Роғун – ҳаёту мамоти Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор ва дорои захираҳои ғании энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконоти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55% дар сади захираҳои обӣ аст, ки аз ин неъмати Худованд бояд оқилонаю сарфакорона истифода кард. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70 – уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан, Роғун ном гирифтани нерӯгоҳ аз номи деҳае сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст. Роғун моро муттаҳид месозад:

Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,
Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.

Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро, бидуни нерӯи барқ ягона соҳа пеш намеравад:

Чун арсаи садоқату номуси миллат аст,
Роғун, ки рамзи қудрату пайвастагии мост.

Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи марказӣ маҳсуб дониста мешавад. Иқтидори тавлидотии нерӯи барқи Роғун 13,5 млрд квт – ро ташкил медиҳад, ки ин барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти калон дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки нерӯгоҳи Роғун “макони созандагию меҳнат”аст. Аз рӯйи ҳисоби мутахасиссон, барои сохтмони пурраи нерӯгоҳи Роғун ду – се млрд доллар зарур аст ки ин маблағи хеле бузург мебошад. Бинобар ин, Президенти кишвар оид ба ин масъалаи муҳим ба халқ муроҷиат кард.

Инак рӯзи нангу номус, рӯзи саховатмандиву ҷавонмардӣ ва саҳмгузорӣ инкишофи ободии Ватан фаро расидааст. Месазад, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар нангу номуси ватандории сарвари давлат ҳамроҳ гашта, ба хотири таъминоти мунтазами барқ, ободии Ватан саҳмгузор бошем. Зеро, сохтмони нерӯгоҳи Роғун талаби давру замон аст ва ҳар фарди солимфикру худогоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар онро бояд хуб дарк намояд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми мардум якдилона ин иқдоми пешгирифтаи сарварамонро дастгирӣ намоем. Итмоми комил дорем, ки миллати соҳибмаърифатти тоҷик ба ин кор қодир аст ва дар ин роҳ мо, ҳатман, пирӯз хоҳем шуд.

Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи Роғун, аллакай, дар хонаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёрии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем. Ҳамаи инро хулоса карда, гуфтан мумкин аст, ки Роғун бунёд мешавад.

Бинобар вуҷуд надоштани захираҳои нафту газ, инчунин имкон надоштани интиқоли қувваи барқ аз дигар кишварҳо, бунёди иншооти гидроэнергетикии Роғун, ки қисми зиёди он ҳанӯз дар даврони шӯравӣ сохта шудааст, интихоби ягона ва роҳи ҳалли мушкилиҳо мебошад.

Оре, Роғунро бояд созем. Дар канор будани ҳар яки мо аз рӯйи виҷдону имон нест. Ватандорӣ аз имон аст ва имрӯз рӯзи ватандории мо фаро расидааст:

Бо зӯри бозувон Ватаназ нав бино кунем,
Худро зи қайди панҷаи зулмат раҳо кунем.
Ба ҳар муроди худ ба Худо мерасем агар,
Меҳри Ватан чу дар дилу дар дида ҷо кунем.

Омодакунанда: Мижгона Хошимова, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 38

  1. Amir:

    Бехтарин иншо!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *