Ба кӯдакон чӣ тавр одати китобхониро касб кунем?

Муҳаққиқони соҳаи педагогика мутмаинанд, ки кӯдакони аз синну соли хурдӣ китобхониро саркарда дар таълими мактабӣ ва ҳаёти иҷтимоияшон муваффақтаранд.

Бо расидани мавсими тобистон инсон хоҳу нохоҳ дар орзӯи табдили макон ва машғалаи рӯзмаррааш мешавад. Чунин ҳолат дар таътили тобистонаи мактаббачагон низ акси худро пайдо мекунад. Кӯдак мехоҳад, ки аз китобу дафтарҳои дарсӣ раҳоӣ ёфта, раҳовати ҳавои гарми семоҳаро пурра зиндагӣ намояд. Аммо набояд аз хотир баровард, ки пас аз тобистон дарсҳо боз оғоз меёбанд ва таълими фаъоли нӯҳмоҳа бо пурра таҷрид кардани хеш аз китоб дар се моҳ барбод мешавад.

Сомонаи www.ehow.com дар саҳифаҳои худ чанде тавсияҳор ҷой додааст, ки чӣ тавр метавон кӯдаконро ҳини таътили тобистона бештару муфидтар бо китобхонӣ машғул кард.

Дар ҳама ҷой китоб хонад: Кӯдакон баъд аз соли тӯлонии хониш байни чор девори мактаб дар рӯзҳои офтобӣ тохту тоз карданро мехоҳанд. Аз ин сабаб онҳоро дар хона дошта бо китобхонӣ машғул кардан душвор аст. Пас кӯдаконро бояд нишон дод, ки дар ҳама ҷой китоб хондан мумкин аст. Чӣ дар соҳил, чӣ дар боғи истироҳатӣ ва чӣ дар истироҳати чандрӯзаи берун аз шаҳр китобхонӣ имконпазир аст.

Ҳама чизро хонад: Агар хоҳед, ки дар кӯдак одати давомноки хониш пайдо шавад, бигзор ҳар чизеро хост, дар доираи адаб бихонад. Ҳини бозорӣ рӯйхати харидро ӯ хонад. Ҳангоми сафар навиштаҷоти дар лавҳаҳои сари роҳ ва мағозаҳо мавҷудбударо аз ӯ пурсед.

Соати муйяни китобхониро таъин кунед: Дар баъзе аз мактабҳои миёна вақти муайян барои китобхонӣ ҷудо шудааст, ки тамомн син ҳамроҳи омӯзгор дар он соат китоб мехонанд. Дар хона низ чунин усулро метавон санҷид. Бигзор кӯдак ҳар рӯз қабл ва ё баъд аз хӯрокхӯрӣ 20 дақиқа китоб хонад. Китоби мехондаашро худаш интихоб кунад.

Ба китобхона баред: Кӯдаконро ҳатман ба китобхона баред. Бигзор бо усули китобдориву ҳаёти китобхона шинос шаванд. Дар китобхона ҳамроҳаш китоб хонед. Одати дар давоми ҳафта як маротиба ҳатман ба китобхона рафтанро пайдо кунад. Ҳамчунин дар китобхона дӯстони нав пайдо мекунад. Чунин ҳолат барои иҷтимоигардии кӯдак муфид аст.

Ҳикояҳои пеш аз хоб: Хониши масал ва афсонаҳо пеш аз хоб дар кӯдак на танҳо лаҳни дурусти гуфтор, балки ҳофиза, қувваи тахайюл ва мароқро инкишоф хоҳад дод. Агар аз овони кӯдакӣ одати масалхонӣ пайдо шавад, солҳои баъдӣ низ чунин одат ривоҷ хоҳад ёфт.

Одатҳои хуб мукофотонида шаванд: Дар таътили тобистона кӯдак мехоҳад вақташро бештар бо бозӣ гузаронад. Аммо чунин ҳолат набояд ӯро ба беинитозимӣ бурда расонад. Ҳатман мувозинати бозӣ ва омӯзишро дар худ муайян кард. Чунин мувозинатро аз овони кӯдакӣ бояд пойдор сохт. Чунин ҳолат баъдан дар тӯли ҳаёташ акси мусбии худро хоҳад ёфт. Ва ҳар вақте ки кӯдак чунин мувозинатро дуруст иҷро мекунад, ҳатман ӯро, мисол бо яхмосе мукофотонид.

Қабл аз тамошои филм китобашро хонед: Ҳини мавсими таътил филмҳои нав ба нав пардаи синамоҳоро «истило» мекунанд. Қабл аз ба тамошои филме рафтан, агар китобаш мавҷуд бошад, онро ҳамроҳ бихонед. Агар китоб мавҷуд набошад, аз ҳафтанома ва ё сомонаҳои интернетӣ танқидҳоро оиди филм хонед ва пас аз тамошои филм ҳаркас назарашро оиди он баён кунад.

Оинаи ибрат шавед: Қабл аз он ки ба кӯдак одати китобхониро касб кунонед, ҳатман худатон китоб хонед. Ҳар ҷое набошед, дар сартарошхона, ҳар пагоҳӣ ҳини ноништа кардан, ҳини интизорӣ ва дар нақлиёт ҳар дақиқаро бо хониш фоиданок бояд сарф кард. Чунин рафтори табиии шумо муассиртар аз гуфтору иҷборҳо бар кӯдак хоҳад гашт.

Ҳамроҳ хонед: Агар шумо китоб нахонед, аз кӯдак китобхониро талаб кардан кори абас аст. Вақто дар хонаед, шумо китоби худ ва кӯдак китоби худашро гирифта ҳамроҳ китоб хонед. Агар кӯдак боре аз чунин хониш завқ барад, пас дар давоми ҳаёташ аз хониш завқ хоҳад бурд.

«Навид.tj»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *