115 Зарбулмасал

  1. Агарчӣ сухани нек надошта бошӣ, пас, дили нек дошта бош.
  2. Қадри обро касе медонад, ки чоҳ кандааст.
  3. Ба хари танбал бори бештар мегузоранд.
  4. Гувоҳи дурӯғгӯй ҳамеша тайёр.
  5. Олим аз илму дониш сухан мегӯяду аҳмақ аз чизҳои хӯрдааш.
  6. Агар барои нотавонӣ хашмгин шавӣ, далел он аст, ки қавӣ нестӣ.
  7. Оташи хашмро бо оби сукут хомӯш бинамо.
  8. Ҳар кӣ худро нашиносад, ӯро нашинос.
  9. Дӯсти ҳокимшуда дӯсти гумкарда аст.
  10. Агар хоҳӣ дар роҳи ҳаёт шикаст нахӯри лаззати дунёро дар моли дунё набин.
  11. Дар савдо дӯстӣ нест.
  12. Агар хоҳӣ зиндагият хуб гузарад, сабр намо.
  13. Саг дар кӯчааш шер аст.
  14. Агарчӣ зиндагият бе ғам намешавад, вале ғами беҳуда махӯр.
  15. Ҳаргиз дар ҷустуҷӯи ишқ мабош, чунки зиндагӣ худ ишқ аст.
  16. Чашмгурӯснагон аз баҳри фарзанд мегузаранд, вале аз баҳри пул не!
  17. Одам дар зодгоҳи худ азиз аст.
  18. Дар дӯсти самимият лозим аст, дар вақти ҳисоб – дақиқият.
  19. Оромӣ – доноӣ – хашмнокӣ – нодонӣ.
  20. Одамро аз рӯйи либосаш пешвоз мегиранд ва аз ҷиҳати ақлу хирадаш гусел мекунанд.
  21. Касе, ки бисёр дидааст, бисёр медонад, касе, ки бисёр гап мезанад, чизе намедонад.
  22. Аз кӯҳансол мапурс, аз корафтода пурс.
  23. То вақте, ки дар дегат шӯрбо меҷӯшад, аз ту дида одами хуб нест.
  24. Худситоӣ машғулияти бекорчӣ аст.
  25. Он чӣ, ки ба меъда зиён мерасонад, ғизо нест; он касе, ки ба ту ғаму андӯҳ меоварад, дӯст нест.
  26. Сарвати мол дорӣ, дар барат ҳазор дӯст; пулу молат, ки рафт ку ҳамон дӯст?
  27. Як хушомадгӯйи бадтар аз даҳ хӯҷаин аст.
  28. Сарвати барзиёд – дарди сар.
  29. Аз гиря кардан бар сари мурда, ба зинда кӯмак кардан савоб аст.
  30. Аз одами бераҳм саги вафодор беҳтар аст.
  31. Аблаҳро пурсидан ҳоҷат нест, худаш ҳамаро нақл мекунад.
  32. Нонро гармиаш хубу, суханро ростиаш.
  33. Обро ба ҷое рез, ки хушк бошад, ханро дар ҷое гӯй, ки лозим бошад.
  34. Девор аз таҳкурсияш хароб мешавад, дарахт аз болояш, одам аз дилаш.
  35. Муллои ҷоҳил гирли дег чарх мезанад.
  36. Ҳавои бад тағйир меёбаду одами бад не!
  37. Ҳар як нокомӣ қадамест, барои комёбӣ.
  38. Танбалӣ остонаи қашшоқӣ аст.
  39. Ҷомаро наваш хубу, дӯстро кӯҳнааш.
  40. Зебоӣ дар сухан аст, на дар чеҳра.
  41. То шахси бадро нашиносӣ ба қадри одами хуб намерасӣ.
  42. Ашёро баъд аз шикастан ва одаму ҳайвонро баъд аз мурдан ба қадраш мерасанд.
  43. Сухани хуб морро аз лонааш берун меоварад.
  44. Ба некӣ ҳар кас ба некӣ ҷавоб дода метавонад, аммо ба бадӣ танҳо марди ҳақиқӣ некӣ мекунад.
  45. Дар ҷавони илм омӯз, дар калонсолӣ онро ба кор бар.
  46. Шири гов аз даҳонаш вобаста аст.
  47. Худо, ки шифо дод, табиб ба пои худаш меояд.
  48. Барои шахси боистеъдод ва меҳнатдӯст сарҳад мавҷуд нест.
  49. Дар ҷое, ки сухан эътибор дорад, кор пеш меравад.
  50. Зиндагонӣ мегузарад, оне, ки ҳамқадами он шуда наметавонад, танҳо мемонад.
  51. Ба инсоне, ки муҳаббат надорӣ, дӯстӣ макун.
  52. Маслиҳат аз хизмат бартарӣ дорад.
  53. Вақт – тӯҳфаи қимматнок аст.
  54. Комёбии беназири забон дар фаҳмо будани он зоҳир мегардад.
  55. Некӣ, тарраҳум – он чизест, ки кар мебинад ва нобино мешунавад.
  56. Виҷдон қонуни қонунҳост.
  57. Илм барои ҳаёти инсон чизи ҳатмӣ ва зарурист.
  58. Мо худ умрро кӯтоҳ намекунем, кӯтоҳумрӣ ба мо насиб шудааст.
  59. Ҳар он, кӣ беандеша сӯхан гӯяд, хато бошад.
  60. Ҳамон шахсе худро таъриф мекунад, ки худро эҳтиром мекунад.
  61. Танҳо аз оне метавон омӯхт, ки ӯро дӯст медорӣ.
  62. Хато кардӣ, аз ислоҳаш сар мапеч.
  63. Оне, ки рӯҳафтода шудааст, пеш аз маргаш фавтидааст.
  64. Барои он, ки ба оянда бирасӣ, аз гузашта омӯз.
  65. Касе, ки иштибоҳ намекунад, таҷрибаандӯхта намешавад.
  66. Инсон мавҷуди олиест, ки ба ҳама чиз одат мекунад.
  67. Вақте, ки силоҳҳо садо медиҳанд, забонҳо хомӯшанд.
  68. Магаси шитобкор ба шир меафтад.
  69. Бекор – забони бадгӯй дорад.
  70. Аз дурӯғ гуфтан, хомӯш нишастан хубтар аст.
  71. Дар вақти торикӣ ҳама гурбаҳо якранг метобанд.
  72. Зоҳирро дигар кардан мумкин аст, аммо хислатро ба гӯр мебаранд.
  73. Зоғро агар бо гулоб шӯянд ҳам, сафед намешавад.
  74. Шӯъларо ҳоло, ки аланга нагирифтааст, хомӯш кун.
  75. Ҷое, ки уқоб нест, бум уқоб аст.
  76. Ҷое, ки гулҳо шукуфтаанд, занбӯрҳо ҷамъ мешаванд.
  77. Зоҳиран ҳамвору ботинан хордор.
  78. Мурғи ваҳширо ба косаи заррин ҳам хӯрок диҳӣ, ба беша гурехта меравад.
  79. Борон қатраи хурд аст, аммо рутубаташ зиёд.
  80. Агар кор омад накунад, дар хушкӣ ҳам ғарқ мешавӣ.
  81. Аз паси дуд тохту беоташ монд.
  82. Қошуқи калони бехӯрок касеро сер намекунад.
  83. Агар сӯзан гузашт, ришта ҳам мегузарад.
  84. Ҳар як қурбоққа ботлоқи худро таъриф мекунад.
  85. Об ба куҷое, ки ҷорӣ мешавад, моҳӣ ҳам ба ҳамон тараф шино мекунад.
  86. Дурӯғ аз рост ширинтар аст.
  87. Бӯр нақши сафед мегузорад, ангишт нақши сиёҳ.
  88. Бисёр доштан на ҳамавақт хуб аст.
  89. Ҳар чиз, ки безеб манамояд, хуб аст.
  90. Ҷав коридӣ умеди гандум макун.
  91. Ҳоло, ки асп нест, аз хар намон.
  92. Хирси гурусна шӯхиро намедонад.
  93. Сер бо гурусна бозӣ намекунад.
  94. Агар дар боғ гул набошад булбул ҳам намесарояд.
  95. Мурдаи як паланг – тӯйи ҳазор рӯбоҳ.
  96. Аз гург гурбача мерӯяд.
  97. Бар сари ҳар хӯҷаин боз хӯҷаине ҳаст.
  98. Хар ҳарчанд давон бошад, ҳам асп шуда наметавонад.
  99. Мор зоҳиран ҳамвор аст аммо ботинан заҳрдор.
  100. Хӯроки меҳнатӣ ширин мешавад.
  101. Гадо аз саг наметарсад.
  102. Даре, ки аз он даромадӣ сахт мапӯш.
  103. Касе, ки дарахт шинонад, дар сояи он истироҳат мекунад.
  104. Барои зоғ зоғчааш сафед, барои хорпӯшт бачааш нармак аст.
  105. Вақте, ки тӯфанг набошад, бо оҳӯ дучор мешавӣ.
  106. Ба гург раҳм кунӣ, туро мехӯрад.
  107. Роҳи савдогарон як аст, аммо ризқашон гуногун.
  108. Ҷангҷол, ки гузашт зӯрҳо бисёр мешаванд.
  109. Чизе, ки худо надод мулло намедиҳад.
  110. Кор занҳо – баракати хона.
  111. Барои доништалаб то Бағдод як қадам роҳ аст.
  112. Тарзе ибодат кун, ки гӯё пагоҳ мемирӣ.
  113. Танбал барои кор кардан вақт надорад.
  114. Иштиҳои одами бекор ҳамеша хуб аст.
  115. Панд ба нодон боронест дар шӯристон.
  1. Мухаммад Асрор:

    Бехтарин сомонаи инноватсиони барои толибилмон. Умедворем, ки чойгиркунии маълумотхо фаъолтар мегардад. Хуб мешуд барои хар як нашр тугмачахои Like ва Share чойгир мекардед. Ташаккури зиёд!!!

  2. Muhammadjon:

    Рахмат барои сомонаи кушодаатон дар хакикат авалин сомонаи ки ман дидам дар точикон бехтарин

  3. maktab.tj лучшее чем другие…

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *