Фарзандро хирадмандӣ биомўз

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳуҷҷати муҳим ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас дар рўҳияи инсондўстӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ нақши муҳим мебозад.

Ин ҳуҷҷати муҳим ба ахлоқи ҳамидаи гузаштагони хирадоини мо хеле созгор омадааст. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби «Ахлоқи Мўҳсинӣ»-и худ менависад, ки «Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод таҳсили адаб аст». Муҳаммад Ғаззолӣ дар китоби бузурги худ «Кимиёи саодат» овардааст:

Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар… дили ў пок аст… ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирўяд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ, ҳар чӣ хоҳад, кунад… ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ…

Аз ин лиҳоз, бояд падару модарон рисолати муқаддаси худ, яъне тарбияи фарзандро беҳтарин амал донанд, то ҷомеа соҳибмаърифату соҳибфарҳанг гардад.

Дар боби 2-и моддаи 8-и қонун таъкид шудааст, ки волидон «дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то 20-солаашонро манъ намоянд». Мутаассифона, волидоне ёфт мешаванд, ки ба хотири хушнудии фарзанди хеш ба ҳама кор қодиранд: ба марказҳои дилхушӣ бо худ бурдан, либосҳои қиматбаҳо харидан, бо телефони мобилӣ таъмин кардан… Беҳуда нагуфтаанд:

Фарзандро кунад ду чиз хароб:
Ҳаваси зиннату ҳавои шароб.

Агар ба сару либоси имрўзаи баъзе духтарон таваҷҷўҳ фармоем, фарқ наметавон кард, ки онҳо мактабхонанд ё наварўс. Дар ин самт бепарвоии волидон фарзандонро чизпарасту сабукандеш менамояд. Чун дар қалби фарзанд ҳисси чизпарастӣ пайдо шуд, ба омўзиши илму адаб таваҷҷўҳ намекунад, аз иҷрои амру фармон ва ба насиҳати волидонаш саркашӣ менамояд.

Дар қонуни мазкур дар боби 2, моддаи 8 таъкид карда шудааст, ки волидон гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чаҳордаҳсола боло дар кўча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд. Матлаб ин аст, ки волидон бояд фарзандони худро аз назорат дур нагузоранд. Замоне ки фарзанд аз назорат дур монд, ҳамнишини бад пайдо мекунад, дузду ғоратгар, дурўғгўй мешавад.

Хушо бар падару модароне, ки барои ҷомеа фарзандони солеҳу бомаърифат мерос мегузоранд:

Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омўзу рой.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки тарбия ва таълими фарзанд кори саҳлу осон нест. Волидонро зарур аст, ки ворисони худро дар рўҳияи беҳтарин хислатҳои инсонӣ тарбия намоянд. Ин аст ҳадафҳои асосии Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». Ва ин ҳадафҳоро мо, ҳамагон, бояд пайваста пайгирӣ намоем.

Г.ҶАВҲАРОВ, омўзгори мактаби рақами 38-и ноҳияи Айнӣ

«Омӯзгор»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *