Забон муаррифгари миллат!

Забон муҳимтарин воситаи алоқаи байни мардумон аст. Бе сухан ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Дар давраҳои аввали пайдоиши инсоният нутқ набуд ва инсонҳо бо ҳар гуна имову ишора фикри хешро баён мекарданд баъдан зиндагӣ онҳоро маҷбур кард, ки онҳо барои фаҳмидани фикри ҳамдигар чорае ҷўянд. Баъдан онҳо оҳиста оҳиста нутқ пайдо карданд. Ҳоло дар дунё тахминан 200 намуди забон мавҷуд аст ва бисёре аз онҳо аз байн рафтаанд. Шоирони гузаштаву муосири мо дар бораи забон бисёр шеърҳо ва суханҳои пурмазмун гуфтаанд.

Забон беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.

Президенти кишвар ҳамеша дар баромадҳояш оиди забономўзии ҷавонон суханронӣ мекунад. Президенти кишварамон Э. Раҳмон оиди манзалати забони модарӣ чунин гуфта:

«Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар катори омӯхтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахохад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омӯзад. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намояд.

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳамарӯзе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Имрӯзҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ омӯхта мешавад. Имрӯзҳо тифли дилбанди фарди тоҷик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва кавми тоҷик манфиати хуб меорад.

Имрузҳо дар ҷумҳурии азизамон сафоратхонаҳои зиёди давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономӯзиву забондонӣ ва робитаҳои зиёди давлатҳо огаҳӣ медиҳад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

Забондонист, ки имрӯзҳо фардияти тоҷик бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дустӣ дорад. Ба сафарҳо мебарояд. Мусиқии мардуми тоҷикро ҷаҳониён гӯш меандозанд, ҳаловат мебаранд. Фарзанди миллати тоҷик кормандони бузурги давлатҳои тарақикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони тоҷик дар кишвари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабҳои онҳо таълиму тарбия мегиранд. Имрӯз дар гуфтор мардуми тоҷикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест маҳол. Фарди тоҷик дар гуфтугӯ бо мардуми эронинажод қариб, ки баробаранд. Фарзанди тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, руссӣ,  озодона дар гуфтугӯянд. Ин албатта, фахри давлату миллати тоҷику Тоҷикистониён аст.

Хулоса, забондонӣ – ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт чӣ ғаму дард ва чӣ хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.

Хулоса инсон бояд аввалан забони хешро пурра аз худ кунад ва дар баробари забони худ ба омӯзиши дигар забонҳо низ машғул шавад ва дар дигар давлатҳо обурӯи давлати хешро баланд бардорад.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан.
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан.

Омодакунанда: Сунатуллои Саид, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 5

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *