Накӯӣ кас надид аз май ба олам

Таҷрибаи ҳаёт нишон дод, ки ба амал омадани ҷинояту ҳодисаҳои номатлуб, нохушиҳои зиндагӣ, ғоратгарию таҷовузу шармандагӣ, беобрӯгию бешармӣ бештар ҳангоми майнӯшиву нашъакашӣ сар мезанад, ки аз он ҳам ба ҷамъият ва ҳам ба истеъмолкунандагон зарари моддию маънавӣ мерасад. Дар натиҷаи майнӯшӣ ё нашъакашӣ садҳо оилаҳо хонавайрон, кӯдакони онҳо зиндаятим, чанд нафар ба фалокат дучор шуда, маъюбу маслуқ гаштаанд. Бадтар аз ин ҳазорҳо одамон аз қатори одаму одамигарӣ тамоман баромадаанд:

Накӯӣ кас надид аз май ба олам,

Бувад шодии ӯ пайваста бо ғам

Оиди ин мавзӯъ мехостам фикру андешаи худро баён намоям. Байни бархе аз ҷавонон имрӯз одате пайдо шудааст, ки гӯё аз сигоркашиву майнӯшӣ онҳо дар доираи худ обрӯ дошта бошанд. Онҳо бо ақли кӯтоҳи худ фикр мекунанд, ки аллакай бар камол расидаанду ҳамаи кор ба онҳо мумкин аст, агар волидайну устодашон аз ин хӯи бад онҳоро бароварданӣ шаванд бо дӯғу пӯписа калон буданашонро ба онҳо нишон медиҳанд. Мастиву майпарастӣ аз одатҳои бади инсон ба ҳисоб меравад, зеро аз онҳо танҳо шармандагӣ мемонаду бас. Иддае аз ҷавонони мо ба нашъакашӣ майл доранд, ки ин одати разила имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар урфият мегӯянд: “мастию пастӣ”. “Девона гурез, ки маст омад”

Накунад доно мастӣ, нахӯрад оқил май,

Наниҳад хирадманд сӯи пастӣ пой!

Май оташест, ки ақлу хирадро месӯзонад. Ва шахси боданӯш тира аз ақл мемонад ва оқибат ӯро шармандаву бе обрӯ мегардонад:

Дӯстӣ ҳаргиз макун бо бодахӯр,

Аз чунин кас хешро дур дор.

Май ба одам зарар дорад ва ин заҳр оқибат ғаму андӯҳ орад. Доноёни ҳаётдида гуфтаанд:

Эй бародар, маёр рӯ ба рӯи шароб,

Баҳри андӯҳу ранҷ аст ин об.

Душмани ақлу хасми ҷон ин аст,

Хонавайронкунии ҷаҳон ин аст.

Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадам, ки нашъамандиву майпарастӣ пайравии нохуби ҷавони камақлу калонсолони бехирад буда, сабабгори бемориҳои зиёд, тирашавии ақлу хирад ва кӯтоҳии умри инсон мегашттаст:

Хӯи бад бар тан балои ҷон бувад ,

Мардуми бадхӯ кай инсон бувад.

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин