Омодагии касбии омӯзгор

Ҷойи шубҳа нест, ки бурду бохти масоили марбут ба таълиму тарбияи талабагон ба омӯзгори муваффақ бастагии ниҳоят қавӣ дорад. Барои боз ҳам хубтар иҷро гаштани касби омӯзгорӣ аз ҷониби муаллим ва мураббӣ қаблан бояд шахсан худи ӯ омодагии касбӣ дошта бошад. Ӯ бояд дар раванди фаъолияти доимии худ бо як қатор барномаҳое, ки раёсат онро муҷаҳҳаз месозад ошно гашта тамрин дода шавад. Албатта мудири муассисаи таълимӣ ин барномаҳоро барои такмили маҳорати омӯзгорӣ бо мутахассисони соҳа омода менамояд. [1]

Барои омӯзгори асил ва мутахассис гаштани шахс бояд барномаҳои таълимӣ ва тарбиявиро, ки аз се пояи асосӣ иборат аст аз худ намояд:

  1. 1. Омодагии умумии илмӣ  (Тарбияи умумӣ)

Муваффақияти омӯзгор дар ҳаёти умумии худ ва фаъолияти омӯзгориаш то як андоза ба ин нуктаҳо бастагии зич дорад: васеъ будани доираи маълумоти умуии ӯ дар ҳар боб, аз мушкилоти ҷомеа, миллат ва олами бузурге, ки ӯро иҳота дорад огоҳ будан.

Бояд ӯ дараҷаи маърифатӣ, фалсафа ва ҳадафҳои  ҷомеаеро, ки дар он ҳаёт ба сар мебарад бо тамоми паҳлӯҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ омӯзад. Илова бар ин аз маълумоти асосии асри худ, махсусан фарҳангу тамаддуни он бохабар бошад. Бо тамоми ин имкониятҳо ӯ метавонад, ки шогирдонашро аз фалсафаи ҳаёт, мубориза алайҳи мушкилоти он кӯмак намояд, то барои онҳо бо ин восита тавофуқи психологӣ ва иҷтимоиро фароҳам оварад. Талабагон низ дар навбати худ бо ин роҳ барои тараққиёти ҷомеа метавонанд саҳмгузор бошанд. Аз ин сабаб бояд маърифатнокӣ ва маълумоти умумӣ дар ҳар боб бояд ҷузъи асосии барномаҳои тайёрии касбии омӯзгор бошад. [2]

Омодагии илмии тахассусӣ (Тарбияи тахассусӣ)

Ин омодагӣ ба навъи тахассусе вобаста аст, ки онро муаллим бо дарназардошти қудрат ва имкониятҳои илмии худ интихоб карда аст. Қабл аз он ки омӯзгор по ба майдони фаъолият гузорад бояд вобаста ба маводе, ки онро таълим медиҳад огоҳии комил дошта бошад, то барои таълими он фан салоҳият пайдо кунад ва бо методҳои нав ба нав онро ба талабагон таълим диҳад. Шоистагии илмии омӯзгор дар ҳар фан ба андозаи огоҳии ӯ аз он фан вобаста аст. Махсусан фанҳое, ки бо забони арабӣ аст ӯ бояд ба андозаи лозимӣ аз ин забон огоҳ бошад.[3]

Омодагии касбии тахассусӣ (Тарбияи касбӣ)

Барои омӯзгори муваффақ гаштан танҳо иттилои васеъ доштан, маълумоти умумӣ касб кардан ва дар доираи тахассуси худ маҳорат пайдо кардан кифоя намекунад, балки илова бар ин омӯзгор бояд аз донишҳои тарбиявӣ, психологӣ ва таҷрибаҳои амалии таълим огоҳ бошад. Маҳз бо ин восита ӯ барои ба вуҷуд овардани донишҳо, мафҳумҳои илмӣ, маҳоратҳо ва самтҳои тарбиявӣ ва тахассусии лозим дар фаъолияти омӯзгорӣ роҳ меёбад ва аз усули касби омӯзгорӣ, асосҳои таърихӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ ва психологии ин касб бохабар мегардад. Дар маҷмӯъ ӯ бояд аз донишҳои педагогӣ огоҳ бошад, то барои роҳнамоии талабагон, идораи синф ва қудрат доштан барои истифодаи воситаҳои диданӣ ва шуниданӣ роҳ ёбад, яъне ниҳоятан барои ба вуҷуд овардани фалсафаи тарбиявии фаъол қудрат дошта бошад. Зеро чи тавре донишмандон мегӯянд: “Ҳеҷ касбе ба андозаи касби омӯзгорӣ барои инкишоф ёфтан аҳамиятнок нест, чунки касби мазкур аз шахс талошҳои пай дар пайи махсусро талаб мекунад”. [4]

Қобили зикр аст, ки пеш аз дохил кардани омӯзгор ба муассисаҳои таълимӣ бояд интихоби дуруст сурат гирад. Омӯзгорон санҷида шаванд ва ин санҷиш бояд дар асоси сифатҳои беҳтарини омӯзгори муваффақ сурат гирад. То ин ки ба касби омӯзгорӣ шахси ноаҳл ва ноӯҳдабаро хонда нашавад.

Таҳқиқотҳои илмии соҳа тақрибан мавҷудияти бисту панҷ сифатро барои як омӯзгор ҳатмӣ нишон дода аст, ки он сифот ба таври зерин мебошад:

  1. Қудрати иҷрои ин касбро дошта бошад
  2. Шахсияти ҷаззоб дошта бошад
  3. Соҳиби майли васеъ бошад (Майл ба ҷомеа, касби интихоб кардааш ва майл ба шогирдон)
  4. Нисбати касби худ диққати ҷиддӣ зоҳир намояд
  5. Соҳиби завқи баланд, адаб ва ҳикмат бошад
  6. Бо ҳама кас ҳамкорӣ намояд
  7. Устуворӣ дар иҷроӣ касби ихтиёр кардааш
  8. Барои бедор кардани эҳсоси хоболуди талабагон қудрат дошта бошад
  9. Худамал бошад (Яъне набояд касе ӯро барои иҷрои масъулияташ маҷбур кунад)

10.  Шуҷоъ,ҷиддӣ, соҳиби ирода ва ҳадафи возеҳ бошад

11.  Дурандеш ва бедордил

12.  Тандуруст

13.  Амонатнигоҳдор

14.  Дӯстдори касби омӯзгорӣ

15.  Сифати мураббӣ будан дар ӯ дида шавад

16.  Асалвор бошад, то талабагонро дар атрофаш ҷамъ созад

17.  Покизагиро дӯст дорад ва худ низ ҳамеша тозаву озода бошад

18.  Уфуқи ақлии васеъ дошта бошад

19.  Нобиға

20.  Пешрав дар ҷиҳати амал

21.  Соатҳои дарсӣ ва дигар соатҳоеро, ки барои амал муаян шуда аст риоя намояд

22.  Аз нигоҳи ахлоқӣ ҳамеша дар ҳолати пешравӣ қарор дошта бошад

23.  Барои ба даст овардани маълумоти ҷадид доим талош намояд

24.  Дар ҳама ҳолат худро идора карда тавонад

25.  Аз зиёдаравӣ ва саҳлангорӣ парҳез намояд

Дар асоси ончи зикр гашт метавон гуфт, ки вазифаи асосии муаллим аз тарбия иборат аст, яъне муаллим пеш аз ҳама тарбиятгар аст ва таълим ҷузъе аз касби тарбиявӣ дониста мешавад.

Тамоми ислоҳотеро, ки мо дар амали таълимӣ ҷустуҷӯ дорем ва ҳамеша дар орзӯи ба даст омадани он ҳастем ин аст, ки муаллим саропо мураббӣ бошад. То барои ба даст овардани камолот ва расидан ба он барои сохтани талабагони тавонои равшанфикри диндор ва хушахлоқ  кӯшиш намояд. Маҳз барои тарбияи инсоне кӯшиш намояд, ки ватандӯстдор аст ва барои ватани худ ҷоннисор буда доим барои пешрафти он кӯшиш менамояд.

Қуръони азимушшаън низ дар ояҳои зиёд вобаста ба нақши бузурги омӯзгорон бо нақл аз ҳаёти паёмбарон ва пайравони онҳо ишораҳои зиёде намуда аст. Муҳимтарин вазифаи Паёмбар (с) дар Қуръон ин масъулияти таълим ва тазкия-тарбия мебошад.

Шоёни зикр аст, ки барои иҷро кардани масъулияти омӯзгорӣ бояд соҳиби шахсияти исломии ба худ хос буда аз сифатҳои рӯҳӣ, имонӣ ва ахлоқӣ баҳраманд бошад. Набояд фаромӯш кард, ки “Кӣ як карда аз сад гуфтор беҳ” гуфтаанд, яъне таъсири тарбияи амалӣ даҳчанди таъсири тарбияи қавлӣ аст.[5]


[1] Ҳамон манбаъ бо нақл аз Абдуссалом Абдуллоҳи Ҷуқандӣ. Омӯзиши нақши мудири муассисаи таълимӣ ҳамчун роҳбари мутахассиси марҳилаи ибтидоӣ дар Тароблус. Рисолаи нашрношудаи магестратурӣ дар Тароблус, донишгоҳи Фотеҳ, факултаи Тарбия, 1982м. Саф: 90 то 96

[2] Ҳамон манбаъ бо нақл аз китоби “Тардрис ва саломатии равонии талаба”. Таълифи Умар Башири Тувайбӣ. Саф: 313

[3] Ҳамон манбаъ. 1/136

[4] Ҳамон манбаъ. Нақл аз Муҳаммад Салим Собир. Омода кардани муаллими фанҳо. С 1982, саф: 8

[5] Ҳамон манбаъ. 1/139 то 141

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *