Наҳорӣ

Маҳсулоти лозима:
Ним пиёла биринҷ-  ( дар об ҷӯшонида)
Ним пиёла гречка  –  (дар об ҷӯшонида)
Тухм – 6 дона
Пиёз – 1 дона
Намак
Равған
Тарзи тайёр намудан:

Ҳамаи маҳсулотҳо  яъне биринҷу гречкаи пухтагӣ, тухм, пиёзи майда резакардаро ҳамроҳ  мекунем, намак  андохта  аралаш мекунем. Тобаро дар болои  алав мегузорем то  каме гарм шавад, баъди гарм шуданаш равған рехта, маҳсулотҳои дар  зарф тайёр кардаамонро мерезем,  сарпӯши тобаро мепӯшем ва баъдан алавро паст мекунем, мегузорем то амлети мо  тайёр шавад. Ҳамин, ки сахтак шуд, мефаҳмем, ки амлети мо тайёр шуд. Гирифта мебурем ва пешкаши азизони худ мегардонем. Метавонед бо кетчуп ё майонез истеъмол кунед.
1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин