Ҳалли мушкили гапзании кӯдак дар дасти волидон аст

Яке аз лаҳзаҳои беҳтарине, ки падару модар бо ҳаяҷон онро интизор мешаванд, сухани аввалини фарзанди ҷигарбанди онҳо мебошад. Сароғоз кўдаки хурдсол бо овозҳою ифодаҳои гуногун модари худро ҷеғ мезанад ва тадриҷан он овозҳо ба «оча» ё калимаҳои дигари ифодакунандаи модар мубаддал мегарданд. Аммо навзодҳое низ ҳастанд, ки бо сабабҳои психологӣ ва ё иллатҳои ҷисмонӣ ё дер сухан мегўянд, ё ин ки тамоман гап намезананд. Вале бо кўшишу ғайрати волидайн метавон пеши роҳи ин нохуширо гирифт.
Кўдаки панҷсола як қошуқ оби шўрборо фурў бурда: «Шўрбо хунук аст» – гуфт. Падару модараш ин сухани фарзандашонро шунида, дарҳол ўро ба оғўш гирифта, пурсиданд: «То ин дам чаро хомўш будӣ, гап намезадӣ?», зеро онҳо барои сухангўй шудани духтарашон дари тамоми имкониятро куфта буданд. Аммо, мутаассифона, духтари дўстрўй то имрўз сухане ва ҳатто калимае ҳам намегуфт. Посухи саволе, ки модараш ба ў дод, аз сухани аввалини ў дида волидонашро бештар ба ҳаяҷону изтироб овард. Ў гуфт: «Чунки то ин дам ҳама чиз дар ҷояш буд».

Албатта, сабаби сухан нагуфтани кўдакон он нест, ки ҳама чиз дар ҷояш бошад, зеро баъзе аз онҳо дорои нуқси ҷисмонӣ ва ё равонӣ мебошанд. Ба гуфтаи мутахассисон, саҳми волидайн дар такмил додани сухангўии фарзанд басо муҳим аст. «Сабаби ҳарф назадани навзодҳо иллат доштани коми даҳони онҳо, калон будани забони онҳо, калон будани бодомаки онҳо ва нуқс доштани шунавоии онҳо шуда метавонад», қайд мекунанд мутахассисон. Ҳангоми мушоҳида кардани иллатҳои мазкур ба волидайн тавсия мешавад, ки ба духтури гўшу даҳону бинӣ муроҷиат намоянд. Агар дар навзод иллатҳои ҷисмонӣ дида нашавад ва ў то синни 5-солагӣ ҳарф назанад, волидайн метавонанд ба мутахассисони гуфтордармонӣ (логопед) муроҷиат кунанд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар ин самт падару модар нақши муҳим доранд ва бояд дар кўдак ҳисси боварӣ ба худро бедор кунанд.

Ба гуфтаи коршиносон ба тадриҷ такмил додани сухангўии кўдак муҳим буда, волдайн бояд марҳилаҳои онро донанд. Барои зудтар сухангўй шудани кўдак падару модар бояд ба ў фурсат ва шароит фароҳам оранд, то кўдак ҳодисаҳое, ки аз сар гузаронидааст, нақл карда тавонад. Ҳангоми бо кўдак сўҳбат кардан дар атроф садоҳои гуногун набояд халал расонанд, чунки кўдак бояд суханҳои худро шунавад. Ба ғайр аз ин, падару модар набояд суханҳои гуфтаи кўдакро сарфи назар кунанд, мутлақо ҳангоми сухан гуфтани онҳо ба рўйи онҳо нигаранд. Хондани афсонаҳо ва ҳикояҳо низ барои такмил додани нутқи кўдак кўмак мекунад. Волидайн метавонанд якҷоя бо фарзанд ҳикояҳо хонанд, ҷумлаҳо тартиб диҳанд ва аз кўдак нақли мухтасари ҳикояҳоро шунаванд. Ҳангоми омўзиш ва ё такмил додани нутқи кўдак, ўро маҷбур набояд кард, баръакс, ўро бояд ҳамеша дастгирӣ карда, муваффақиятҳояшро васфу қадрдонӣ намуд.

Баъзе ҳолатҳое ҳастанд, ки ба мутахассис муроҷиат карданро талаб мекунанд. Онҳо чунинанд:

• Агар дар оила шахсе бошад, ки мушкили сухангўйӣ дошта бошад.
• Агар сухан ва ё садоҳои баровардаи фарзандатонро нафаҳмед.
• Агар фарзандатон баъзе аз ҳарфҳоро талаффуз карда натавонад.
• Агар фарзандатон дар сухангўйӣ нисбат ба ҳамсолони худ ақиб монда бошад.
• Агар фарзандатон ба фармонҳои шумо бетаваҷҷуҳ бошад.
• Агар фарзандатон лакнати забон дошта бошад ва ё аз ҳад зиёд босуръат гап зада, баъзе калимаҳоро пурра талаффуз накунад.

Мутахассисон марҳилаҳои сухангўии кўдакро чунин ҷудо кардаанд:

То шашмоҳагӣ: кўдак ба садоҳо таваҷҷуҳ мекунад. Чашм ва сарашро ба самти овоз мегардонад, худ ба худ овоз мебарорад.

Баъд аз дувоздаҳмоҳагӣ: кўдак забони содаро мефаҳмад (агар «тўбро биёр» гўйи, тўбро меорад) «модар», «падар» (бо лаҳни худ) мегўяд, ҳангоми номашро гирифтан, вокуниш мекунад.

Аз ҳаждаҳмоҳагӣ: кўдак гапҳо ва амрҳои содаро мефаҳмад. Ашёҳои донистаашро номбар мекунад. Хазинаи луғавияш бой мегардад.

Аз бистучормоҳагӣ: ҷумлаҳои дарозро мефаҳмад. Номи худро гуфта метавонад. Ҷумлаҳои кўтоҳ сохта метавонад.

Аз сивушашмоҳагӣ: кўдак ҳикояҳои содаро мефаҳмад, ҷумла месозад, ба саволдиҳӣ шуруъ мекунад.

Аз чилуҳаштмоҳагӣ: кўдак ҷумлаи солим сохта метавонад.

«Навид.tj»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *