Ашъори ҷанговаронаи Ҳабиб Юсуфӣ

Накша:

1) Мухтасари шарҳи ҳоли шоир.

2) Ба майдони ҷанг рафтани шоир.

3) Осори Ҳабиб Юсуфӣ .

4) Хулоса.

Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,

То шавам чун каҳрамонҳои ту ман каҳрамон.

Ҳабиб Юсуфӣ дар адабиёти тоҷик чун шоири навовар ва ҷанговар маълуму машҳур аст ва зиндагии кӯтоҳ насибаш гашта, ҳамагӣ 29 сол умр дидааст. Шоир соли 1916 дар гузари Боғимайдони ш. Самарқанд дар оилаи шахси бомаърифат- Ҳочӣ Юсуф ба дунё омадааст. Ҳабиб солҳои 1925-1935 аввал дар мактаби миёна ва баъд дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Соли 1940 Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм мекунад ва ба Сталинобод ба шӯъбаи тоҷикистонии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор меояд. Баробари оғози ҶБВ шоир тамоми фаъолияташро ба ҳимояи Ватан равона кард ва дар рӯзи аввали ҷанг «Аз ҳавою обу замин» ном шеър навишта ватандоронро бар зидди душман даъват намуд:

Ватан гирифта саросар намуди ҷанговар,

Биёр, шоири тоҷик, суруди ҷанговар.

Ҳабиб Юсуфӣ мохи Марти соли 1942 ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дохил гардид ва дар Пенза омӯзишгоҳи харбиро хатм карда, бо рутбаи лейтенантӣ командири батареяи миномётҳо таъин шуд. Шоири ҷанговар дар муҳофизати шаҳри Ленинград, озод кардани Соҳили Балтик ва Лаҳистон иштирок дошт ва барои шуҷоату мардонагӣ ба ордени Ситораи Сурх ва медали «Барои мудофиаи Сталинград» мукофотонида шуд.

Шеърхои навмашқонаи Ҳабиб Юсуфӣ дар синни 17 солагӣ ба майдон омада, нахустин намунаҳои эҷодиёташ соли 1936 ба табъ расидаанд. «Таронаи Ватан » ягона маҷмӯаест, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ба табъ расидааст. Баъдҳо, «Маҷмӯаи шеърҳо», «Роҳи нотамом» ва «Сатрҳои нотамом» ном маҷмӯаи шоир дар ду китоб чоп шудаанд. Маҷмӯаи «Сатрҳои нотамом » 85 шеъри гуногугжанр, 77 рубоӣ , ду достон ва як қатор тарҷумаҳои Ҳабиб Юсуфӣро гирд овардааст. Шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ ҳанӯз пурра чамъоварӣ нашудаанд. Махсусан осори дар майдони ҷанг навиштаи шоир то ҳол маълум нестанд. Охирин шеъре, ки то ҳол ба дасти мо расидааст «Лаҳзаи хурсандии ман» ном дорад ва соли 1943 ҳангоми мудофиаи Ленинград эҷод гардидааст. Дар ин шеър, ки аз 16 банди чаҳормисрагӣ иборат аст, орзую умеди шоир ифода ёфтааст:

Ман ҳам аз ҷон азиз медорам

Офтобу баҳору бодаю ёр,

Бешазору ҳавои хушворам,

Шеъри ҷанговару садои тор!

Бузург аст орзу, умеди ман,

Гирам аз душманон қасоси мулк.

Пас зи ҷанговари замонашумул

Бинависам ба точикӣ роман.

Умуман ашъори Ҳабиб Юсуфӣ ба рӯҳи замон мувофикат карда, саршори ғояҳои ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ , ҳақиқатпарастӣ ва адолатхоҳӣ мебошад. Шоири ҷанговар дар муддати кӯтоҳи умр ҳам аз қалам ва ҳам аз шамшер самаранок истифода карда қарзи фарзандии худро назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *