Некӣ бимонад ҷовидон

Нушервони одил аз вазири худ мепурсад: – Тавонгар кист?
Бузургмеҳр ҷавоб медиҳад: – Он кӣ бо ҳама некӣ кардан мехоҳад.
Нушервон боз мепурсад: – Бадтарин кас кист?
– Бадтарин кас онест, ки бадхоҳи одамон асту ба онон бадӣ мекунад – мегӯяд, Бузургмеҳр.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки инсони нек бояд дар ҳамаи давру замон аз худ амали неке ба ёдгор гузорад, то пас аз марг ӯро ба некӣ ёд кунанд. Нек будан амали нек аст. На ҳамаи одамон дар зиндагӣ кори хайре мекунанду ҳамчун шахси некӯсиришт шинохта мешаванд.

Шахси неку хайрандеш ҳамеша бообрӯ, соҳибхирад, некном ва маркази диққати ҳамагон аст. Накӯкорон ҳамеша бо мадади Офаридгори бузург дар раҳматанд. Беҳуда нагуфтаанд:

Ҳар кӣ ӯро хайр одат мешавад,
Бегумон молаш зиёдат мешавад.

Накӯкорӣ, яке аз хислатҳои бузурги инсонист. Шахси некӯсиришт аз рӯзе, ки худро мешиносад, дар байни ёру рафиқон ва наздикону пайвандонаш фарқ карда меистад. Асоси некиву накӯкорӣ ва ростқавливу поквиҷдонӣ дар тарбияи оилавӣ ва муҳити иҳотакарда сурат мегирад. Волидонанд асос, ки тифлони худро дар рӯҳияи одаму одамдӯстӣ ва некиву ростқавлӣ ҳидоят менамоянд.

Равшан ва аниқ, аст, ки бунёди китоби қадимаи тоҷикон «Авесто»-ро рафтори нек, гуфгори нек ва пиндори нек ташкил мекунад. Оре, рафтору гуфтору пиндори нек асоси хислатҳои наҷиби инсонианд, ки чун гармии офтоби рахшон ба дилҳо гармию ҳарорат, ба чашмон нуру рӯшноӣ, ба ҳаёт ранҷу таровати дилчаспу хушӣ мебахшанд.

Бузургмарде дар ин бора чунин изҳори андеша кардааст, ки сабақи зиндагист: «Накӯкорӣ рисолати ҳар инсон аст. Инсоне, ки рисолаташро ба ҷо оварда наметавонад, дар қатори ҳайвон аст».

Накӯкорон ҳамеша дар раҳмати Яздони пок қарор доранд. Валек бадону бадсириштон байни ҷомеаву мардумони он обрӯю эътиборе надоранд. Барои он ки сазовори номи неку рафтори шоиста гардем, бояд пайваста бикӯшем, ки накӯкору мададрасон бошем. Зеро ҳар як инсони асил дар зиндагӣ меъмори хеш бояд бошад. Бо бадон муносибати дустӣ пайдо накунад. Пайваста кори некеро анҷом диҳад, то сазовори номи нек гардад. Чунончӣ устод Рӯдакӣ гуфтаанд:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Ҳар як инсон маҳз тавассути як амали неки ба анҷомрасондааш шӯҳратёр мегардад. Зеро аз анҷоми ягон амали зишт касе ба ҷое нарасидааст.

Аз хуб боғ, аз бадон доғ мегӯянд. Ҳеҷ як носазое ба дилҳо роҳ наёфтааст, зеро ӯ зишт аст, носазост, ки ҳамаи носазоиҳо норавоянд. Некон дили озод аз фикрҳои нопок доранд ва ҳамеша пайи анҷоми амали хайранд.

Дар чашми покбин набувад расми имтиёз,
Дар офтоб сояи шоҳу гадо якест.

Дунё саросар пур аз шодиву хурсандӣ ва ғаму дардхост. Инсон, ки ҳамчун як мавҷуди бузурги олам арзи ҳастӣ мекунад, чун офтобест, ки лаҳзае ҷилои равшанию нур медиҳаду лаҳзае ба ғуруб меравад. Чун оташест, ки даме бо сӯхтану сохтанҳояш ҷаҳонро пурнуру сипас ба хокистар мубаддал мегардонад. Агар инсон хоҳад, бо қувваю мафкураи бузургаш сангро ёқут ва лаълро гавҳар мегардонад, вале агар хоҳад, зиндагиро тамом мебахшад.

Ин аст, ки инсонҳо метавонанд зишту бадкор ва неку накӯкор ба воя расанд. Хуш он рӯзест, ки дар хонаи накӯёну накӯкорон тифле ба дунё меояду сафи ононро меафзояд, зеро некон табиатан ҳамаи хислатро соҳиб буда, ба дунёи равшан меоянд. Мақсад аз зиндагӣ кардану имон оварданашон ба Худои мутаол ва эҳтирому накӯкориашон ба бандагон нек будану нек мондани хотироту шаъну шарафи инсониашон аст. Шояд ононро шиор ин аст:

Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,
Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

Хуллас, инсон танҳо тавассути некиву накӯкорӣ, саховатмандиву мардонагӣ метавонад сазовори номи неку рӯзгори осоишта бигардад.

Зи некон ҳар нафас некӣ бимонад,
Касе к-ӯ нек зист, арзе ситонад.

13+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин