Ҷавонон-такягоҳи боэътимоди Ватан

Гули ваҳдат, дили ваҳдат ҷавонон!
Дурахши шавкату савлат ҷавонон!
Дар оғўши баҳори Тоҷикистон
Умеди зиндаи миллат, ҷавонон!

Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерўи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву дониш азхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳиссиватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.

Дар заминаи ташаббуси Президенти кишвар аз 22-юми майи соли 1998 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. Аз соли 1998 инҷониб дар кишвар 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ба таври расмӣ қайд мегардад, ки ин аз мавқеъ ва мақоми хосса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, Ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Ҷавонон, эй ҷавонон, эй ҷавонон!
Азизон! Меҳрубонон! Ҳамравонон!
Ватанро чун ҷавонӣ ҷон бубахшем,
Ки ҷонбахшад ба ҷони нотавонон!

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба маҷлиси Олии кишвар 22-юми декабри соли 2016 ба масъалаи саҳм ва нақши ҷавонон дар ҷомеаи кунунии Тоҷикикстон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пешниҳод намуданд, ки бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон карда шавад. Ин Пешниҳоди Пешвои миллат дар байни мардум гарм пазироӣ шуда, ҳамовозии кули сокинони кишварро пайдо кард.

Муборак бод моҳу соли тоҷик!
Шукўҳи давлату иқболи тоҷик!
Ҷаҳони пирро аз навҷавон кард,
Ҷавониҳои истиқлоли тоҷик!

Ба таъкиди Сарвари давлат: “ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимои Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси давлатдориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳдоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Ҷавонони давраи муосир дар ҷаҳонишавии ҷомеаи Тоҷикистони азиз азму ирода ва кўшишу талошҳои роҳбарияти ҷумҳуриро дастгирӣ карда, барои обод кардани кишвар, мустаҳкам шудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда истодаанд. Хушбахтона, имрўз ҷавонон чун номбардорони насли ҷасуру ватанхоҳ парчами дар роҳи истиқлолият афрўхтаи падаронро бо садоқату мардонагӣ чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ мекунанд. Чунин ҷасорату мардонагии насли ҷавони даврони истиқлолият далели барҷастаи ваҳдату ягонагӣ буда, дифоъ ва ҳуввият ва арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.

Имрўз беш аз 170 ҳазор нафар ҷавонон дар риштаҳои гуногуни мактабҳои олии кишвар бо таҳсил фарогирифта шудаанд. Ҳукумати кишвар, хусусан Пешвои муаззами миллат аз ҷавонон умеди калон доранд, зеро эътибор, нуфуз ва рушду нумўи минбаъдаи кишвар аз онҳо вобаста аст:

Ҷавонони Ватан, бо ҳам биёем!
Суруди ишқро бо ҳам сароем!
Мисоли Пешвои миллати хеш,
Дари дил пеши фардо во намоем!

Дар ҷаҳони муосир пайваста падидаҳои нав ба миён меояд, ки аз марҳалаҳои қаблии таърих ба куллӣ фарқ менамоянд. Бештари онҳо дар асоси равандҳои ҷаҳонишавии муносибату арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Имрўз ҷавонони тоҷик аз нуфузу арзишҳои пешқадами фарҳангию маънавӣ ва дастовардҳои беназири илмию техники давлатҳои пешрафта, ба вижа, технологияи муосири коммуникатсионӣ, нанотехнология ва амсоли ин истиқбол менамоянд ва мекўшанд, ки ҳарчӣ бештар аз дастовардҳои мутамаддин бархӯрдор ва худ низ дар ин ҷараён саҳмгузор бошанд.

Чизи дигареро қайд кардан бомаврид аст, ки дар Паёми ниҳойии хеш ба Маҷлиси Олӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кишвар эълон шуд ва дар ин маврид Пешвои миллат қайд кардан, ки бо ҷамъбасти Соли ҷавонон ғамхории ҳукумат ба ҷавонон ба охир нарасида, баръакс дучанд мегардад, зеро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ давоми мантиқии Соли ҷавонон аст ва ҷавононро мебояд дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои асили мардуми тоҷик саҳми босазое гузоранд.

Дар ҳақиқат ҷавонӣ навбаҳори зиндагонист. Умри инсон чанд марҳила дорад ва дар байни ин марҳилаҳо зеботарину дилнишинтаринаш фасли ҷавонист. Зеро дар ин фасл шахс солиму нерўманд ва барнодилу болидарўҳ аст. Оре, ҷавонӣ ишқу орзуи нотакрор ва лаҳзаи беҳтарини зиндагист:

Сафои ҷону дилҳоӣ, ҷавонӣ!
Навои обу гилҳоӣ, ҷавонӣ!
Суруратро муҳаббат зинда дорад,
Баҳористони гулҳоӣ, ҷавонӣ!

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватананд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдеро барои омўзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рўйи кор гирифтааст. Пас, мо-ҷавононро мебояд, роҳи донишомўзиро интихоб намуда, илм омўзем, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гардем:

Такягоҳонем мо боэътимод аз баҳри Ватан,
Мекунем шукрона аз ин сарзамину ин чаман.
Баҳри ҳифзи ин диёру ин макони нозанин,
Мо ҳама, гар лозим ояд, месупорем ҷону тан.

Омодакунанда: Муродзода Сомона, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 57

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *