Навозандагони ҷангал

Шахсе хар дошт. Вай солҳои зиёд ба соҳибаш хизмат карда буд. Вай хеле сабру таҳаммул карда аз ҷангал барои гармидиҳӣ ҳезум ва аз осёб орд меовард. Аммо вай акнун пир шуд ва қувваҳои баданаш ӯро тарк карда буданд ва барои хизмат кардан бекора гардид. Баъдан соҳибаш хост аз ӯ дур шавад.

Хар инро фаҳмид, ки ҳеҷ хуби ӯро интизор нест, хост дар як рӯзи хуб аз хона баромада равад. Вай ба тарафи шаҳр рафтан гирифт. Умедвор буд, ки дар он шаҳр навозандаи хуб хоҳад шуд.  Ӯ охирин маротиба гашта ба деҳаи худ нигоҳ карда, баъдан бо гӯшҳои хамида ва қалби гирён роҳро давом дод. Ва дар чашмонаш ду ашки калон пайдо шуд.

Ӯ дар баробари роҳ рафтан саги шикориеро дид, ки дар як тарафи роҳ дароз кашида буд ва даҳонашро кушода бо мушкилӣ нафас мекашид.

-Эй дустам, барои чӣ бо мушкилӣ нафас мегирӣ? – пурсид хар, оромона ӯро.

-Эҳ напурс! – ҷавоб дод саг. – Пир шудам ва аллакай рафта шикор карда наметавонам, барои доштан беқувват шудаам. Ба соҳибам нодаркор шудам ва ӯ маро ба ин роҳ партофт. Ва намедонам аз куҷо як пора нон ёфта хӯрам.

— Оё шумо медонед, ки — гуфт хар ба ӯ – ман ба шаҳр рафта истодаам ва мехоҳам навозандаи шаҳр шавам. Биё бо ман меравем! Назар ба танҳоӣ ҳарду зиндагӣ кунем беҳтар нест? Ман най менавозам ту бошӣ доира менавозӣ. Якҷоя бозӣ кардан шавқовар аст, нисбат ба оне ки якка бозӣ мекунӣ!

Саг фикр карду розӣ шуд. Саг аз замин бархест ва онҳо ба роҳ қадамзанон рафтанд.

Онҳо роҳи дур нарафта буданд, ки ҳанӯз як гурбаеро диданд, ки хеле фарсудаҳол буд, гӯё касе ӯро лату куб карда бошад.

-Чӣ шудааст бо ту, ту ин қадар фарсудаҳолӣ? — хар пурсид.

— Чӣ тавр хурсанд ва шод бошам, ҳангоме, ки рӯзҳоям башуморанд – ҷавоб дод гурба.

Ман пир шудаам ва дандонҳои ман кунд шудаанд, ҳангоме ки дар назди оташдони гарм нишаста шир мехӯрдам ва қуввати доштани мушро надорам. Соҳиби ман қарор гирифт, ки аз ман ҷудо шавад, вай хост маро ба дарё партояд аммо ман гурехтам. Боз ногоҳ соҳибам аз пайи ман омада наистода бошад, аз ин маро тарс фаро гирифтааст. Касе нест маро хӯронад, ман аз гуруснагӣ мемирам!

— Биё, бо мо ба шаҳр меравем – пешниҳод кард хар ба гурба. — Медонам, ки ту дар шабҳо беҳтарин менавозӣ ва метавонӣ ҳамроҳи мо навозандаи шаҳрӣ шавӣ.

Ин пешниҳод ба гурба маъқул шуд.

Гурба ҳамроҳи сагу хар сафар карданд ва роҳи дуру дарозеро тай намуданд – деҳаи навбатиро гузашта буданд, ногоҳ хурӯсеро диданд, ки бо овози баланд дод мезад.

-Чаро ин қадар дод мезанед? – пурсид хар.

— Пагоҳ меҳмон хоҳад омад, — гуфт хурӯс. — Лекин ман онҳоро намебинам, чунки аз гӯшти ман хӯрок тайёр мекунанд. Аз ин рӯ, ин қадар баланд садо мебарорам, чунки охирин рӯзам аст.

— Гӯш кун хурӯс, ту аз ин ҷо бигурез! Ту дорои овози хуб ҳастӣ ва агар бо мо ба шаҳр равӣ, мусиқии хуб тайёр мекунем! Мо бозӣ хоҳем кард, ту бошӣ месароӣ.

Ин фикр низ ба хурӯс хуш омад ва онҳо ҳама якҷоя роҳро давом доданд.

Бегоҳӣ онҳо ба ҷангал даромаданд ва хостанд, ки истироҳат кунанд. Хар, саг ва гурба дар зери дарахти калон каме нишастанд ва хурӯс бошад ба шохчаи дарахт парида баромад. Ба гирду атроф нигоҳ кард ва дар масофаи дур аз тиреза равшании чароғеро дид.

— Эй, ман хонаро мебинам! –дод зад хурӯс ба рафиқонаш. – Мумкин, ки дар он ҷо одамони хуб бошанд ва шояд моро то саҳар роҳ диҳанд…

— Шояд устухон диҳад, то ки гурусна намонем! – саг орзу кард.

Равшании чароғ рафиқонро ба як хоначаи дар ҷангалбуда овард. Хар ба тиреза назар кард.

— Мизи пур аз хӯрока ва якчанд роҳзанҳои бадшаклро мебинам. Шояд инҳоро ғорат карда дуздиданд ва нишаста маишат карда истодаанд. – ӯ гуфт.

— Инҳоро даф кардан даркор! – бадқаҳрона гуфт саг.

Он гоҳ, хар пойҳои пешашро дар гулдони назди тиреза монд, саг ба гардани хар баромад, гурба бошад ба сари саг ҷаҳид ва хурӯс ба болои гурба парид ва ногаҳон онҳо дод заданд.  Баъдан ба як ҷаҳиш онҳо ба хона даромаданд.

Вақте, ки роҳзанҳо ин овозро шуниданд, тарсида ба ҳар тараф нигоҳ мекарданд. Онҳо як махлуқи бадҳайбат ва чандсараро диданд, ки он бо овозҳои даҳшатнок ба хона парида омад.

Дар он вақт, одамон хеле тарсида буданд ва розанҳо хаёл карданд, ки махлуқи ҷангалӣ ба назди онҳо омадааст ва онҳо аз болои миз парида гурехтанд. Бо ҳамин хар, саг, гурба ва хурӯс нишаста хӯрок хӯрданд.

Чун рафиқон сер карданд, хостанд барои худ ҷойи мувофиқи хобравӣ интихоб кунанд ва чароғро хомӯш намоянд.

Хар, ки аз ҳама калон буд дар байни хона хоб рафт. Саг дар наздикии поёни хона хоб рафт, гурба ба болои танӯри гарме, ки навакак оташи баланд дошт, баромада хоб рафт ва хурӯс бошад болои бомро интихоб кард. Рафиқон, ки роҳи дуру дарозро тай карданд, хеле монда шуда буданд ва тез хобашон бурд.

Дар ин вақт дуздон аз гирду атрофи хона мепоиданд ва диданд, ки чароғ кушта шуд ва ҳама ҷо хомӯш гашт. Он гоҳ марде аз он роҳзанҳо ғазабнок нигоҳ карда гуфт:

— Афсӯс, ки ин барвақт барои мо муайян нашуд, ки мо натарсем! Мо роҳзан ҳастем, аз мо ҳама метарсад ва ҳангоми дидан мегурезад!

Сардори ин гурӯҳ якеашонро барои тафтиш ба хона равон кард, ва аз ӯ хоҳиш кард, ки дар хона чӣ ҳодиса шуданашро омада гӯяд.

Роҳзан ба хона наздик шуда тарсон ба дар даромад. Он ҷо хеле торик буд, вай ҳеҷ чизро намедид ва хост як шамъеро гирён намояд. Ба ҳар канори оташдон нигоҳ кард ва ду чароғчаи равшанро дид ва фикр кард, ки ин пораҳои ангишт аст. Онҳо чашмони гурба буданд, ки нурро инъикос мекарданд. Вай дастонашро дар ба онҳо наздик кард ва гурба бошад ҷунбида овози худро каме баровард ва бо нохунҳои дарозаш ба дасти роҳзан зад.

Роҳзан дар шубҳа афтод ва хост баргашта аз дар барояд, аммо нохост ба хар наздик шуд. Хар пурра бедор нашуда бо дастонаш ӯро зад аз дарди зиёд роҳзан овоз баровард. Саг аз ин овоз бедор шуд ва бо нохунҳояш ба пойи роҳзан зад ва аз ин ғавғо хурӯс бедор шуда, бо парҳояш каф зада бадҳайбатона дод зад. Роҳзан аз хона ҷаҳида бо тамоми қувваташ ба ҷангал гурехт. Вай нафас гирифта, хост гӯяд, ки он ҷо чӣ рӯй дод:

— Эй бародарон! Бо азобе пойҳоямро берун кардам, аз ман хостанд пӯстамро пурра канда гиранд! Дар ин хона ҷодугари нафратангез аст, вай ҳар гуна овоз мебарорад, дод мезанад ва бо нохунҳояш ба дастону пойҳоям мезад. Дар байни хона махлуқе аст, ки маро бо асои калон лату куб кард. Якеаш дар назди дар буд ва бо нохунҳояш пойҳоямро сӯрох карданӣ буд. Ва дигаре дар болои бом буд ва дод зад, ки “Дуздро доред!”. Бояд аз назди ин хона дур шуда, гурезем!

Дар ин шаб, роҳзанҳо аз ҷангал баромада рафтанд ва ҳеҷгоҳ барнагаштанд.

Ва ин чор рафиқон дар ин ҷангал дӯстона ва якҷоя зиндагӣ карданд!

  1. Ёкубов Бузургмехр Валиевич:

    агар имконият мешуд афанди ва ё ягон суханхои хазломез хамрох мекардед маъмурияти мухтарам то ки каме хам бошад табассум кунем

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *