Сарвати доно илму дониш аст

Гар надорад симу зар доно манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш ӯ шаҳи баҳру бар аст.

Мардумони тавонманд дар миёни ҷашну базм нестанд, онҳо ҳар дам ба армони бузургтаре меандешанд ва барои расидан ба он дар ҳоли пайкоранд.

Касе, ки ҳарф мезанад, мекорад ва он, ки гӯш медиҳад дарав мекунад.

Барои шахси покдоман ҳама чиз ба гунае баробар дар ростои гумон пеш меравад. Ҳама чиз ба гунае яксон аз аҳамият бархурдор ва ҷолиб аст.

Агар одамӣ ҳеҷ чашмдоште надошта бошад, агар натвонад ҳеҷ чизро пешбинӣ ё тасаввур кунад, агар ба таври вижа ояндае вуҷуд надошта бошад, на ҷойи навмедӣ вуҷуд хоҳад дошт, на эҳтимоли рух додани рӯйдоде.

Дар ҳастӣ ҳамаи чиз дорои чаҳорчӯбу сохтор аст.

Ба тавоноии худ бовар доштан нисфе аз комёбист.

Беҳтарин роҳ барои исботи сафои зеҳнии мо нишон додани хатоҳои он аст. Наҳри обе, ки нопокиҳои бистари худро намоиш медиҳад, ба мо мефаҳмонад, ки оби поку соф аст.

Танҳо оромишгоҳи ҳамсарон хонаи онҳост.

Эрод, хиёнат, бадгумонӣ ва майл ба тамасхур ҳамагӣ нишоне аз саломат аст ва ҳар амри беқайду шарте нишоне аз беморист.

Ҳила ва хиёнат бештар аз ашхоси нотавон сар мезанад.

Мардумеро дӯст доред, ки шуморо панд медиҳанд, на касонеро, ки шуморо ситоиш мекунанд.

Агар дониши мо ин ҳама ба бетараф будани худ менозад, аз он рӯст, ки ҷуз кунҷковии носолими нотавонон чизи дигаре надорад.

Ҳар ки хиёнат варзад, дасташ дар ҳисоб биларзад.

Аз даврони кудакӣ падар ва омӯзгори мадраса барои мо такрор мекунанд, ки хиёнат нафратангезтарин чизест, ки метавон тасаввур кард. Аммо хиёнат кардан чист? Хиёнат аз саф хориҷ шудан ва ба сӯи номаълум рафтан аст.

Метавон ҳақиқатеро дӯст надошт, аммо наметавон мункири он шуд.

Гузашта сармояест, ки андӯхтаем. Метавон онро ба таассуф ва андӯҳ сарф кард ва ё барои муваффақияти оянда ба кор бурд.

Гом бардор, роҳҳои нав дар орзӯи расидани қадамҳои мо ҳастанд.

Ту вақте сарватманд ҳасти, ки чизе дошта бошӣ, ки он бо пул харида нашавад.

Инсон вақте дар хона нишастааст, хоҳони ҳодисае дар зиндагӣ ва ҳангоме, ки дучори ҳодисае мешавад, толиби зиндагии ором дар хона аст.

Ду навъ зан вуҷуд дорад: бо яке сарватманд мешавӣ, бо дигаре фақир.

Метавонед инсонеро ба касби дониш раҳнамун кунед, аммо наметавонед ӯро водор ба андешидан намоед.

Робитаи ман бо пул чунин аст, ки ман ҳаргиз аҳамияте ба он намедиҳам.

Баргардонидани тасвирҳои овехта бар девор масири таърихро дигаргун намекунад.

Ман ҳаргиз иҷозат нахоҳам дод, ки пул монеи коре шавад, ки ман анҷом додани онро мехоҳам.

Интернет ҳамчун дарёест, саршор аз доштаҳои омӯзанда, ки ҳар рӯз бар дороии он афзуда мешавад.

Он кас, ки молики нафси хеш нест, озод нахоҳад буд.

Ирода яке аз омилҳои умдаи имон аст.

Даруни мо набояд майдони ҷангу ситез бошад. Ором бошем ва ба ҷойи таҳқири сарнавишти худ хештанро дӯст дошта бошем ва тақдирро аз ёд набарем.

Идеяҳо сармояе ҳастанд вақте ба дасти афроди боистеъдоду нобиға меафтанд, самарабахш мешаванд.

Худоё ҳунар чӣ қадар баланду умр чӣ андоза кӯтоҳ аст.

Кош медонистам чӣ касе маро ғайбат мекунад, чӣ касе маро душман медорад ва чӣ касе маро бад мегӯяд, то ӯро симу зар фиристодаме, ки чун кори ман мекунад, аз дороии ман низ харҷ кунад.

Инсон маҳали иштибоҳу фаромӯшкорист.

Тафаккур сарчашмаи бунёдии сарват, муваффақият, пешрафтҳои моддӣ, кашфиёту ихтироъҳои бузург ва ҳамаи комёбиҳо ба шумор меравад.

Дар зиндагӣ сарвати ҳақиқӣ меҳрубонист ва бенавоии ҳақиқӣ худхоҳӣ.

Оз мояи нигаронӣ ва ташвиши хотир аст.

Рози ҷавонии ман дар ин аст, ки ҳар рӯзе чизи тозае ёд мегирам.

Хирадмандонро ба содагӣ метавон аз миён бардошт, аммо ҳеҷ селобе тавони нестии андешаҳои онҳоро надорад.

Танҳо навои омӯзгороне дар синаи шогирдон ҷовидона мемонад, ки навои меҳрубонӣ сар медиҳад.

Одамӣ шогирдест, ки дарду андӯҳ ӯро таълим медиҳад ва ҳеҷ кас бидуни эҳсоси ин муаллим қодир ба шиносоии худ нест.

Ҳаёт хобесту муҳаббат руъёи он.

Замонро бар корҳои худ тақсим кунед, то коре бар замин намонад.

Зебои дар меҳрубонист.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *