Мундариҷаи ғоявӣ ва таҳлили образҳои марказии маснавии “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Ҳилолӣ

Нақша:
Муқаддима
1. Мухтасари тарҷмаи ҳоли шоир
2. Мазмуни ғоявии маснавии “Лайлӣ ва Маҷнун”
3. Симои қаҳрамонони асар
Хулоса

Ҳилолӣ сарояндаи ғазалҳои лирикӣ буда, бо ашъори дилангезу пурмазмуни худ дар қалби ихлосмандони шеър ҷойи махсусеро ишғол намудааст. Шоир, мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, солҳои 70-уми асри 15 таваллуд ёфтааст. Рӯзгори кӯдакии Ҳилолӣ он қадар равшан нест. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, дар мадрасаи шаҳри Ҳирот таҳсили илм намудааст. Аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ дилбастагии зиёде доштааст. Далели ин гуфтақоон аст, ки ӯ ба шарофати табъи саршор ва ҳофизаи қавӣ доштанаш аз ашъори шоирони бузург сӣ-чиҳил ҳазор байт аз ёд медонистаст. Аксарияти ашъори хамсатайн, яъне “Ҳамса”-ҳои Низомиву Амир Хусравро аз ёд медонист. Ҳамин тариқ, Ҳилолӣ ҳамчун шоири машҳури ғазалсаро дар байни аҳли илму адаб эътибор пайдо мекунад. Пас аз баҳсу мунозираҳо, ба навиштани маснавиҳо камари химмат мебандад. Аввалин маснавии Ҳилолӣ достони “Шоҳу дарвеш” будааст. Маснавии дигари шоир ин “Лайливу Маҷнун” мебошад, ки доир ба таълиф намудани ин маснавӣ чунин мегӯяд:

Аввал сухане, ки гуфт аз ин пеш,
Афсонаи шоҳ буду дарвеш.
Зебогуҳаре зи баъди он суфт,
Назме, ки сифоти ошиқон гуфт.
Гуфт аз пайи он китоби мавзун,
Афсонаи ҷонгудози Маҷнун.

“Лайлӣ ва Маҷнун” маснавии охирини Ҳилолӣ мебошад, ки онро дар пайравии маснавиҳои ҳамноми Низомиву Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҷомиву Навоӣ таълиф намудааст:”Лайливу Маҷнун”-и Ҳилолӣ аз 34 қисмат ва 27 боб иборат аст. Аз рӯйи табақабандӣ маснавии шоир ба монанди маснавиҳои шоирони дигар мебошад. Маснавии “Лайливу Маҷнун” монанди дигар асарҳои пешин мавзӯи анъанавии лирикиро фаро мегирад. Қайс бо Лайлӣ дар як мактаб мехонанд. Ҷавонон ба ҳамдигар дил мебанданд. Аз ишқу муҳаббати онҳо ҳама воқиф мешаванд. Барои ба висол расидани онҳо волидонашон монеагӣ мекунанд. Қайс худро ба талу теппаҳо мезанад. Аз ишқи Лайлӣ Қайс аз худ бехуд мегардад. Давлатманде мехоҳад, ки Лайлиро ба фарзандаш хостгорӣ намояд. Аммо Қайс ва Лайлӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки ба ин роҳ надиҳанд. Ошиқон намехоҳанд, ки бо зӯрӣ ва бо зарби шамшер хонадор шаванд. Онҳо розигии қабилаҳоро пурсон мешаванд. Онҳоро дар охир бо ҳам ақди никоҳ мебанданд. Дар охир Лайлӣ ва Маҷнунро ба як қабр дафи мекунанд.
Тавре дида мешавад, ҳангоми тасвири ҳодисаву воқеаҳо байни маснавиҳо тафовутҳо дида мешаванд. Дар достон Лайлӣ, Қайс, падару модари Қайс, Навфал қаҳрамонҳои мусбат мебошанд. Падару модари Лайлӣ ва пирзол қаҳрамонҳои манфӣ ба шумор мераванд. Дар асар Лайлӣ духтари донову оҳила, покизаву накӯкор, вафодору меҳрубон тасвир ёфтааст. Лайлии Ҳилолӣ нисбат ба дигар Лайлиҳо ҷасуртару фаъолтар мебошад.
Ҳилолӣ дар симои Маҷнун монанди Лайлӣ шахси покизакору бовафоро инъикос намудааст. Дар ҳақиқат Маҷнун ҳамчун ҷавонмарди воқеӣ тасвир ёфтааст. Қайс, сарфи назар аз он ки писари ягонаи мири араб будааст, ҳамчун ҷавони хоксору вафодор ба қалам дода шудааст.

Тамоми хусусиятҳо ва фазилатҳои хуби инсонӣ, аз ҷумла сабру таҳаммул, дар симои Маҷнун мушоҳида карда мешавад. Ҳатто, дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам аз Навфал ёриву кӯмак наталабидааст. Маҷнун мехоҳад, ки танҳо бо майлу хоҳиши Лайлӣ ва қабилаи ӯ издивоҷи онҳо сурат бигирад:

Бе майлу ризои қавми Лайлӣ,
Моро набувад ба васл майле.

Маснавии Ҳилолӣ бисёр ҷанбаъҳои ибратбахш дорад. Яке аз фазилатҳои ин маснавӣ ин дар забони содаву фаҳмо ва образҳои ба зеҳни хонандаи оддӣ бисёр наздики ӯ ба шумор меравад.

Омодакунанда: Мехрангезхони Фируззод, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 38

  1. Иброҳим:

    Аҳсан!Беҳтарин иншо!

  2. Иброҳим:

    Аҳсан!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *