Нависандаи дӯстдоштаи ман

Шоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бе шоире анбори гил.

Шеър шоир асту шоир шеър. Ин ду вожа дар ҳолатҳои гуногун якдигарро иваз мекунанд. Яъне шоир шеърро ва шеър шоирро ба ёд меорад. Мардум нисбат ба шоир эҳтироми хоса дорад, зеро шеър дар раванди зиндагӣ ба инсон шодию сурур бахшида, дар фурсати андӯҳ ба таскини дил боис мегардад. Аслан шоири аслро на аз рӯи андозаи ашъор, балки бо санъати гуфтор мешиносанд. Амир Хусрави Деҳлави чунин гуфтааст:

Як саҳифаи пур аз шарораи шавқ,
Беҳтар зи дусад китоби безавқ.

Ҳар шахс вобаста ба низоми ақлу завқ шоири дӯстдоштаи худро дорад. Аз ин рӯ, ман ба ашъори шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ дилбастагии зиёд дорам. Маънии ҷовидонии ашъори мавсуф ба он боис гашт, ки ӯро шоири дӯстдоштаи хеш пиндорам.

Шеъри Лоиқ бо равони мисли дарё бо тароват боғи гулҳо ва бо назокат ҳусни гулҳост. Ашъори шоир бо фарогирии мавзуъҳои бекарона ва тоҷикона буда, ба инсон аз давлати шеъри волои шодиёна меорад. Лоиқ оламро бо дили фаррохи шоирона нигариста ба умқи ҳодисаву воқеа мерасад.

Хулоса, бешубҳа шоири халқи Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ашъори равон ва беназираш дар дили ҳазорон ҳаводорони каломи мавзун кохи муҳаббати зиндагиро бунёд кардааст. Халқи тоҷик аз ҷумла шахсан ман бо номи ӯ ифтихор мекунам ва бо сари баланд мегӯям:

Лоиқо бовар бикун ту Лоиқи дунё шудӣ,
З-ин сабаб бо шеърҳоят дар дили мо ҷо шудӣ.
Гар шуморам шоиронро қатраи борону барф,
Қатраи ту ҷӯш зад, ту дар дилам дарё шудӣ.

Омодакунанда: Рустамов Даврон, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин