Васф не, балки ҳақиқати ҳол

(Ба муносибати 65-умин баҳори умри доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҷидова Б.А.)

Маҷидова Бибиҳафиза Абдусамиевна – зан-модар, олима, устод, роҳбар, муҳаққиқ, ҳидоятгару тарбиятгар, дар маҷмӯъ шахси комил буданд, ҳастанд ва мемонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки уламову удабо, агарчӣ ба мардон доштани чиҳил ҳунарро кам медонанд, ба занҳо бошад, доштани фақат як ҳунарро кофӣ мехонанд, ки он ҳам бошад, ба дунё овардани фарзанди солим ва бо фазлу солеҳ ба камол расонидани он. Чунончӣ, дар баёни рисолати аслии ҷинси латиф, ҳанӯз ёздаҳ қарн муқаддам достонсарои шӯҳратёри адабиёти тоҷику форс Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ басо зебо фармуда:

Занонро бас аст ҳамин як ҳунар,
Ки шинанду зоянд шерони нар.

Вале новобаста аз ин, муаллима Маҷидова Б. тавониста, ки на танҳо дар иҷрои ҳамин як рисолат, балки бо азми дурусту сайъи ҳамешагӣ дар дигар ҷодаҳои аз ин ҳам мураккабтар муваффақ шуда бошанд. Маҳз самари ҳамин дастоварду комёбиҳо аст, ки албатта бо ранҷу заҳмати фаровон ва шабзиндадориҳои тӯлонӣ ба даст омадаанд, имрӯз муаллима ба қадршиносии хоса нисбаташон аз сӯи аҳли зиёи кишвар, ба вижа олимон сазовор гаштаанд. Ва чунин ҳолат, бешак далели вокеъёбии мазмуни ҳамон ояте аст, ки гуфта мешавад: Худованд ҳатман подоши ҳар амали некеро, ки мекунед, бароятон бозмегардонад.

Бале, Бибиҳафиза Маҷидова тӯли умри бобаракати хеш, ки то кунун ҳамагӣ 65 соли он сипарӣ шудааст, соири корҳои наҷиберо анҷом додаанд, ки барои як тан зани тоҷик шоёни аҳсангӯиҳо аст. Чунончӣ, алаккай ишора гардид, муаллима дар самти иҷрои рисолати модарӣ, ду фарзанд: Акмалҷон ва Камолахонро хеле накӯ бо истифода аз донишҳои педагогии худ ба воя расонидаанд, ки яке аз дигаре оқилтару солеҳтар мебошанд. Имрӯз фарзандони Бибиҳафиза Маҷидова соҳиб ба маълумоти олӣ буда, ҳар кадом бо доштани оилаи мустақили хеш дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият менамоянд. Махз ба шарофати ҳамин фарзандони худ кунун муаллима соҳиби чаҳор набера буда, ҳамчун модаркалони нурониву рӯзгордида ва олимаи мумтози соҳаи педагогика дар тарбияи онҳо низ саҳмдорӣ мекунанд.

Муаллима Маҷидова Б. бо олима буданашон, ки соли 1982 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Тарбияи меҳнатии кӯдакон дар оила» ҳимоя кардаву соли 2004 рисолаи докториро дар мавзӯи «Нақши одату анъанаҳои миллӣ дар ташаккулёбии сифатҳои ахлоқии кӯдакон дар оила» дифоъ кардаанд ва ҳатто аз ин ҳам пештар, на танхо тарбияи ҷигарбандонро роҳандозӣ карда, балки тӯли беш аз 40 сол аст, ки ба ҳазорҳо ҳазор донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷи омӯзгорӣ ва донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дарс гуфтаву ҳоло ҳам таълим медиҳанд. Албатта ҳама он донишҷӯёну шогирдони муаллима, ки бевосита аз эшон дарси «наҷот» омӯхта буданд, феълан бо ёду вирди забон овардани исми устоди серталабу дар як вақт меҳрубони худ дар дохил ва ҳатто берун аз ҳудуди мамлакат дар мақому мартабаҳои гуногуни давлативу ғайридавлатӣ адои вазифа менамоянд. Магар аз ин ҳам волотар хушбахтӣ буда метавонад? Ин дар ҳолест, ки аксар донишмандони гузаштаву имрӯз пешаи омӯзгориро муқаддастарин ва ҳамрадифи рисолати пайёмбарӣ донистаанд.

Дар ҷодаи иҷрои вазифаи роҳбарӣ аз ҷониби муаллима ҳаминро гуфтан лозим аст, ки ба Бибиҳафиза Абдусамиевна пас аз дарёфти унвони номзади илм ва пасон дотсенти кафедра имкон фароҳам омад, ки бо шарофати соҳибистиклолии кишвар мақоми мудири кафедраи таҳсилоти томактабии ДДОТ ба номи Садриддин Айниро ишғол намуда бошанд, ки айни замон низ ба ҳайси иҷрокунандаи ҳамин вазифа фаъолият доранд. Мавсуф бо доштани қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва ба хуби воқиф будан аз усулҳои кори роҳбарӣ дар вазифаи мазкур давоми солҳои зиёд фаъолият намуда, тайи ин муддат бо ҷалби теъдоди ҳарчӣ бештари устодони варзидаву соҳиб ба унвонҳои илмӣ фаъолияти кафедраро ба маротиб беҳтар сохта, онро миёни 52 кафедраи айни  ҳол амалкунандаи донишгох ба яке аз кафедраҳои сермаҳсулу шинохта табдил диҳанд. Ҳамин аст, ки авқоти охир намояндагони дигар макотиби оливу миёнаи касбии ҷумҳур, ки дар онҳо мутахассисон аз рӯи ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ омода карда мешаванд ва ҳатто худи кормандони Вазорати маориф ва илми мамлакат бо мақсади дарёфти маслиҳату машварати муфид ба ҳамин кафедра муроҷиат мекунанд.

Ҳамзамон бо ин, эшон дар анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ, маҳорату малака ва истеъдоди хосаро доро буда, маҳз ба ҳамин сабаб  ва асосан сарфи нерӯи бештари худ дар таълифи асару мақолоти сершумори илмӣ унвони баланди профессориро сазовор гаштаанд. Мавриди гуфтанист, ки агар ба маҷмӯи маводҳои интишорёфтаи Маҷидова Б.А. аз оғози фаъолияти эҷодиашон то ба имрӯз аз лиҳози теъдод назар андозем, хоҳем дид, ки онҳо ҳудуди даҳҳо китобу рисолаву монографияҳои илмӣ-тадқиқотӣ, дастуру васоиту барномаҳои таълимӣ-методӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публисистиро ташкил мекунанд. Дар ин бастагӣ, яке аз хизматҳои шоёни муаллима ин, ҳанӯз соли 2011 бори нахуст дар ҷумҳурӣ дар ду ҷилд таълиф ва мунташир гардидани китоби дарсии Педагогикаи томактабӣ барои донишҷӯёни макотиби олии омӯзгорӣ аз рӯи ихтисоси педагогика ва психологияи томактабӣ мебошад, ки ибтикори беназирест дар рушди бахши таҳсилоти томактабии соҳаи маорифи Тоҷикистон.

Бар замми ин ҳама заҳматхо Бибиҳафиза Маҷидова чун нафари сидқан дӯстдори пешаи худ ва шахси фидоӣ дар ин роҳ давоми беш аз даҳ сол аст, ки ба корҳои илмии аспирантону унвонҷӯёни дохиливу хориҷӣ бевосита роҳбарӣ мекунанд ва ба сабаби ҳини иҷрои рисолати ҳидоятбахшӣ муносибати хуш доштанашон бо шогирдон сол аз сол сафи унвонҷӯёне, ки  муаллимаро ҳамчун роҳбари илмии хеш ихтиёр мекунанд, афзуда, алаккай чанд сол аст, ки ин шумора ҳадди ниҳоии меъёрро ташкил мекунанд. Ва аз ин миқдор ҳамасола иддае аз онҳо рисолаҳои илмии худро дар ҳузури муаллима ва боз чанди дигар аъзоёни шӯрои диссертатсионии донишгоҳ ҳимоя намуда, бо ин ҳадди ифтихору хушбахтии эшонро боз ҳам фарохтар мегардонанд. Зеро Бибиҳафиза Абдусамиевна бар хилофи бархе аз касони ба ном олим, вале дар асл нотавонбину ҳасадбар дастоварди ба нафъи ҷомеабудаи ҳар як шаҳрвандро новобаста аз он, ки он шаҳрванд аз зумраи шогирдонашон аст ва ё на, ҳамчун дастоварди миллат медонанду аз он мефахранду меболанд.

Табиист, ки ин ҳамагӣ бахшҳои фаъолияти муаллима худ ифодагари он аст, ки эшон тарбиятгари басо моҳир низ ҳастанд. Зеро кулли он хислатҳои накӯву ҳамидаи Бибиҳафиза Маҷидова, ки дар пиндор, рафтор ва гуфторашон зоҳир мешаванд, барои ҳар як пиру барно намунаи ибрат мебошанд. Ва маҳорати олии омӯзгор ҳам аввалтар аз ҳама дар он аст, ки худ шахсе бошад бо истилоҳи илмӣ “референтӣ”, яъне фарде, ки сазовор ба пайравии дигар касон аз ӯ. Чунончӣ, гуё маҳз дар таъкид ва тасдиқи хамин матлаб педагоги сабардасти шӯравӣ А.С.Макаренко гуфта бошад, ки: ба ҳангоми таъсиррасонии тарбиявӣ назар ба насиҳатгӯиҳои сершумори дилбазан намунаи ибрат будан беҳтар аст.

Бо назардошти он, ки тамоми аҳли фазлу хирад ҳамеша зебогии ботинро волотар аз ҳусни зоҳир донистаанд ва дараҷаи қадршиносии шахсро ҳам нисбаташ тибқи ҳамин нишондод мушаххас кардаанд, бидуни шак бояд, ки маҳаки муайянкунандаи комилии шахс ин, саҳми фузун доштани ӯ дар ривоҷи ҷомеа бошад. Ва чун Бибиҳафиза Маҷидова чунин як хусусияти муҳиму олиро дар шахсияти худ ғунҷонидаанд, метавон эшонро дар умум ҳамчун шахси комил шинохт ва минбаъд муаррифӣ кард. Зеро зиндагӣ худ фосилаи вақтест, ки маънии паймудани он ин, гузоштани нишони некиҳои хештан ба ёдгор аст ва маҳз бо дарки ҳамин маънӣ ин рисолати олиро муаллима хеле моҳирона анҷом дода истодаанд.

Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи ҳиммати ӯст,
Ду чиз туро дода, ки он ҳарду накӯст.
Ҳам сирати он, ки ҳамаро дорӣ дӯст,
Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дӯст.

Дар ниҳоят, чун ҳар як олим мехоҳад бар ивази заҳматҳои нобаркашиданиаш аз сӯи атрофиён эҳтироми самимӣ эҳсос кунад, таманно мекунем, ки бигузор Маҷидова Бибиҳафиза Абдусамиевна ҳамвораву ҳамаҷо қадр бинанд ва дар садр нишинанд, гузашта аз ин умри ҷовидона ёбанду хушбахти даврон бошанд.

 

Ҳамкасбашон: Назира ҒУЛОМОВА – муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабии ДДОТ ба номи С.Айнӣ.

Шогирдашон: Умед ҲАМИДОВ – муҳаққиқи риштаи педагогика.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *