Достони «мушу гурба»

Нақша:
Муқаддима
1.Мавзӯи асосии достон
Хулоса

Убайди Зоконӣ дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун нависандаи ҳачвнигору шӯхтаъб маълуму машҳур гаштааст. Ӯ ҳамчун нависандаи шӯхтаъб шинохтаву эътироф гардидааст. Убайди Зоконӣ соли 1270 дар хонадони вазиро ба дунё омадааст. Осори бадеии Убайд яке аз комёбиҳои бузургу барҷастаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ба шумор меравад. Эҷодиёти ӯ бештар бо эҷодиёти даҳонии халқ алоқамандии ногусастание дорад. Мазмун ва мундариҷаи асосии осори ӯ аз танқиди фикру ақидаҳои кӯҳнашуда, афкори зиддихалқии замона, зулму золимӣ, ҷаҳолатпарастӣ, рафтору гуфтору кирдори ношоиставу баъзе урфу одат ва расму русуми мардум, тарғибу ташвиқи ақидаҳои ҳаётдӯсти, муҳаббати поки инсонӣ иборат аст. Тарзу тариқи нигориши нависанда ҳазлу шӯхӣ бошад ҳам, вале аксари онҳо мазмуни ҷидии танқидӣ дорад, ки худи муаллиф ба он таъкид менамоянд:

Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор,
Ҳазл бигзору ҷид аз ӯ бардор.

Яке аз достонҳои Убайди Зоконӣ, ки ба мавзӯи иҷтимоӣ, яъне ҷангу ҷидолҳои байнихудии феодалҳо бахшида шудааст, ин достони « Мушу гурба» мебошад. Мазмуни асосии достон воқеаҳои солҳои 1335-1360, ки давраи вайронии ҳукумати марказии феодалии муғулҳои Эрон ва авҷи саркашии феодалҳои маҳаллиро дар бар мегирад, иборат мебошад. Достон аз муқаддима, сюжети асосӣ ва хотима иборат аст. Оғози достон чунин аст:

Агар дорӣ ту ақлу донишу ҳуш,
Биё бишнав ҳадиси гурбаву муш!

Достон дар шакли қасида суруда шудааст. Маълумоти аввалин дар бораи Гурба чунин оғоз мешавад:

Аз қазои фалак яке гурба,
Буд чун аждаҳо ба кирмоно.

Гурба барои шикори муш ба шаробхона медарояд. Муш омада аз хум май менӯшад ва масту аласт шуда, ба сайди гурба меафтад:

Ногаҳон ҷасту мушро бигирифт,
Чун паланге шикори кӯҳоно.
Гурба он мушро бикушту бихӯрд,
Сӯи масҷид шудӣ хиромоно.

Гурба баъди ин гӯё аз кардаи хеш пушаймон мешавад. Мушон дастаҷамъӣ ба назди гурба меоянд ва гурба боз бо фиребу найранг ба мушон ҳамла меоварад. Аз ин воқеа маълум мегардад, ки дӯстиву бародарии мушу гурба ғайри қобили қабул аст. Дар охир гурба асир меафтаду бо як ҳамлаи ҷиддӣ бандро канда карда, ба мушон дармеафтад:

Мушаконро гирифта зад ба замин,
Ки шуданд ба хок яксоно.

Ва бо ҳамин воқеа ба фоидаи ӯ ҳал мешаваду достон низ хотима меёбад.
Гурба ҳамчун аждаҳо пурқуввату тавоно тасвир ёфтааст:

Шикамаш талбу синааш чу сипар,
Шердуму палангчангоно.

Дар достон гурба ҳамчун фиребгар ба қалам дода шудааст. Гурба мағрур ва худписанд аст. Дар образи тамсилии гурба феодалҳои бузургу тавоно, вале фиребгару муфтхӯр тасвир ёфтаанд. Хислати мушон аз рӯи тасвири шоир ягонаву яксон нест. Муш бо вуҷуди мағруриаш хеле заифу тарсончак аст. Мушон аз рӯи фикру андешаи Убайди Зоконӣ хушомадгӯй, ришвадеҳ мебошанд. Ҷанги мушу гурба на ҷанги байни деҳқону феодалҳо мебошад, балки ҷанги байниҳамдигарии худи феодалҳост. Дар охир шоир аз ин достони тамсилии худ панду ҳикмат гирифтанро таъкид намудааст:

Ҷони ман, панд гир аз ин қисса,
Ки шавӣ дар замона шодоно.
Ғараз аз « Мушу гурба» бархондан,
Муддао фаҳм кун писарҷоно!

Хулоса, достони Убайди Зоконӣ дар ҳаракати озодихоҳии халқ, махсусан дар ҳаракати сарбадорон, ки мазмун ва моҳияти зидди феодалӣ дошт, аҳамияти махсус дорад.

Омодакунанда: Икромов Амирҳамза, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 38

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *