгорон, аҳли ҷомеа ва давлат масъулияти зиёд ва таваҷҷўҳи хосаро тақозо мекунад.

Барои ҷалби БТМ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ пиёда сохтани якқатор чорабиниҳои махсус бобати таъмини тайёрии мактабҳо, муаллимон ва аҳли толибилмон ба қабули ин гуна бачаҳо зарур аст. Табиист, ки аз ҳама кори муҳим дар ин ҷода таъмини сатҳи лозимии омодагии муаллимонест, ки дар мактабу синфҳои инклюзивӣ бо БТМ кор хоҳанд кард.

Бояд зикр кард, ки то солҳои наздик ба забони тоҷикӣ ягон маводи таълимӣ барои бозомӯзии муаллимон атрофи масъалаи таҳсилоти фарогир таҳия нашуда буд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат мунташир шудани дастурҳои таълимии “Таҳсилоти фарогир” (муаллиф: Байзоев А. ва диг.), “Асосҳои таҳсилоти фарогир” (муаллиф: Маҷидова Б. ва диг.) аз ҷониби мутахассисони соҳа: кормандони Пажўҳишгоҳи рушди маорифи АТТ, Донишгоҳи давлатии омўзгории Точикистон ба номи С.Айнӣ ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятиро кори муфиду саривақтӣ мешуморем.

Ин дастурҳо масоили гуногуни назариявӣ ва роҳҳои татбиқи амалии таҳсилоти фарогирро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд. Мураттибон саъй кардаанд, ки зимни таҳияи онҳо хусусиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла хонаводаҳои тоҷикро дар робита ба ин масъала ба назар гирифта, роҳу усулҳои имконпазири татбиқи низоми таҳсилоти фарогирро пешниҳод намоянд. Дар онҳо дар баробари масъалаҳои умумии аҳамияти ҷалби БТМ ба таҳсилоти умумӣ ва ба ин васила мусоидат ба раванди иҷтимоишавии онҳо, заминаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии ҳифзи ҳуқуқҳои бачагони дорои маъюбият, инчунин масъалаҳои омода кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фазои онҳо, муаллимон, ҷараёни таълим, падару модарон, аҳли ҷомеа ва худи мактаббачагон ба қабули ин гуна кўдакон возеҳу равшан шарҳ дода шудаанд.

Дар айни замон баъзе маводҳои методӣ дар шакли наворҳои видеоӣ дар дискҳо доир ба баррасии ин масъала ба китобҳои фарогирандаи ҳамин қазия илова шудаанд, ки аҳамияти онҳоро дучанд мегардонанд.

Маводи фаровони гирдовардашуда ба масъулони донишкадаҳои марказӣ ва минтақавии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф имкон медиҳад, ки барномаҳои таълими курси махсуси таҳсилоти фарогирро таҳия ва дар амал татбиқ намоянд.

Дар баробари бартариҳояшон, ба андешаи мо, дастурҳои мавриди назар баъзе камбудиҳо низ доранд, ки ислоҳи бетаъхири онҳо пеш аз ба табъ расонидан ҷиҳати баланд шудани сифаташон мусоидат хоҳад кард. Чунончӣ, дар аввали дастурҳо шарҳи муҳимтарин мафҳуму истилоҳот оварда шудааст, ки ин кор, албатта шоистаи дастгирист. Аммо бояд ёдовар шуд, ки ҳоло аз ҷониби мутахассисони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Фарҳанги таҳсилоти фарогир омода шуда истодааст. Хеле хуб мебуд, агар мураттибон истилоҳоти ин соҳаро, ки дар дастурҳо истифода шудаанд, як бор бо шарҳу тавсиф ва тарҷумаи онҳо дар Фарҳанг муқоиса намоянд. Ин кор, ба андешаи мо, аз ду ҷиҳат муҳим аст: аз як тараф, он имкон медиҳад, ки баъзе саҳву хатоҳои имконпазир дар истифодаи шаклҳои тоҷикии истилоҳот бартараф гарданд ва аз ҷониби дигар, ба мураттибони Фарҳанг низ дар таҷдиди назар ба баъзе истилоҳот мусоидат хоҳад кард, зеро дастур бо иштироки бевоситаи мутахассисон, аз ҷумла равонпизишкон таҳия шудааст.

Ғайр аз ин, дар баъзе мавридҳо, аз ҷумла, зимни баёни роҳҳои омода кардани муаллимон ва мактабу синфҳо барои ҷалби БТМ ба таҳсилоти умумӣ баъзе фикру мулоҳизаҳо такрор шудаанд.

Лозим ба гуфтанист, ки ин андешаҳо ҳамагӣ фақат бобати мусоидат намудан дар самти беҳтар гардонидани сифати дастурҳо буда, ҳаргиз аҳамияти амалии онҳоро коҳиш намедиҳанд. Дар маҷмӯъ мураттибон, бешак кори хайру муфидеро ба анҷом расонидаанд, ки баъд аз интишорашон истифодаи ин дастурҳо дар доираи фаъолияти донишкадаҳои марказӣ ва минтақавии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷиҳати пиёда сохтани татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти фарогир дар миқёси ҷумҳурӣ саҳми арзанда хоҳад дошт.

Яқин аст, ки барои сифатан хуб амалӣ намудани низоми таҳсилоти фарогир дар ҳудуди мамлакат бояд бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иддае аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади гузаронидани корҳои пажўҳишӣ синфхонаҳои алоҳида ва ё мактабҳои таҷрибавии махсусгардонидашуда бар асоси фармони махсус ҷудо карда шаванд ва барои бурдани фаъолияти таҳқиқотӣ дар ин мактабҳо пеш аз ҳама мутахасисони соҳибихтисосу варзида, ки бо кўдакони имконияташон маҳдуд солиёни зиёд сарукор гирифтаанд, ҷалб карда шаванд. Зимнан, гуфта мешавад барои гузаштан ба низоми таҳсилоти фарогир зарур аст, ки сараввал мутахассисонро барои кор дар ин самт ҷиддан омода кард. Ҳамчунин таҳия кардани маводҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ ҷиҳати мусаллаҳ гардонидани масъулин амрест ногузир. Иловатан, барои омўзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, ки аллакай тайи солҳост низоми таҳсилотии мазкурро рўи даст доранд, теъдоди муайяни кадрҳои худии донандаи забонҳои хориҷиро мебояд ба ин давлатҳо равон кард, то ки онҳо пас аз бозгашт бо кўлвори дониши андўхтаи хеш ба дигар ҳампешагон тариқи роҳандозии семинарҳои омўзишӣ сабақ омўзанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир ҷумҳурии мо барои ба якборагӣ гузаштан ба низоми таҳсилоти фарогир омодадагии комилро надорад. Созмонҳои махсус, ки дар ҳамкорӣ бо волидайн давоми 9 сол мешавад бо ин низом кор мебаранд, то имрўз ягон дастур ва ё маводи амалии ёрирасон бо забони тоҷикӣ рўи чоп наовардаанд, ки дигар мутахассисон тавониста бошанд зимни кор дар ин ҷода аз он истифода намоянд. Феълан дар мамлакат аз тарафи Хазинаи Кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ барномаи махсус барои таъмини огаҳии мутахассисин аз нозукиҳои кор дар ин самт ва ба ин васила татбиқи омодагии касбии онҳо пиёда гардонида шуда истодааст, аммо боиси таассуф аст, ки ашхоси соҳибтаҷриба бинобар баъзе ғаразҳои масъулин аз доираи он дар канор монда, ҷойи онҳоро нафарони тасодуфӣ, ки дар ин самт умуман кор накардаанд ва ё аз доштани таҷрибаи кофӣ бенасибанд, ишғол намудаанд.

Дар асри муосир, ки асри илм ва технологияи ҷадид, қарни рушди илмҳои ҷомеашиносиву равоншиносӣ ба шумор меравад, инсоният аз ҳама бештар кўшиш ба харҷ медиҳад, то ки фикру ақоди доштаи худро нисбат ба зиндагӣ тағйир дода, ҳарчӣ зиёдтар ба он созгор намояд. Мусаллам аст, ки яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёт ин, риштаи таълиму тарбия аст ва масъалаи аз ҳама асосии ҳалталаби ин соҳа чун солҳои қаблӣ, ошкору муайян сохтани роҳҳои судманди баланд бардоштани самарабахшии ҷараёни таълим мебошад. Вобаста ба ин, албатта зарур аст, ки худи методика ва усулҳои таълим ба сатҳи қобилияту иқтидори зеҳнии ҳар як кўдак, ё гурўҳи кўдакон, ки аз рўи категорияҳои муайян монандӣ доранд, мутобиқ гардонида шаванд.

Аз ин ҷост, ки яке аз аҳдофи низоми таҳсилоти фарогир низ, маҳз риоя ва иҷрои ҳамин талаботи зикршуда аст. Ин чӣ маъно дорад ва таҳти ин мазмун чиро бояд фаҳмид? Бояд гуфт, ки худи ибораи таҳсилоти фарогир барои тавсифи раванди таълими шогирдони ниёзманд на дар муассисаҳои ҷудогонаи махсус, балки дар макотиби муқаррарии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор бурда мешавад. Воқеан, тибқи манобеи илмӣ таҷрибаи ҷаҳонии ҷорӣ намудани ин намуди таълим, ҳанўз солҳои 70-уми садаи ХХ оғоз гардида, шурўъ аз солҳои 90-ум дар ИМА ва Аврупо сиёсати ҷорӣ намудани таълим бо гузаронидани ислоҳоти мактаб ва азнавсозии синфхонаҳо татбиқ гардид, то ин ки аз ин ба баъд раванди таҳсил ба талаботи кулли шогирдон посухгў бошаду ба ин васила зимни талаботи ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ҳифзи ҳуқуқҳои аҳли башар риоя гардад.

Муқаррарот оид ба таълими фарогир (инклюзивӣ) ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон 13 декабри соли 2006 дохил карда шуд ва он то имрўз аз сўи беш аз100 кишвари дунё расман шинохтаву эътироф гардидааст [2, с.4].

Калимаи инклюзив аз калимаи лотинӣ – include ба маънои «фаро гирифтан» гирифта шуда, дар забони фаронсавӣ ин вожа маънои «дар бар гирифтан»-ро дорад. Таълими фарогир (инклюзивӣ) аз ин ҷо маншаъ гирифта принсипҳои худро дорад:

– ин гуна навъи таълим имкон медиҳад, ки ба таъбиз (дискриминатсия) нисбати кўдакон роҳ дода нашавад, (агар он ба принсипҳои дуруст асосёфта бошад), шогирдони ниёзманд дастгирӣ ёбанд ва ба онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки аъзои баробарҳуқуқи ҷамъият бошанд;

– муаллимон ва падару модарон таълими инфиродии кўдакро якҷоя ба роҳ мемонанд;

– методология тарзе таҳия мешавад, ки ба таълими кўдакони қобилияташон гуногун мадад расонида тавонад;

– кўдакон дар ҳамаи чорабиниҳои синфӣ ва мактабӣ иштирок мекунанд.

Барномаҳои инкишофи кўдакону наврасон низ, аз рўи усули инклюзия баргузор мегарданд ва кўдакон ба кўдакистон дар синну соли гуногун омода мешаванд ва ҳамаи кўдакони имконияти маҳдуддошта (с особенными потребностями) бояд ҳуқуқи дар кўдакистон тарбия ёфтанро дошта бошанд. Ҳамчунин дар доираи ин барнома кўдакон метавонанд дар мактаб ё кўдакистони наздики хонаашон бо таҳсил фаро гирифта шаванд.

Таълими инклюзивӣ (фарогир) ба роҳ надодани ҳар гуна таъбиз (дискриминатсия) нисбати кўдакон, зоҳир намудани муносибати якхела ба ҳама, дар баробари ин барои таъмини рушди ҳаматарафаи кўдакони ба таълими махсус ниёздошта шароити лозима фароҳам меорад [1, с.14]. Дар ин гуна мактабҳо ба кўдакон дар бораи ҳуқуқи инсон маълумот медиҳанд, шогирдон бо якдигар муошират карда, ҳамдигарро аз наздик мефаҳманд.

Ин навъи низоми таълим, натанҳо дар таълимгоҳҳои миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст, балки мактабҳои касбию олиро низ бо мазмуни худ фаро мегирад [1, с.14]. Он, натанҳо зарурати такмилу бой гардонидани захираи моддӣ-техникаи муассисаҳои таълимӣ, балки ташкили курсҳои омўзишии махсусро барои омўзгорон ва ҳамаи шогирдон дар назар дорад.

Ҷорӣ намудани усулхои таълими фарогири кўдакони ба таълими махсус ниёздошта, мисоли кўдакони маъюб, кўдакони дараҷаи инкишофи фикриашон гуногун ва қобилиятнок, кўдакони дигар гурўҳҳои фарҳангӣ ва этникӣ дар дохили ягон ҷамъияти муайян, ки ақалият ҳастанд, аҳамияти зиёдро дорост. Маъмулан ин гуна кўдакон то андозае дар дунёи аз дур коллективи асосӣ карор доранд. Ҷалб намудани онҳо ба ҷамъият, таъмин намудани комилҳукуқи онҳо дар ҷомеа вазифаи таълими фарогир (инклюзивӣ) мебошад. Ин навъи таълим ҳамаи бачагонро ба ҳаёти табиии коллективона ҷалб намуда, маҳдудиятҳои байни муоширати кўдаконро аз байн мебарад. Инчунин туфайли он камбудиҳои ташаккули шахсият дар оянда аз байн мераванд ва ё лоақал то ҳадди имконпазир кам карда мешаванд. Маълум аст, ки ҳар қадар ин усулҳо бомуваффақият ҷорӣ карда шавад, ба ҳамон андоза аз он ҷамъият ва давлат бурд хоҳанд кард, ки ин хеле муфид хонда мешавад.

Барои он марказу муассисаҳои таълимие, ки принсипу таҷрибаҳоро бо истифодаи фаъоли усулҳои таълими фарогир ҷорӣ менамоянд, модули нави гуногунвазифа аз гурўҳи модулҳои илмӣ-техникӣ пешбинӣ шудаанд. Асоси ин модулро риояи талаботи бехатарӣ, гуногуншаклии асбобу воситаҳо, осону дастрас будани мазмуни машғулиятҳо барои кўдакони синну соли мухталиф ташкил медиҳанд.

Чунин модулҳо аслан имкон медиҳанд, ки дар раванди таълим маҷмўи зиёди ҳолатҳои бозӣ ба нақша гирифта шуда, такмили минбаъдаи онҳо таъмин карда шавад.

Истифодаи навигариҳои технологӣ аз гурўҳи модулҳои илмӣ-техникӣ дар ҷараёни таълим ба муаллим имкон медиҳад, ки бо шавқу ҳаваси зиёд кўдакони инкишофёбандаро ба раванди таълим ҷалб гардонад ва ба дарс бештар шакли бозиро ато намояд. Бо чунин тарз сурат гирифтани раванди таълим ба кўдакон, натанҳо имконияти ҳосил кардани донишу маҳорат ва сайқалёбии қобилияти муошират намуданро медихад, балки барояшон фазои ҳаловат бурданро ҳам фароҳам меорад. Илова бар ин, бо бакорбарии васоити техникӣ ва барномахои компютерӣ рафти тайёрии муаллим ба гузаронидани дарс осонтар шуда, раванди назорати натиҷаҳои таълим хуб ҷараён мегирад ва принсипи муносибати инфиродӣ намудан бо ҳар кадом дастпарвар низ, амалӣ хоҳад гашт. Барномаи компютерӣ, инчунин имкон медиҳад, ки маводи электронии лозима барои истифода дар рафти таълим тахия карда шавад.

Ба доираи модулҳое, ки ба мачмўи масъалаҳои иноватсионӣ дохил шуда онҳоро кормандони бахши таҳсилоти фарогир барои татбиқи принсипҳои таълими фарогир ба Шумо пешкаш мекунанд, инҳо шомил мебошанд: маркази итерактивии инкишоф, маркази валеология, маркази инкишофи психофизиологӣ ва маркази коррексиянамоӣ.

Ҳар яке аз ин марказҳо барои ҳалли доираи масъалаҳои худ муваззаф буда, ҳамагӣ дар маҷмўъ бо фаъолияти пурмаҳсули хеш имкон медиҳанд, ки таълими кўдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ба дараҷаи сифатан нав ривоҷ ёфта бошад.

Мебояд ёдрас шуд, ин намуди таълим дар ҳудуди кишвари мо таҷрибаи нисбатан нав буда, кунун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ батозагӣ роҳ ёфта истодааст.

Таҳсилоти фарогир худ ибораест, ки барои тавсифи раванди таълими кўдакони ниёзманд дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ё муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба кор меравад. Асоси таълими фарогир ин, идеалогияест, ки он ҳар гуна ҳолати табъизро нисбати кўдакони талаботи махсусдошта пешгирӣ менамояд. Мувофиқи ин идеология дар таълимгоҳҳо ба ҳамаи кўдакон бояд муносибати ягонаю баробар ҷорӣ карда шавад, инчунин барои толибилмони ба таълими махсус ниёздошта шароити лозима фароҳам оварда шавад. Талаботи муносибати махсуси инфиродӣ намудан ин, натанхо ба афроди маъюбу қобилияташон суст, балки ба кўдакони дорои истеъдоди фавқулодда (вундеркинд)-ро дар назар дорад.

Тибқи маълумоти омории баъзе аз созмонҳои хориҷӣ ва ҳам мушоҳидаҳои коршиносон солҳои охир шумораи кўдакони дорои истеъдоди фавқулодда торафт зиёд шуда истодааст. Аз ин рў, пешорў суоле қарор мегирад, ки ин гуна кўдакон ба кадом навъи мактабҳо бояд раванд?

Масъалаи ташкили мактабҳо бар пояи талаботи низоми таҳсилоти фарогир амалкунанда дар Русия кайҳо боз арзи вуҷуд дошта, ба худ аҳамияти зиёдро касб кардааст. Аслан падидоии ақидаи ҷорисозии низоми таълими фарогирро натиҷаи пешрафти ғояи инсондўстӣ (гуманизим) гуфтан мумкин аст, ки он ба арҷгузорӣ нисбати шахсияти инсон асос ёфтааст.

Таълими фарогир, пеш аз ҳама, барои ҳақ доштан ба зиндагии арзанда ва даст ёфтан ба арзишҳои ҷаҳони имрўза талош мекунад. Ҳамаи ин ҳуқуқу имконот бояд ба кулли одамон, новобаста аз сатҳи инкишофи ҷисмониву психологӣ ва тавони молиявиашон дода шаванд. Чунончӣ маълум аст, инсон ба ҷузъ аз табиати биологӣ доштанаш, инчунин мавҷуди иҷтимоист, бинобар ин ҳолати маънавии ҷомеа ва солимии он бевосита ба он вобаста аст, ки ҳар як узви ҷамъият то кадом андоза худро дар байни одамон осудаю бароҳат эҳсос мекунад. Дар ин замина чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки низоми таҳсилоти фарогир танҳо дар он ҷамъияте муваффақона ҷорӣ карда хоҳад шуд, ки агар он аз нигоҳи маънавӣ солим бошад. Вале ба ҳар ҳол таълим ва ҷомеа бо ҳам алоқамандӣ доранд, чунки роҳандозии низоми таҳсолоти фарогир солимии маънавии ҷомеаро метавонад то андозае беҳбудӣ бахшад.

Имрўзҳо дар давлатҳои рушдкарда ва ҳам рўбатараққӣ масъалаи ҷорӣ намудани низоми таълими фарогир хеле ҷиддӣ ба миён гузошта шудааст. Ин қазияи мубрам барои ҷомеаи башарӣ зарурати ислоҳоти сохтори низоми таълиму тарбияи амалкунандаро мувофиқи қоидаҳои таълими фарогир ба миён овардааст. Вале, оё Русия аз уҳдаи он мебаромада бошад? Ҷорӣ намудани ин навъи таълим дар шароити системаи мавҷудаи таҳсилот то кадом андоза воқеият дорад? Ба ин гуна саволҳо ҷавоби аниқ додан душвор аст. Чаро ки Русия ба мисли дигар кишварҳои собиқ ИҶШС дар марҳилаи гузаронидани таҳаввулоту ислоҳоти низоми маорифи хеш қарор дорад. Бинобар ин, дар масъалаи ҷорӣ намудани ин гуна лоиҳаҳои глобалӣ, ки системаи маорифро пурра тағйир медиҳанд, бояд эҳтиёткорона рафтор кард. Татбиқи ин ислоҳот бояд дар радифи таҳаввулоти соҳаи маориф сурат гирифта, тавонад дар ояндаи наздик ҷомеаи аз нигоҳи маънавӣ солимро бо принсипҳои дурусти ахлоқӣ бунёд намояд.

Аз ҷониби дигар таълими фарогир бевосита бо дарку фаҳмиши ҳаёти маъюбон дар ҷомеа иртибот дорад. Як қисми афрод, ҳатто пайхас намекунанд, ки дар ҷомеа баробари онҳо маъюбон ё нафарони инкишофашон суст низ ба сар мебаранд. Таълими фарогир ба баробарҳуқуқии ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла кўдаконе, ки мехоҳанд соҳиби маълумот гарданд, мусоидат менамояд. Дар системаи ҳозираи таълим ҳарчанд ба кўдакон инсондўстӣ ва мушфиқу ғамхор буданро дар ҳақи маъюбону ашхоси ниёзманд тарбия намоянд ҳам, вале он наҳамеша натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меорад, балки аксаран бесамар хоҳад монд. Зеро ҷои пўшида нест, ки кўдакон дар ҳаёти рўзмара ва берун аз муҳити таълиму тарбия бештари асно шоҳиди саҳнаҳои бепарвоӣ, бераҳмию сангдилии рўирост ва ҳатто муносибати дағалона бо маъюбон ва афроди ниёзманд мегарданд. Аз ин ҷост, ки ин қазия бояд ҳаматарафа мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор ёбад.

Мувофиқи методикаи таълимии худ низоми таҳсилоти фарогир ҳама гуна табъизи кўдаконро пешгирӣ мекунад ва ба ҳамаи онҳо, ҳатто ба кўдакони гирифтори бемориҳои муайяни асабу психикӣ имкон медиҳад, ки бидуни мамоният дар мактабҳо таҳсил карда, ба дастовардҳо ноил шаванд.

Рисолати асосии низоми таълими фарогир – ин, фароҳам овардани муҳити озоду орӣ аз маҳдудиятҳо барои таъмини омодагии касбии нафароне мебошад, ки дорои имконоти маҳдуданд. Бо ин ҳадаф зарур аст, ки синфхонаҳо бо васоити лозимии техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, курсҳои махсуси омўзишиву иттилоърасонӣ, натанҳо барои муҳасилин, балки барои муаллимони дар оянда хоҳу нохоҳ корбаранда бо чунин бачаҳо ташкилу ба роҳ монда шаванд.

Басо табиист, ки чун ҳар падидаи нав раванди тадриҷан ҷоринамоии низоми таҳсилоти фарогир низ, дар мароҳили нахусти татбиқёбиаш бо баъзе мушкилоту проблемаҳои ҳалталаб дучор меояд, ки баҳри саривақт бартараф намудани онҳо бояд қарорҳои дахлдор дар сатҳи мақомоти болоӣ қабул карда шаванд. Масалан, яке аз проблемаҳои асосии ин ҷараён метавонад миқдори нокифояи муаллимоне бошад, ки омодаанд бо доштани донишу маҳорати зарурӣ бо кўдакони имконияташон маҳдуд, ё баръакс, бо кўдакони болаёқат ба таври инфиродӣ кор кунанд.

Илова бар ин, роҳандозии муваффақонаи низоми таълими фарогир истифодаи васеву моҳиронаи дастовардҳои навини технологияи муосири компютериро, ки ба амалинамоии таълими фосилавӣ имкон медиҳад, аз ҳар омўзгор тақозо менамояд. Ин чунин маъно дорад, ки кўдак метавонад дар хона нишаста, ҳамзамон туфайли корбарии технологияи компютерӣ ва шабакаи ҷаҳонии интернет дар раванди таълим иштирок намояд, яъне вай дарси муаллимро дидаю шунида метавонад. Аммо ин ҳама танҳо дар он сурате имконпазир мегардад, ки агар дар ин самт маблағҳои зиёд харҷ карда шаванд, зеро чунин тадбирандешӣ имкон медиҳад, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо компютеру дигар воситаҳои техникӣ ва барномаҳои дахлдори компютерӣ таҷҳизонида шаванд.

Гузашта аз ин, масъалаи ҷорӣ намудани технологияи интерактивии таълим низ, яке аз тадбироти ҳалталаби оҷилӣ дар ин самт маҳсуб ёфта, бо амалишавиаш имкон медиҳад, ки раванди таълим ҳарчӣ бештар ба принсипи мақсаднокии худ наздиктар шавад. Масалан, бо ёрии истифодаи дастгоҳҳои технологии рақамӣ модели лаҳзаҳои гуногуни дарсро боназардошти хусусиятҳои инкишофи ин ё он кўдак тартиб додан ва дар мавриди зарурӣ ба барномаи таълимӣ тағйирот ворид кардан мумкин аст. Аммо мактабҳо то ҳанўз бо ин воситаҳо пурра муҷаҳҳаз нестанд ва ин ҳолат, бешак роҳи расидан ба ин комёбиҳоро то андозае мураккаб боқӣ мегузорад.

Норасоии дигари мавҷуда ин, хеле кам будани таҷҳизоту воситаҳои техникӣ дар муассисаҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим, аз ҷумла дар таълимгоҳҳои шакли идориашон гуногун, ки тавонанд ҷойивазкунии (ҳаракати) озодонаи кўдакони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдудро дар сатҳи лозима кафолат бахшанд, ба ҳисоб меравад. Дар навбати аввал бояд дар ҳамаи мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ пандусҳо (роҳ барои аробаҳои шахсони имконияти маҳдуддошта) бунёд карда шаванд.

Ҳамчунин, яке аз проблемаҳои ҷиддӣ бинобар ҳамоно омода набудан ба дарки моҳияти аслии низоми таҳсилоти фарогир муносибати манфии беасосу нодуруст доштани аҳли ҷомеа нисбат ба кўшиши татбиқнамоии он дар миқёси олам, бахусус дар қаламрави ҶТ мебошад. Биноан зарур аст, ки дар ин самт бо ҷалби ҳарчӣ бештари воситаҳои ахбори омма, муаллимон ва аҳли ҷамоатчигӣ корҳои тарғибу ташвиқотӣ миёни аҳолӣ анҷом дода шаванд.

Хушбахтона тибқи мушоҳидаҳо ва сўҳбатҳои ихтисоӣ тайи солҳои охир вазъият дар ин самт тадриҷан беҳтар шуда, сифати нисбатан хуби хизматрасонӣ ва ҳамзамон ҳолатҳои зиёдтар фаро гирифтани кўдакони маъюб ба таълим ба чашм мерасанд. Ғайр аз ин, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо корхонаҳои лоиҳакашию меъморӣ тарҳи бунёду азнавсозии як силсила муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳо бодарназардошти ҷалби БТМ ба таълим шурўъ гардидааст. Инчунин ба ҳокимияти қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки масъалаи такмили қонунҳоро дар робита ба риояи ҳатмии ҳуқуқҳои кўдакони имконияташон маҳдуд бо баҳисобгирии талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқуии дар ин самт қабул гардидаи байналмилалӣ баррасӣ намояд.

Қабули стандартҳои нави таълим бояд имкон диҳад, ки кўдакон ба гирифтани маълумот “бе ягон мушкилу монеа” ҳуқуқ пайдо намоянд. “Нишондиҳандаҳои таълими фарогир” – ин, интихоби маводи амалӣ барои амалу фароҳамоварии чунин шарту шароите мебошад, ки имкон медиҳад ҳамаи иштирокдорони ҷараёни таълим ба ҳаёти мактаб ҷалб шаванд, ба ибораи дигар, ин амалест, ки барои фароҳам овардан ва инкишоф додани муҳити таълими фарогир барои ҳамаи хонандагони мактаб равона шудааст.

Маводи дастурҳои дар номбурда ба мактабҳо барои мустақилона ба вуҷуд овардани муҳити таълими фарогир ёрии калон мерасонанд. Ин маводҳо дар асоси он донишу таҷрибае, ки иштирокдорони раванди таълим ҳосил кардаанд, омода карда шудаанд. Ин маводҳо ба пешрафти соҳаи афзалиятноки ҷомеаи мо – мактабу маориф, новобаста аз сатҳи амалӣ шудани таълими фарогир, мусоидат менамоянд.

Мақсади ин маводҳо ба маълумоти муаллимону аҳли ҷомеа расонидани ғояҳои асосӣ ва пешниҳоди методҳои ҷалби пурраи маъюбон ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии онҳо бо роҳҳои зерин мебошад:

–                     дигар кардани фаҳмиш ва муносибати манфии аҳли ҷомеа нисбат ба кўдакони маъюб;

–                     зиёд кардани самаранокии кори ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон;

–                     расонидани ёрӣ ба маъюбон ва оилаҳои онҳо дар масъалаи донишандўзӣ ва сайқалдиҳии малакаҳое, ки барои таъмини иштироки баробари онҳо бо дигарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастрасӣ пайдо кардан ба гирифтани таълими фарогир ва кор зарур мебошанд;

–                     таълими мутахассисон, хизматчиёни давлатӣ, волидон, хонандагон, корфармоён ва дигар аъзоёни аҳли ҷомеа вобаста ба дарки аҳволи маъюбон бо мақсади мусоидат ба рафъи монеаҳои ҷисмониву психологие, ки нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд бо онҳо дучор меоянд.

 

Адабиёт:

  1. Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ). / Зери таҳ.: Байзоев А. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 224 с.
  2. Асосҳои таҳсилоти фарогир. / Зери таҳ.: Софий Н., Каримова И. – Душанбе, 2013. – 250 с.
  3. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кўдакони имконияташон маҳдуд дарҶумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015. – 16 с.
  4. Инклюзивное образование: политика, содержание и сравнительные перспективы. /Под ред. Ф.Армстронга, Д.Армстронга, Л.Бартона. – Лондон, 2000. – 78 с.

Мансур СУЛТОНОВ, Умед ҲАМИДОВ – Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *