Истиқлолият

Шукри истиқлолу сарвар мекунем,
Шукри ободии кишвар мекунем.
Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,
Шукри бому хонаву дар мекунем.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилали муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд. Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 27 – соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маъориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва ғ. ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.

Як бахши муҳими дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро метавон ба соҳаи тандурусӣ марбуд донист. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Ватани маҳбуби мо дар соҳаи илми тиб ва дорусозӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола дар Донишгоҳҳои тиббии худ олимону мутахассисон ва донишмандони зиёдро дар ин самт тайёр мекунад, зеро чуноне ки мегӯянд “Саломатии миллат боигарии давлат аст”. Ба ҳамаи ин нигоҳ карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро ҳамчун соҳаи афзалятнок таҳти назорат ва пуштибонии худ қарор додааст. Сулҳу Ваҳдат аст, ки 1 – уми сенябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам бештару – бештар ривоҷу равнақ додани соҳаи тандурустӣ ва илми тиб ва ҷиҳати беандоза будани довталабон дар ин самт боз як бинои наву замонавӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пас мо ҷавононро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамҳориҳои ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарину соҳибистиқлол бо сари баланд, бо дониши хубу аъло таҳсил намуда, ҳамеша ҷиҳати ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол сайру кӯшиш намоем.

Омодакунанда: Раҳимов Муслиҳиддин, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 38 

  1. Хуршед Каримов:

    Бехтарин иншо. Ташаккур ака!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *