Ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Турсунзода

То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзари Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водӣ (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин, зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашшоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва китоби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии А.С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро ба ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқи ҶШС Тоҷикистон буд. Аз соли 1946 то соли 1977- охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Кумитаи Маркази Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Шӯравии хамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб (Боғи Лучоб)-и шаҳри Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобарин беҳтарин саҳифаҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернатсионалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардондани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.

Омодакунанда: Ғаниева Мавзуна, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 56

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *