Bluetooth

Bluetooth-таҷҳизоти васли мобилии бесим – радиотаҷҳизотест (радиотехнология-радиоинтерфейс) бо тавоноии паст, ки бо мақсади иваз кардани пайвастнамоии кабелии шахсию утоқӣ(корӣ) ва таҷҳизотҳои хонагӣ бо фарогирии тайфи(спектор) васеи воситаҳои қобили ҳамлунақл хизмат менамояд.

Таҷҳизоти Bluetooth
Таҷҳизоти мазкур асбобҳои кӯчаки қабулу интиқоли мавҷҳои дар доираи хурд амалкунандаеро истифода мебарад, ки ё дар худи телефони мобилӣ ҷой дода шудаст, ё инки тавассути қабулгоҳ (порт)-и озод ва ё РС-карта пайваст гардидаанд. Мутобиқгарҳои махсус (адаптер) дар доираи 10 м амал мекунад ва бар акси IrДА, шарт нест, ки дар доираи биниши қарор дошта бошад, яъне байни воситаҳои алоқа метавонад монеаҳои гуногун бошад, масалан деворҳои хона.

Таҷҳизотҳое, ки Bluetooth-ро истифода мебаранд, дар ҳудуди 2,45ГГц ISM фаъолият меварзанд (Industrial Scientific Medical – ҳудуди саноатӣ; илмӣ ва тиббӣ) ва қодиранд, иттилоотро бо суръати то 720 кбит/с дар масофаи 10 м расонад ва ё 3 канали овозиро ирсол доранд. Чунин нишондод, бо истифодаи тавоноии 1мВт ба даст оварда мешавад. Агар васоити муаянкунанда муаян созад, ки масофа то таҷҳизоти ирсолкунанда камтар аз 10метр аст, таҷҳизоти мазкур тавоноии худро бадоҳатан (ба таври автоматӣ) то дараҷаи зарурӣ иваз мекунад. Таҷҳизот метавонад ба ҳолати(режими) сарфаи қувва гузарад, ҳангоме, ки миқдори иттилооти ирсолшаванда кам шавад ва ё қатъ гардад.

Таҷҳизот метавонад инчунин воситаи махсуси ҳолатҳои ивазшавандаи FHSS – (1600 зарба дар 1 сония)-ро истифода намояд. Ҳангоми кор асбоби мазкур, аз як ҳолати шиддати фаъолияти корӣ метавонад ба дигаре гузарад.

Истифодаи қувва аз ҷониби таҷҳизотҳои Bluetooth бояд дар ҳудуди 0.1Вт бошад. Ҳар як таҷҳизот суроғаи 48 Бит-аи махсус дорад, ки ба шакли стандартии шабакаҳои маҳаллии IEEE 802 шабоҳат дорад.

Ҳудуди 2,45 ГГц литсензионӣ нест ва аз ҷониби ҳавасмандон ба таври озод истифода бурда мешавад. Вале онҳоро комиссияи федералии алоқа (FCC – Federal Communication Commission) идора менамояд. Ин комиссия фақат метавонад як қисми ҳудудеро, ки ҳар як таҷҳизот истифода мебарад, маҳдуд созад.

Бадбахтӣ дар он аст, ки шумораи чунин таҷҳизот хеле бисёр шудааст – аз шабакаҳои бесим саркарда, ки стандартҳои 802.11 ва 802.11b қабул менамоянд то таҷҳизоти Bluetooth ва танурҳои электронии хӯрокпазӣ (микроволновка).

Дар айни ҳол комисия дархости васеъ намудани истифодаи ҳудуди фаъолияти таҷҳизотро барои Home RF ҳал карда истодааст (таҷҳизоти махсусе, ки барои аудио ва видео техника истифода мешавад).

Ин васеъсозии ҳудуди фаъолияти таҷҳизот, метавонад ба дигар таҷҳизот таъсир расонад, ки дар доираи як ҳудуд амал менамоянд.
Аз ин рӯ, FCE эълон доштааст, ки истфодаи шиддати мавҷҳои ғайриқонунӣ таъсири хеле манфӣ дошта метавонад ва имкон дорад, ки дар байни таҷҳизотҳо низоъҳои ҷиддиро барангезад.
Ширкатҳои дастгирикунандаи таҷҳизоти шабакаҳои бесим, аз он ҷумла, Bluetooth, бар зидди васеъшавии ҳудуди фаъолияти таҷҳизот Hame RF хеле фаъолона мубориза мебаранд.

Таҷҳизотҳои стандарти Bluetooth метавонанд байни худ васл гарданд ва бо ин васила пикосети(авҷи баланди шабака) ҳоро ташкил диҳанд, ки дар ҳар яки он то 256 таҷҳизот ворид шуда метавонад. Вале фақат яке аз таҷҳизоти мазкур метавонад, роҳбар бошаду (master), 7-тои дигар огоҳ (Slave) ва боқимонда дар ҳолати навбатдор. Пикосетҳо метавонанд якдигарро иваз намоянд ва ба таҷҳизоти хазинаи маълумот даст ёбанд. Пикосетҳо якдигарро ивазкунанда метавонанд шабакаи зиёдеро ташкил намоянд, ки дар онҳо иттилооти гуногун сайр мекунанд.

Мактаби ТИ

  1. Чи гуна ба сайт ҳамроҳ шавам

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *