Чӣ тавр аълохон шудан мумкин?

Компютер дўст ё душман?
Як вақтҳо телевизор мўъҷизаи аср ҳисоб мешуд. Ҳоло бо телевизори тасвираш секарата низ одамонро ба ҳайрат оварда наметавонед. Савол ба миён меояд: як вақтҳо бобоёнамон бе ин чизҳо чӣ тавр зиндагӣ мекарданд-а?!

Ҳоло бачаҳо ба кўча намешитобанд. Рўзи дароз дар назди компютер мешинанд. Вале ин ба касе маъқул нест. Модарон дар вохўрӣ бо ҳамдигар аз фарзандон шикоят мекунанд: «Писарам ҳеҷ кор намекунад, ин компютер нашуд, бало шуд, чӣ тавр ўро аз назди он дур кунам?!»

Ин аст, ки аксарият компютерро душман меҳисобанд. Ба назари волидон дар даруни компютер шайтон нишастааст, ки ҷигарбандони онҳоро ба дом мекашад. Оё роҳе ҳаст, ки аз ин компютер халос шавем ё аққалан онро аз душман ба дўст табдил диҳем?

Маълум мешавад, ки ҳаст. Дар Русия чунин як падари норизо аз рафтори фарзанд барои компютер барномае сохт бо номи «Назорати бозиҳо». Он мўҳлати бозиро дар компютер ба зери назорат мегирад. Барномаи мазкур ройгон паҳн шудааст. Онро ҳар кас метавонад аз суроғаи электронии www.logoburg.com/klub/gametime дастрас намояд. Чунин барномаҳое, ки аз болои кори истифодабаранда назорат мекунанд, зиёданд. Баъзеи онҳо на танҳо вақти истифодаро маҳдуд мекунанд, балки мундариҷаи саҳифаҳои интернетии кушодаи кўдакро тафтиш менамоянд ва агар он ба синну соли вай мувофиқ набошад, дастрасиашро манъ менамоянд.

Бо ин барномаҳо кўдакро ҳавасманд низ кардан мумкин аст. Агар бача аз мактаб баҳои нағз гирифта ояд, ба сифати мукофот чанд дақиқаи иловагӣ барои бозӣ дода мешавад.

Умуман, оё мо компютерро дуруст истифода мебарем? Маълум мешавад, ки не. Дар Русия низ ҳамчунин. Мегирем, чидани ҳарфро. Онро дар мактаб ёд медиҳанд. Вале ба дараҷаи даркорӣ не. Боре миёнаҳои солҳои навадум як нафар муаллим аз ИМА меҳмон шуд. Кори моро дар компютер дида, ба ҳайрат афтид. Гуфт: «Ман ба шумо – русҳо ҳайрон. О, Худованд даҳ ангуштро барои чӣ офаридааст?! Чаро дар чидани ҳарф танҳо ду ангушти ишоратиро кор мефармоед?»

Ман пеш бо даҳ ангушт кор карда наметавонистам. Ин усулро дар ду ҳафта ёд гирифтам. Донистани ин усул барои ҳама зарур аст. Онҳое, ки басуръат чоп карда наметавонанд, зуд монда мешаванд. Албатта, барои касе, ки ба чопи дуангушта одат кардааст, ёд гирифтани чоп бо даҳ ангушт душвор аст. Бинобар ин, хуб мебуд, ба кўдакон барвақттар усули чопи даҳангуштаро ёд диҳем.

Барои ин ба шумо барномаҳои махсуси омўзишӣ, машқгоҳҳо мадад мерасонанд. Ба ин вақт ва қувваи зиёд ҳам сарф намешавад, вале самаранокии кор чандкарата меафзояд. Аз барномаҳои махсуси зиёди омўзишӣ барномае бо номи Stamina (www.stamina.ru) осону қулай аст ва он ройгон паҳн карда мешавад. Вақти сарфшуда бо самаранокии кор ва баҳои аълои гирифтаатон ҷуброн мегардад. Усули аввалро таҷриба мекунем. Ангуштони дасти чапро ботартиб ба болои тугмаҳои ФЫВА (ASDF), ангуштони дасти ростро ба болои ОЛДЖ гузоред, ҳарфҳои боқимондаро ангуштони наздики онҳо пахш мекунанд, ангуштони ишоратӣ ба болои ҳарфҳои А ва О меистанд, нарангуштон фосила (пробел)-ро пахш мекунанд, баъди пахши ҳарфҳои наздик ангушти истифодашуда ба ҷойи худ бармегардад.

Усули дигари пешқадам, ки дар ин ҳолат ангуштон дар ҳолати бештари табиӣ қарор мегиранд, аз якум бо он фарқ мекунад, ки ангуштони дастони чапу рост дар болои ҳарфҳо ба тартиби ЫВАМ (SDFV) и ТОЛД (NJKL) меистанд.

Як маслиҳати муфид дар боби интихоби репититор
Ба умеди репититор шуда ҳама чизро аз даст надиҳед. Баъзе хонандагони синфи 11 ба дарсҳо фаъол нестанд, мавзўъро намеомўзанд. Баҳонаашон чунин аст:

-Дарсдиҳии муаллим ба ман маъқул нест. Ҳамаашро аз репититор меомўзам.

Чунин хонандагон чунон ба мўъҷизаи репититор бовар доранд, ки дар дарсҳо баъзан иштирок намекунанд. Дар натиҷа ҳангоми имтиҳон баҳои паст мегиранд.

Ба репититор он қадар зиёд бовар накунед. Беҳтараш фанро дар мактаб омўзед, аз дарсҳо намонед. Агар ба шумо репититор зарур аст, вайро дар байни муаллимони мактаб ҷўед. Фаромўш накунед: бо репититор аз рўйи барномаи мактабӣ машғулият бояд гузаронд.

Бештари волидон гумон мекунанд, ки репититори беҳтарин муаллими мактаби олӣ аст. Ин тавр нест. Бисёр вақт муаллимони мактаби олӣ мавзўъро аз рўйи барномаи мактабӣ намегузаранд, онҳо дар ин бора маълумоти кофӣ надоранд. Бинобар ин, мавзўъҳои зиёди нодаркорро ба бача таълим доданӣ мешаванд. Дар мавриди китобу китобчаҳои зиёди «Дастур оид ба тайёр кардани хонандагон ба имтиҳонҳо»… бояд гуфт, ки дар онҳо маълумоти зиёд ғунҷонда шудааст, вале аз онҳо фоида нест. Ба репититор низ маблағи зиёд сарф мешавад. Бо андаки он аз ҳисоби муаллимони мактаби худ репититоре ёфтан мумкин аст, ки манфиаташ бештар аст. Бинобар ин, волидони баақл аз байни коллективи мактаб муаллимонеро, ки бо дониши мустаҳкам ном баровардаанд, барои репититории фарзандашон интихоб мекунанд.

Дар имтиҳон ба қувваи пул ва восита низ бовар накунед. Боварӣ дорам, ки алайҳи он рўзҳои наздик роҳи муборизаро меёбанд. Бинобар ин, беҳтараш ба қувваи худ такя кунед.

Ман ба як чиз боварӣ дорам. Бо роҳи фиреб супоридани имтиҳон ба аълохонҳо намезебад. Аз ин рў, биёед, сўҳбати ҷамъбастиамонро оид ба даҳ қоидаи аълохоншавӣ идома диҳем.

Тарҷумаи Гуландом АБИЛОВА, корманди Пажўҳишгоҳи рушди маориф, Маҳмадшарифи РУСТАМ

«Омӯзгор»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *