Мақоми дониш дар ашъори классикон

Илму дониш дар осори классикон мавқеи хоса дорад. Аркони сухан донишро шарти асосии умри адаб ёфтани инсон шинохтаанд.

Султон шоирони олам Абўабдуллоҳ Рўдакӣ донишро чароғи равшани дил ва ҷавшани бадиҳифзкунанда ба қалам додаст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-азҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар афкори шоир Фирдавсӣ шахси донишманд тавонгар буда, ба гуфтору кирдор низ намунааст. Аз ин чунин хулоса бармеояд, ки дониш ба инсон хушбахтӣ ва зиндагии хуб ато мекунад. Шахси бедониш ҳамеша дар роҳи ҳаёт овораву сарсон аст. Моҳияти донишро байти шоир хеле равшан инъикос намудааст:

Касе к-у ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфторукирдор беҳтар бувад.

Шахси хирадманд дар ҳама давру замон дар ҷомеа маҳбубияти хоса дорад ва тавассути илму ҳунар мушкилоти мардумро осон мекунад. Ана ҳамин рисолати илму дониш буд, ки Абўалӣ Ибни Сино ҳазорон маризонро аз чанголи марг раҳо кардааст. Ин олими машҳури дунё дар шеъраш тани инсонро ба шиша, илмро ба чароғ ва ҳикматро ба равған монанд кардааст, ки ҷолибу хотирмон аст:

Тан мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидаи равост.

Ба назари орифонаи Саъдии Шерозӣ тавонгарӣ ба донишу ҳунар ва бузургӣ ба ақл аст. Давлату дороӣ нишони тавонгарӣ ва синнусол нишони бузургӣ нест. Ба ин маънӣ гуфтааст:

Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол,
Бузурги ба ақл аст, на ба сол.

Илму дониш дар нигоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ барои зиндагии ибратбахш ногузир буда, мисли шамъест, ки пайваста шоми рўзгорро равшан мекунад. Аз ин рў, таъкид мекунад, ки машъали илмро ҳамеша фурўзон нигоҳ дорем:

Ба кор ояд, илме, ки омўхтӣ,
Макуш маъалеро, ки афрўхтӣ.

Абдулқодири Бедил қадру қимати мардро на ба симу зар, балки бо илму ҳунар марбут медонад. Зеро ў хуб медонад, ки умри симу зар хеле кӯтоҳ буда, илму ҳунар ҷовидонист. Ҳамин аст, ки аз дороии шоҳон чизе намонд, вале осори бузургони илм то кунун аврақи сабзи оламро зиннат медиҳад. Андешаҳои Бедил ин фикрро ба тамоми маънияш бозгу мекунад:

Қимати мард на симу зар аст,
Қимати мард ба илму ҳунар аст.

Фарогифтани дониш ҳануз анҷоми кор нест. Амал шарти асосии аз дониш баҳра бурдан аст. Агар кас илму амалро дар якҷоягӣ истифода намояд, эътибору нуфузи он ба маротиб боло меравад. Барҳақ, шоири дурбин Бадриддин Ҳилолӣ фамудаст:

Илмат ба амл чу ёр гадад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ба қадри илму дониш расидан дар афкори шоири ориф Аттор равшан ба назар мерасад. Шоир таъкид мекунад, ки илмро хор макун, зеро он қадри зиёд дорад. Пас мо вазифа дорем, ки илму донишро мисли як ҷузъи асосии ҳаёт пиндошта, иззат намоем. Байти шоир бори дигар ин андешаро ёдрас мекунад:

Илм агар андак бувад, хораш мадор,
З-онки илм дорад қадри бешумор.

Шоири бузурги тоҷик Носири Хусрав барои донишманд шудан дар машварати аҳли илм буданро шарти асосӣ медонад:

Нишин ба аҳли илм, эй дўст, модом,
Ки аз дониш басе ёби саранҷом.

Хулоса, мақоми дониш дар ашъори шоирони классик дар арши аъло қарор гирифтааст. Аркони сухан эътибори илму донишро то авҷи Зуҳал бароварда, аз худ мероси гаронбаҳо ба мо ёдгор гузоштаанд. Насли имрўз метавонад аз ин маҳзани фарҳангии ниёгон барои бартараф кардани мушкилоти хеш самаранок истифода намояд. Дониш бо рисолати созандагии худ ба инсон ҳамеша бахту саодат меорад.

0
  1. Рахмат! Ман аз сайти шумо бисёр чизхои фоидаовар гирифтам!

    0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *