Нашъамандӣ ва СПИД ду падидаи номатлуб

Зиндагӣ мегузарад, оне ки ҳамқадами он намешавад, танҳо мемонад. (Максим Горкий)

         Имрӯз ҷомеаи ҷаҳони дар раванди бемайлонаи илму техника қарор дорад. Пешрафту шукуфоии оламро бе донишу маърифат наметавон тасаввур кард. Қисме аз мамолики пешқадами дунё ба фарогирии нерӯҳои ақлонию эҷодӣ мушкилоти молиявиро ҳал намуда бошанд ҳам аз нигоҳи падидаҳои номатлубе, мисли нашъамандӣ ва СПИД (вируси норасоии маснунияти бадан) изҳори ташвиш менамоянд. Зеро давра ба давра зиёд гардидани шумораи он назми ҷомеаро халалдор намуда, сиҳатии насли минбаъдаро зери шубҳа мегузорад.

         Мутаассифона, ин мушкилоти азим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад. Бар асари муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ ва масъулиятношиносии қисме аз ҷавонон аллакай хатари зиёд шудани нашъамандону гирифтори бемории СПИД яъне вируси норасоии маснунияти бадан вуҷуд дорад.  Пас чӣ бояд кард?

         Шарти аввал саривақт ба ҷои кор таъмин намудани ҷавонон мебошад, зеро ҷавонони бекор дар фурсати даври гузариш ба моҳияти амал чандон сарфаҳм намераванд. Дигар ташкили мизҳои мудавар, вохуриҳо, намоишҳои мазмуни телевизионӣ, барномаҳои радиоӣ, тарғиб ба воситаи матбуоти даврӣ ба суди паст кардани сатҳи афзоиши ин ду падидаи номатлуб аст. Аксарияти ҷавонони сустиродаи мо бо як санҷиши таъсири маводи мухаддир ба зулмоти ин амал меафтанду одат мекунанд. Санҷиши амали бад манфиате ба бор намеорад. Барҳак халқ ҳақиқатеро ба мо мерос гузоштааст.

Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ,

Бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ.

Нашъа растании худрӯи заҳрнок буда, воридшавии он ба организми инсон бо пайдошавии бемориҳои мухталиф боис мегардад. Аз ин рӯ ҷавонони мо набояд ояндаи дурахшони худро бо дуди ин алаф ба зулмат табдил диҳанд. Онҳо бояд чун ворисони асили Рӯдакиву Сино ба олами эҷоду фарҳанг мароқ зоҳир намоянд. Танҳо илму маърифат метавонад шарики боътимоди инсон бошад.

         СПИД (вируси норасоии маснунияти бадан) низ оқибати фалокатбор дорад. Аз ин рӯ пеш аз иҷрои амале дар бораи оқибати он андешидан рисолати инсонии мост. Пас барои расидан ба мақсад ҳамагон бояд ҷиҳати решакан кардани нашъамандӣ ва СПИД (вируси норасоии маснунияти бадан) тадбирҳои мушаххас биандешем. Зеро:

      Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Хулоса, мо ки худро миллати соҳибкитобу тоҷдор ба ҷаҳониён муаррифи кардаем набояд ба ин амалҳои зишт мурасо намоем. Зеро ба ҳуввияти миллии мо бегона аст. Камоли маънавиёти инсон кафили амнияти кишвар аст. Пас сиҳатии омма шарти рушди давлат буда, боиси тавоноии кишвар мегардад.

Омодакунанда: Нурматов Меҳроҷ, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 10

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин