Беҳтарин барномаҳо барои хониши намунавӣ дар мактаб

 Аз бар кардани дониш хеле осон ва қулай хоҳад буд, ки агар барои фаҳмидани он, шумо аз барномаҳои кӯмаккунанда истифода баред. Акнун ба шумо лозим нест, ки бо худ як хӯрҷин китобҳои дарсиро борпеч карда гардед ва шабонгоҳ “шпаргалка” омода кунед. Кофист, ки дар смартфонҳои худ ин барномаҳоро ҷой диҳед ва он ҳама чиз дар шакли электронӣ ва осону содда ба мағзатон ворид хоҳад шуд. Аммо  бояд гуфт, ки ин гуна барномаҳо хеле зиёданд.

Барои роҳгум назаданатон дар фазои иттилоот, мо барои шумо танҳо беҳтарини ин барномаҳоро интихоб кардем ва ба шумо хонандагон ва донишҷӯён пешниҳод дорем:

Математика

PhotoMath (Платформа: Android | iOS)

PhotoMath – ин ҳисобкунаке аст, ки камераи смартфонро истифода мебарад. Шумо мисоли математикиро ба камера нишон диҳед ва PhotoMhat фавран ба ҳалл кардани он мепардозад.

MalMath (Платформа: Android)

MalMath – ин барнома барои ҳалли мушкилоти математикӣ бо тавсифи қадамҳо ва тасвири графикӣ пешбинӣ шудааст. 

Физика

Физика (Платформа: iOS)

Ин барнома аз маҷмӯи формулаҳои физикӣ иборат мебошад, ки ба қисмҳо ҷудо карда шудаанд. Имконияти ба дӯстон ва ҳамсинфон намоиш додани формулаҳо низ вуҷуд дорад.

Химия

Химия (Платформа: Android | iOS)

Ин барнома баробарии реаксияҳои кимиёвиро ҳал мекунад, инчунин ба химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ кӯмак мерасонад. Ҷадвали интерактивии Менделеев ва ҷадвали таҳлилшавии моддаҳо дар он мавҷуд аст. Ва ҳатто формулаҳои химияи органикӣ низ тасвир ёфтааст.

Забонҳои хориҷӣ

Duolingo: (Платформа: Android | iOS)

Барои омӯзиши забони англисӣ яке аз беҳтарин барномаҳо маҳсуб рафта, тамоман бепул аст. Омӯзиш дар шакли бозӣ, ноаён ва шавқовар сурат мегирад. 

English Grammar Test. 1200 вазифа дар грамматикаи англисӣ (Платформа: Android)

Ин барнома барои санҷиши дониши забони англисӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 60 тест мавҷуд буда, ҳар кадоми он аз 20 супориш иборат аст. Ҳар як савол ба як мавзӯъи грамматикӣ бахшида шудааст. Ҳамин тавр, пас аз гузаштани як озмоиш шумо метавонед дар якҷоягӣ дар 26 қисмҳои грамматикаи англисӣ донишатонро бисанҷед.

Забон ва адабиёти рус

Орфография (Платформа: Android)

“Орфография” – ин ҳам санҷиш ва ҳамзамон бозӣ аст. Калимаҳое, ки дар он шумо хато мекунед, дар санҷишҳои минбаъда пайдо мешаванд, то ки шумо онҳоро дар ёд гиред. Ин барнома барои такмил додани тафаккур ва баланд бардоштани саводнокӣ кӯмак хоҳад кард. Шумо метавонед барои супоридани имтиҳони забони русӣ аз он истифода баред.

Краткие содержания (Платформа: Android)

30 адад адабиёт дар шакли кӯтоҳшуда аз синфи 9 то 11. Бе васлшавӣ ба Интернет кор мекунад.

Ёрдамчиҳои универсалӣ

Фоксфорд Учебник (Платформа: Android | iOS)

Ин дастури интерактивӣ барои синфҳои аз 4 то 11 мебошад. Дар ин китоб шумо маводҳои зиёди дарсиро пайдо хоҳед кард. Дар он зиёда аз 500 омӯзишҳои видеоӣ мавҷуд аст.

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *