Мурғ, мурғобӣ ва муш

Буд – набуд, мурғу мурғобӣ ва муш буданд. Мурғу мушу мурғобӣ ҳамроҳ зиндагонӣ мекарданд. Мурғ рӯзе ин тарафу он тараф рафта, камакак гандум ёфту хурсанд шуда, қуд-қудкунон ба назди ҳамроҳонаш омад:

Гандум ёфтам, гандум ёфтам! Орд кардан даркор. Кӣ ба осиёб мебарад? –болҳояшро афшонда гуфт мурғ.

-Ман намебарам!-танбалӣ кард мурғобӣ.

-Ман ҳам намебарам! -айёрӣ кард муш.

Мурғ худаш гандумро ба осиёб бурда, орд кард.

Акнун ордро кӣ ба хона мебарад? –болҳояшро афшонда гуфт мурғ.

-Ман намебарам!-танбалӣ кард мурғобӣ.

-Ман ҳам намебарам! -айёрӣ кард муш.

Мурғ ноилоҷ монд ва худаш ордро ба хона овард.

-Кӣ хамир мекунад?- боз пурсид мурғ.

-Ман намекунам!-якравӣ кард мурғобӣ.

-Ман ҳам намекунам! –хамёза кашид муш.

Мурғ ноилоҷ ордро хамир кард.

-Кӣ ҳезум мешиканад, кӣ танӯрро метафсонад? – илтимос кард мурғ.

-Ман ҳезум намешиканам! –ғо –ғо  кард мурғобӣ.

-Ман танӯрро наметафсонам! –худро ба хоб зад муш.

Мурғ алов кврду, танӯрро тафсонд. Кӣ нонро ба танӯр мечаспонад? –хоҳиш кард мурғ.

-Ман намечаспонам, метарсам –гуфт мурғобӣ.

-Ман ҳам намечаспонам!-гуфт муш.

Мурғ нонро ба танӯр часпонд. Нони суп-сурхи гармаку бомазаро канда ба руйи дастархон паҳн карда пурсид:

-Кӣ нон мехӯрад?

-Ман мехӯрам! Хушҳол шуд мурғобӣ

-Ман ҳам мехғрам! –гӯён муш ба дастархон наздик шуд.

Не шумо нон намехӯред! Барои он ки дар ин кор ҳисса нагузоштед, -рӯ овард ба онҳо мурғ ва ҳамроҳони коргурезашро ба сари дастархон роҳ надод.

Омодакунанда: Нарзуллоев Шаҳзод, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин