Мероси ниёгонро пос дорем

Мо насли ҳозира бояд мероси ниёгони худро эҳтиром намоем, то насли оянда моро эҳтиром намоянд. То оне ки насли оянда моро ба дигарон ҳамчун «Садриддин Айнӣ»-ву «М. Турсунзода» муаррифӣ нанамоянд. То оне ки онҳо соҳиби фарҳангу маданияти баланд гарданд. Ба ояндагони худ эҳтиром намудани гузаштагони худро омўзонем, то онҳо аз насли гузаштаи худ ифтихор дошта бошанд. Биёед ба онҳо аз худ чизеро ба онҳо боқӣ монем. Чизеро, ки онҳо аз мо ба хубӣ ёд кунанд. Чизеро, ки мо аз гузаштагони худ ба мерос гирифта будем. Мо бояд ба ояндагони худ ҳамонеро мерос монем, ки гузаштагони мо онро бароямон мерос гузошта буданд. Дар ҳолати акс он чиз аз эҳтимол дур нест, ки ояндагони мо низ бар сари мо санги фалахмон мезананд, чи хеле ки ин санги фалахмонро мо насиби гузаштагони худ кардем.

Куҷо шуд он шарму ҳаёи шарқиёнаи мо? Куҷо шуд он маданияти шарқиёнаи мо? Куҷо шуд он арзу эҳтироми мо нисбати калонсолон? Куҷо шуд он болидану ифтихор карданҳо? То ба кай давом хоҳад ёфт ин нотавониву ҳарирӣ? Ин аст магар ҳурмату эҳтироми мо нисбати бузургони худ, ки оламро тасхир карда буданд? Ин аст магар маданияти шарқиёнаи мо?

Ин суолҳо суолҳоянд, ки ҷавоби худро талаб мекунад. Ин саволҳои беҷавоби охирон нестанд. Ҳар як саволи беҷавоб саволи дигари беҷавоберо ба вуҷуд меорад. Ҳар яке аз саволҳои беҷавоб ҷавоби худро ҷўё дорад.

Симои ҷавононро мебинаму дар чеҳраи онон мероси гузаштагони худро ҷўё мешавам. Лек афсўс, ки дар чеҳраи онҳо аз фарҳанги миллӣ, аз мероси ниёгон нишоне нест. Дар чеҳраи онон маданияти ғарб, мероси ғарб ҷойгузин гардидааст. Дар худ тааҷуб мекунам. Онон кистанд? Намояндагони мероси Шарқ, ки майл ба сўи Ғарб мекунанд ва худро ҳамчун шахсияти муосиру замонавӣ метарошанд? Оё онҳо онро дарк мекарда бошанд, ки одами муосир ин он сару либос нест? Ин он рафтору гуфторҳо нест? Балки ин илму фарҳанг аст. Ин аз худ кардани илми замони худ аст. Пас чаро мо рўй ба Ғарб овардем? Ба Ғарбе, ки моро бегона аз худ кардааст?

Рўзе гузорам ба Иттифоқи нависандагон афтод. Иттифоқи нависандагоне, ки дар гирду атрофии худ адибони машҳуру шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъ намудааст. Худ ба худ меболидам. Меболидам аз он ки Тоҷикистон дорои чунин шахсиятҳои бузург мебошад. Дар назди бинои Иттифоқи навсиндагон бошад устоди бузург С.Айнӣ бо ҳамроҳии нависандаи бузурги рус М.Горький дар хусуси чизе гарм – гарм сўҳбате доранд. Чеҳари онҳо тавре тасвир ёфтааст, ки аз он дар хусуси як чизи ҷиддӣ сўҳбат намудани онҳо аён аст. Лекин нигоҳи устод С.Айнӣ ба як самти номаълуме дўхта шудааст. Ба як самте, ки дуриҳои дурро назора мекунад. Назора мекунад бо як андўҳ, бо як андўҳе, ки маънии бузургро дорад. Андўҳ аз насли ҳозира, андўҳ аз насли гузаштагон. Андўҳ аз ба ҷо наовардани эҳтиром ба гузаштагон, ба гузаштагоне, ки баҳри ватани худ дар лаҳзаҳои вазнинтарин ҷон ба каф гирифта ҷонбозиҳо карданд.

Болотар аз ҳайкали устод С. Айнӣ ва М.Горький дар танаи девори театри «Аҳорун» ҳайкалҳои адибони бузурги гузаштаи халқи тоҷик, Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Турсунзодаву Лоҳутӣ, Айниву Горький ва дигарон ҷой дода шудаанд. Онҳоро дида ангушти ҳайрат газидам. Наход ин шахсиятҳои бузург ба «дрин Айнӣ»-ву «М. зода» лоиқ гашта бошанд. Онҳо дар назди насли ҳозира чӣ гуноҳе карда бошанд?. Магар гуноҳи онҳо ҳамоне буд, ки ҳафтоду панҷ дара бар бадани худ хўрда буданд? Магар гуноҳи онҳо ҳамоне буд, ки соҳиби ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирал Неҳрў гашта буданд? Магар гуноҳи онҳо ҳамоне буд, ки «Гулистон»-у «Бўстон»-и машҳури худро таълиф карда буданд? Магар гуноҳи онҳо ҳамоне буданд, ки ватану миллати худро аз фано ёфтан наҷот дода буданд? Магар гуноҳи онҳо ҳамоне буд, ки ба пантуркистон арзӣ вуҷуд доштани миллати тоҷикро исбот намуданд? Худ ба худ меандешам: «Барои кадом гуноҳашон мо онҳоро чунин ҷазо додем? Барои кадом гуноҳашон мо ба онҳо чунин кирдорро раво донистем? Магар ин аст ҳурмату эҳтироми мо нисбати онҳо? Пас барои чӣ бо даҳони пур аз хусуси онҳо сўҳбат мекунем? Пас барои чӣ мо аз онҳо ифтихор мекунем? Пас барои чӣ мо ба олам ҷор мезанем, ки мо Ибн Синову Фирдавсӣ, Рўдакиву Шерозӣ дорем? Дар ҳоле, ки мо нисбати онҳо чунин кирдорро раво донистем. Пас мо чигуна ҳуқуқи маънавӣ дорем, ки аз онҳо дар олам ҷор занем? Аз онҳо дар назди дигарон ифтихор намоем? Магар ин нодонии мо нест? Магар ин нотавонии мо нест?

8+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин