Нақши хонавода дар ҷилавгирӣ аз ҷинояткории афроди наврас

Умед ҲАМИДОВ – ходими илмии
Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони
Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
ш. Душанбе, хиёбони С.Айнӣ, 45
E-mail: Umed_tajik@mail.ru

Чунончӣ, аз дидгоҳи илми криминология, ки яке аз соҳаҳои мустақили илми ҳуқуқшиносӣ мебошад, маълум аст, ҳама он ҷиноятҳои одатан содиршаванда аз сўи афроди ҷавон, аксаран дар айёми туфулияти онҳо, яъне тарбияи хонаводагиашон заминагузорӣ шуда, нишонаҳои аввалини худро дар шакли рафторҳои зиддииҷтимоӣ дар овони наврасии ин қабил афрод зоҳир мекунанд. Яъне бо ин гуфтан мумкин аст, ки агар рафторҳои хилофи манофеи ҷамъиятии наврасон ва ё майдаавбошиву қонуншиканиҳои начандон назарраси онҳо дар доираи муҳтавои қонунгузориҳои танзимкунандаи масъулияти субъектони тарбия сари вақт пешгирӣ карда нашаванд, он метавонад, на танҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи ҳукумати мамлакат халал ворид кунад, балки ба ҳаёти ояндаи ин қабил наврасон низ, бадбахтиву пушайвонӣ ва дарди аламу ҳасратро насиб гардонад.

Дар ҳамин робита оила, ё ба истилоҳи имрўзиаш хонавода дар самти мазкур ҷоёгоҳи хосаро соҳиб буда, он метавонад дар доираи имконоти густурдаи худ ва ҳам пос доштани арзишҳои суннатии хеш ҷињати пешгирии саривақтӣ аз ҷинояткории тоифаи номбурдаи афрод нақши ҳалкунанда дошта бошад. Ин аст, ки дар банди 4, мод. 1-и Кодекси оилаи ҶТ аз 13 ноябри соли 1998 омадааст: «Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои … афзалияти тарбияи кўдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некўаҳволӣ ва рушду камоли онҳо … сурат мегирад».

Ҳамчунин мутаносибан дар банди 3, мод. 32 ва банди 1, мод. 63-и боз ҳам ҳамин кодекс омадааст: «Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кўмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некўаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд».

«Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рўҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомўзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанўз 2 августи соли 2011 бо назардошти торафт афзудани теъдоди волидони ба тариқи дахлдор иҷронакунандаи ўҳдадориҳои худ вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд дар саросари кишвар бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамрайъии мардуми шарифи тоҷик Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид ва инак тўли беш аз панҷ сол аст, ки мавриди амал қарор дорад. Зимнан, дар банди 2, мод. 5-и қонуни мазкур дар хусуси рисолати шоҳсутунҳои ҳар кадом хонавода, яъне падару модар чунин зикр ёфтааст: «Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад».

Бо такя ба ин нуқоти банди қонунҳо ва ҳам таҷрибаву фарҳанги чандин ҳазорсолаи оиладории ҷомеаи башарӣ, махсусан ҷомеаи миллии мо метавон гуфт, ки воқеан нақши оила дар таъмини рушди шоистаи шахсияти фарзандон ва камоли маънавию ҳамаҷонибаи онҳо басо бузург буда, ҳатто дар оянда низ ивазнашаванда боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин, дар роҳи ҷиноят ва ё берун аз он қадам ниҳодани наврасон аксаран маҳз аз шароити тарбияи онҳо дар оила вобастагӣ дошта, басо рамзист, ки оиларо дар ин самт парчамбардори аслӣ медонанд. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки аснои боздошти ноболиғон бо ҷурми даст доштанашон ба содири дараҷоти мухталифи ҷиноят, аз сўи мақомоти дахлдор муқаддам аз ҳама аз тариқи мавриди санҷишу таҳлили амиқ қарор додани авзои тарбияи хонаводагии онҳо кўшиши муайян сохтани сабабу ваҷҳҳои даст олудаи қонуншиканӣ гардонидани наврасон карда мешавад.

Аммо бо вуҷуди ин, дар ҳоле ки донишҳои педагогиву психологӣ, ҳуқуқиву ахлоқӣ ва дигар паҳлўҳои шуури ҷамъиятӣ имрўзҳо тавассути адабиёти илмиву оммавӣ, васоити ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои сершумори телевизиониву радиоӣ, матбуоти даврӣ, хоса сомонаҳои интернетӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ анқариб дастраси ҳар пиру барно мебошанд, ҳамоно ёфт мешаванд падару модарони ҷавону камтаҷриба ва камбизоат аз лиҳози дороии дурру гуҳари ақлонӣ, ки дар ҷодаи таъмини тарбияи саҳеҳи фарзандонашон бо сўистифода аз ҳуқуқи падару модарии худ ба иштибоҳоти ҷиддиву аксаран ислоҳнопазир роҳ медиҳанд.

Барои мисол, раво дидани як худи ҷазои ҷисмонӣ бо иловаи таҳқирҳои равонӣ ҳангоми роҳандозии тарбияи фарзандон, махсусан дар овони хурдсолиашон дар рўҳи ҳанўз кўчаки онҳо рахна ворид карда, бад ин васила дар ниҳоди эшон дамдуздиву карахтӣ, беҷуръативу худнобоварӣ, сустиродагиву зудталқинёбандагӣ ва аз ҳама хатарнокаш тарсўиву майли дурўғ гуфтанро падид меоварад, ки ин бешубҳа роҳ мекушояд барои дар оянда нисбатан ба осонӣ ҷалб гардидани наврасон ба гурўҳҳои табиати зиддииҷтимоидоштаи ҳамсолони хеш. Чунончи таъкид намудем, тарбияи ба бераҳмиву дағалӣ ва сўистифода аз ҳуқуқи падару модарӣ асосёфта бинобар эҳсоси дардро дар кўдакон бедор карданаш ҳатман онҳоро бо мақсади ба амал овардани дифоъ аз ҷисми хеш ба дурўғ гуфтан, яъне пинҳон доштани хатои кардаи худ тела медиҳад, ки ин оқибат боиси ба одат табдил ёфтани чунин амал дар эшон мегардад. Мавриди дурўғ гуфтанро пеша кардани кўдакон, яъне моҳирона пинҳон карда тавонистани гуноҳи худ хоҳу нохоҳ онҳоро ба иҷрои амали дуздӣ мебарад ва ин аст яке аз сабабҳои соддаи ғайриинтизор тела кардани наврасон ба ҳаёти ҷиноӣ аз сўи худи волидон.

Маҳз бо назардошти ҳолатҳои риқатовари ба ин монанд ва ҳам паёмадҳои дигари ногувори тарбияи нодурусти оилавии фарзандон, бинобар эътирофи ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷониби ҳукумати мамлакат, мисоли Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак ва ғайра дар банди 2, мод. 65-и Кодекси оилаи ҶТ гуфта шудааст: «Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатиии ҷисмонию рўҳии кўдак ва такомули маънавии ў зарар расонад. Усулҳои тарбияи кўдакон бояд муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кўдак ё сўистифода ва истисмори кўдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд».

Гузашта аз ин, аллакай давоми беш аз сад сол аст, ки донишмандони масоили таълиму тарбияи ғарб ва ҳам собиқ Иттиҳоди шўравӣ, мисоли А.С.Макаренко ва дигарон бар он назаранд, ки қисми бештари тарбия ба кас то синни 5-6 солагиаш дода мешаваду баъди гузашти ин айём ҳамагӣ таъсири камтар аз даҳ фисади ин раванд барояш боқӣ хоҳад монд.

Аз ин рў, ба ҳар кадом падару модар, ки ба онҳо тибқи муқаррароти банди 1, мод. 63-и Кодекси оилаи ҶТ дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок дода шудааст, зарур аст, ки бо ба кор бурдани дастовардҳои замони муосири улуми педагогиву психологӣ дар самти роҳандозии тарбияи фарзандони хеш бас оқилонаву сабурона амал намоянд. Бояд гуфт, ки яке аз роҳҳои муваффақонаи кори сермасъули тарбия ин, таъмини дарки шууронаи сабабу оқибати аъмол мувофиқ ба синну соли кўдакон буда, ин имконият медиҳад, ки на танҳо фарзандон аз содири амалу рафторҳои манфӣ шуурона даст кашанд, балки вобаста ба лаҳзаҳои мухталифи ҳаётӣ донишҳои заруриро низ соҳиб гарданд.

Зимнан, мо хуб медонем, ки раванди муносиботи оиладорӣ барои ҳар марду зан аслан се рисолатро ба ҷо меорад:

1) ҳаловатбарӣ (аз роҳи дуруст қонеъ намудани талаботи ҷинсии худ);

2) наслофарӣ (соҳиб шудан ба теъдоди муайяни фарзандон);

3) коммуникатсия (қарор гирифтан дар муошират бо аҳли хонавода).

Маҳз ана ҳамин рисолати ниҳоии муносиботи хонаводагӣ ҳаст, ки ба волидайн ҷиҳати таъмини дарки шууронаи сабабу оқибати амалҳо барои фарзандонашон имкони васеъ фароҳам меорад. Бар замми ин, танҳо туфайли қарор гирифтан дар муошират бо фарзандон падару модар метавонанд бо истифода аз нерўи сеҳрангези сухан, ки воситаи асосии тарбия ҳам ҳамин аст, ба насли худ намуди дилхоҳи тарбия, аз ҷумла: ахлоқӣ, ҷисмонӣ, зеҳнӣ, меҳнатӣ ва эстетикиро дода бошанд. Фақат дар сурати ана ҳамин панҷ намуди асосии тарбияро ба гунаи комил соҳиб гардидани фарзандон, ки ин албатта бидуни ширкати фаъоли мактабу ҷомеа имконнопазир хоҳад буд, мо бо боварии том метавонем гўем, ки рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъмин шудаву ҷинояту ҷиноятпешагӣ барояшон бегона аст.

 

Манобеи истифодашуда:

  1. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *