Мазмун ва мундариҷаи рубоиёти Умари Хайём

Адабиёти тоҷик таърихи тӯлонӣ дошта, роҳи дуру дарозеро тай намудааст. Дар давоми таърихи мавҷудияти худ бисёр нодирамардони шеъру адаб парвариш ёфта, дар майдони паҳновари адабиёт қувваозмоӣ намудаанд, ки бо осори гаронмояи худ ба рушди такомули тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.

УмариХайём низ аз он ситорагони рахшони осмони илму адаб аст, ки осори гаронбаҳое ба мерос гузоштааст. Рубоиёти оламшумули ӯ бо гузашти солҳо пургуҳартару фурӯзонтар ба ҷилва меояд.

Мавзӯъ ва мундариҷаи рубоиёти шоир доманадор ва серпаҳлӯст. Дар офаридаҳои Умари Хайём муҳимтарин масъалаву муаммоҳои рӯзгори инсонӣ ба миён гузошта шудаанд. Ғанимат донистани умр, муҳаббати самимӣ нисбат ба ҳамнавъон, баҳравар гардидан аз зебоиҳои табиат, васфи ишқи поки инсонӣ, саховатмандиву накӯкорӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки дар рубоиҳои ин ҳакими фозил мақоми хосаро пайдо кардаанд.

Шоири зиндагидӯст таъкид менамояд, ки бояд ҳар як лаҳзаи умри гузаронро ғанимат донад ва андеша ба он кунад, ки аз ҳар дақиқаи ҳаёт судбахшу пурмаҳсул истифода карда тавонад. Зеро ба фармудаи шоир:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Ҳуш дор, ки сармояи ин мулки ҷахон
Умр асту чунонаш гузаронӣ, гузарад.

Ҳамеша ҷаҳон бо дигаргунӣ ва таҳаввулпазирӣ пеш меравад. Ин нуқтаи муҳим дар эҷодиёти шоир бештар ба чашм мерасад.
Ибораи “гили кӯзагарон” дар осори ин суханвари ҳаким хеле зиёд истифода шудааст. Он гиле, ки кӯзагарон аз он кӯзамесозанд, ба сухан омада мегӯяд, ки ман ҳам ба мисли ту будам, инро фаромӯш макун. Ҳамин мазмунро ӯ дар рубоии зерин ба тариқи зайл рӯи саҳфа овардаст:

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
Дар банд зери зулфи нигоре будааст,
Ин даста, ки бар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будааст.

Рубоиёти шоир сермаъно буда, касро ба андешаи амиқ бардоштан аз он водор мекунад. Ӯ ҳодисаҳои табиатро ба маърази таҳлил кашида, доир ба тағирёбанда будани мода ва аз як шакл ба шакли дигар гузаштани он хулосаҳои дурусти фалсафӣ мебарорад:

Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеҷ шаке, нақши нигинаш моем.

Ишқ мавзӯи ҷовидонии адабиёти гуҳарбори мо ба шумор меравад, ки дар рубоиёти шоир низ хеле моҳирона ба риштаи тасвиркашида шудааст. Ӯ ишқро шабеҳи хуршеди ҷаҳонтоб хонда, дар ин роҳ содиқу устувор буданро талқин менамояд:

Хуршеди сипеҳри безаволӣ ишқ аст,
Мурғи чамани ҳуҷастафолӣ ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ.
Ҳаргоҳ, ки бимирию нанолӣ ишқ аст.

Аксарияти рубоиёти Хайём натиҷаи андешаҳои илмӣ-фалсафии ӯ мебошанд. Дар онҳо дар баробари ба тасвир овардани хушиҳои рӯзгор ва зиндагии саодатмандона,инчунин ба масъалаҳои мубрами илмию фалсафӣ дахл намудааст. Ҳамин хусусияти хоси ашъори шоир на танҳо дар адабиёти тоҷик, балки дар адабиёти ҷаҳон низ ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гардидааст.

Ба ақидаи шоир инсон бояд накӯкориро пешаи худ сохта, аз гузашти ҳар лаҳзаи умр бохабар бошад. Вақтро сарфи корҳои беҳуда накарда дар паи хушу пурфараҳ гузаронидани он ҷаҳду талош намояд. Зеро ҳар дами он нотакрор ва ғанимат аст:

Рӯзе, кигузаштааст аз ӯ ёд макун,
Фардо ки наёмадааст, фарёд макун
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Хуш бош кунун умр барбод макун.

Имрӯз дар олам кишвар ва ё халқеро наметавон дарёфт, ки бо рубоиёти газанднописанду ҷаҳоншумули ин шоири нодирагуфтор ошноӣ надошта бошад. Ҳақиқатан ҳам рубоиёти Хайём шӯҳрати ҷаҳониро ба худ касб карда, дар рушду болоравии маънавиёти аҳли башар хидмат карда меояд.

Омодакунанда: Норова Мафтуна, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 56

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *