Интернет чист?

Шабакаи умумиҷаҳонӣ моли кист ва барои он кӣ маблағ медиҳад?
Қоидаҳое, ки ба шабакаи Интернет дода шудаанд: Шабакаи глобалии компютерӣ, Шабакаи шабакаҳо, Шабакаи умумиҷаҳонӣ.
Интернет системаи тақсимкунандаи номутамарказ мебошад, яъне дар он нуқтаҳои марказӣ мавҷуд нест. Қоидаҳои фаъолияти он стандартӣ карда шудаанд ва барои ҳама дастрас мебошанд. Аз нуқтаи назари техникӣ, Интернет иборат аз маҷмӯи шабакаҳои нисбатан хурде иборат аст, ки онҳо низ якхела нестанд. Интернет расман ба ягон шахси алоҳида тобеъ нест. Пардохти хароҷот барои дар ҳолати фаъол нигоҳ доштани каналҳои кӯҳна ба ӯҳдаи истифодабарандагон гузошта шудааст. Хароҷот барои ба роҳ мондани каналҳои навро бошад ҳукуматҳо, ширкатҳои азими телекоммуникатсионӣ, фондҳои маблағгузорӣ ба ӯҳдад доранд.

Барои чӣ шабакаро донистан зарур аст?

Истифодабарандагони Интернет ҳар рӯз усулҳои нави нисбатан самараноки сохтан, нигоҳ доштан ва дастрас намудани иттилоотро кашф менамоянд. Ҳар қадаре, ки истифодабарандагони Шабака зиёд бошад, онҳо ҳамон қадар зиёд иттилоот истеҳсол мекунанд. Интернет имрӯз муҳити асосии иттилоотӣ, маҳалли ҳамлу нақли иттилоот ва амбори азими умумиҷаҳонии иттилоот мебошад. Журналистони “New-York Times” нақши интернетро ҳамин тавр муайян намудаанд. Дар ҳазорсолаи нав иттилоот, дастрасӣ ба сели иттилоот дар ҳаёти одам нақши рӯзафзун пайдо карда, дар онҳо мутамарказ гаштан ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мо табдил меёбад.

Таърихи пайдоиши Интернет

Соли 1957 : Д. Эйзенхауер, DARPA (Defense Advanced Research Projects Agency), ҷавоб ба радифи аввалини маснӯи Замин, ки аз ҷониби Шӯравӣ сар дода шуд. Dr. J.C.R. Licklider. Солҳои 60: идеяҳое, ки ба Интернет асос гузоштанд. Лоиҳаҳо таҳия намудани стандарт барои шабакаи номутамарказеро пешбинӣ менамуданд, ки онҳо дар ҳолати корношоям шудани як қисми асбобҳояш дар натиҷаи зарбаи атомии СССР бояд кор кунанд. Солҳои 70: сохтани шабакаи ARPANET. Шабакаи ARPANET асосан барои интиқол додани ахбори электронӣ истифода мегашт. Дар ибтидои солҳои 80 шабакаҳои алтернативӣ (интиқоли почтаҳои электронӣ) BitNet ва CSNet ба таври босуръат рушд карданд. Баъдтар шабакаҳои дигари амсоли FidoNet etc ба сафи онҳо пайвастанд.

Соли 1986: NSF (National Science Foundation – Фонди миллии оид ба илм) ба сохтани NSFNET шурӯъ намуд. Шабакаи мазкур барои шабакаҳои Интернетии амрикоӣ пешбинӣ гашта буд. ISOC (Internet Society) – ташкилоти ихтиёрӣ оид ба таъмини ҳаҷми глобалии табодули иттилоот ба воситаи Интернет, Internet Architecture Board (IAB) – сертификатсияи стандартҳо ва тақсимоти манбаъҳо, Internet Engineering Task Force (IETF) – масъалаҳои баистифодадиҳӣ ва масъалаҳои баамаломадаи техникӣ сохта шуданд. Ташкилотҳои мазкур то ҳол фаъолият мекунанд.

Дар солҳои 90 Интернет ҳамчун шабакаи ҷаҳонӣ зуҳур намуд. Дар соли 1990 Интернет аллакай 300000 истифодабаранда дошт. Соли 1991 gopher’ ва World Wide Web кашф гардид. Онҳо хадамоти Интернет буда, миллионҳо истифодабарандагони навро ҷалб месозанд. Интернет имрӯз ҳамагӣ дар чанд кишвари Африка ва Осиёи Шарқиро фаро нагирифтааст. Миқдори мошинҳои Интернет – қариб 20 миллион, миқдори истифодабарандагонаш аз он 5-10 маротиба зиёд аст.

Сарчашмаи маълумоти иловагӣ (бо забони англисӣ):

A Brief History of the Internet and Related Networks – таърихи мухтасари Интернет.
All about the Internet – маҷмӯи ссылкаҳо барои ҷӯстуҷӯйи иттилооти оморӣ ва ғайра.
The Roads and Crossroads of Internet History – ҳама чиз дар бораи таърихи Интернет.

Интернет: он чӣ тавр фаъолият мекунад? Шабакаҳои компютерӣ ва протоколҳои шабакавӣ. Оилаи протоколҳои TCP/IP

Андак дар бораи мафҳумҳо:
Вақте, ки ду ё се компютер бо ҳам ба таври доимӣ барои зиёд шудани ҳаҷми маълумот пайваст карда мешаванд шабакаи колмпютерҳо пайдо мешавад.

Протоколи шабакавӣ қоидаҳои интиқол додани иттилоот дар Шабакаи компютериро муайян мекунад. Муқоисаи протоколи шабакавӣ ва забон муҳим аст – забон ҳам як навъ пардаи интиқолдиҳии иттилоот мебошад. Протоколҳо вобаста ба он, ки стандарти муайянкунандаи онҳо кушода аст ё не протоколҳои кушода ва пӯшида мешаванд. Инчунин дар бораи протоколҳои сатҳҳои гуногун гуфтугӯ кардан лозим аст, аз ҷумла дар бораи протоколҳои сатҳи замимаҳо ва протоколҳои сатҳи интиқолдиҳии маълумот.

Системаи амалиётӣ – барномаи асосиест, ки дар компютер кор мекунад. Он пеш аз дигар барномаҳо ба кор дароварда мешавад ва ба кор даромадани онҳоро имконпазир мегардонад. Мисол: MS DOS, Windows 95, UNIX, Linux, Novell Netware.

UNIX – системаи амалиётӣ ва оилаи системаҳои муосири пуриқтидори бисёр истифодабарадндадори амалиётие мебошад, ки дар асоси он Интернет сохта шудааст.

RFC – Request For Comments, стандартҳои Интернет, ки IAB интишор медиҳад.

Провайдери Интернет – расонандаи хизматҳои Интернет, ҳамоне, ки ба воситаи он Шумо ё ташкилоти Шумо ба Шабака пайваст мегардад.

Модем (модулятор-демодулятор) – асбоб барои пайваст кардани компютерҳои дар масофаи дури роҳ ҷойгир шудаанд. Ба воситаи хатҳои ҷудошудаи телефон фаъолият мекунад. Онро истифодабарандагон дар компютерҳои хонаҳояшон ҳам истифода мебаранд.

LAN (local area network) – шабакаи мустақили компютерӣ, ки ҳангоми он компютерҳо бо кӯмаки кабел бо ҳам пайваст карда мешаванд.

WAN (wide area network) – шабакаи пайвасткунандаи шабакаҳои мустақил (LAN).
Режими кори он on-line/off-line ба воситаи пайваст шудани ба Интернет/бе он.

PPP – Point-to-Point Protocol – дар баробари дигарон ҳангоми пайваст кардани хост ё шабака ба Интернет истифода бурда мешавад, аз ҷумла ҳангоми пайваст шудани компютерҳои хонагии истифодабарандагон дар режими on-line ба Интернет истифода мегардад.

SLIP – Serial Line IP (Internet Protocol) – намунаи нисбатан номукаммали PPP.

UUCP – Unix-to-Unix Copy Protocol – протоколи кӯҳнашудаи интиқолдиҳии файлҳо ва ахбори почта.

Броузер (browser) – барномаи дастрасӣ пайдо кардан ба маъруфтарин хадамоти Интернет. Броузерҳои маъруфтарин – Netscape Navigator (http://www.netscape.com) ва Microsoft Internet Explorer (http://www.microsoft.com/ie).

Воҳидҳои ченаки иттилоот ва суръати интиқолдиҳии онҳо

Бит – миқдори минималии иттилоот – “ҳа” ё “не”, “0” ё “1”.
Байт – 8 бит барои ифода намудани ҳарф ё рамзи “00000110” = “6”
Бит/с(bps) ё бод (baud) – лаппиш дар як сония. (Кбит/с); (Мбит/с).
Приставкаҳо: кило – 103, мега – 106, тера – 10 9.

Оилаҳои протоколҳои TCP/IP

TCP/IP (Transmission Control Protocol/Internet Protocol – протоколи назорат кардан аз болои интиқоли маълумот/протоколи интиқоли маълумот) – оилаи протоколҳое мебошад, ки дар асоси онҳо Интернет бунёд гаштааст ва нми Интернет аз номи протоколи оилаи дуюм пайдо шудааст. Ба TCP/IP қариб 100 протоколҳои сатҳҳои гуногун дохил мешаванд.

IP-Адрес (IP-address) – мушаххасгардонандаи нодири Интернет. Ҳар як компютере, ки тибқи TCP/IP фаъолият мекунад дорои он мебошад. IP-address иборат аз чор гурӯҳи дорои рақамҳои дугона мебошад ва дар намуди даҳиҳо навишта мешавад. Мисол 193.232.121.66 .

Ниқоби заршабака (Subnet mask) – параметри конфигуратсияи TCP/IP мебошад, ки он аз ҷониби маъмури шабака дода мешавад. Намудаш амсоли IP-Адрес мебошад, мисол 255.255.255.0

Шлюз (Gateway) – компютере, ки шабакаи мустақилро (LAN) бо провайдер(WAN) пайваст мекунад.

Хадамоти (хизматҳои) Интернет ва архитектураи мизоҷ-сервер

Интернет бо тавассути имкониятҳое, ки дар хадамоти (хизматҳои) Интернет гузошта шудааст, истифодабарандагонро ҷалб месозад. Хадамоти Интернет аз архитектураи мизоҷ-сервер истифода мебарад, яъне агар шумо истифодабаранда бошед, барномаи мизоҷии компютери шумо бояд ба сервер пайваст шуда боша два ба он барои дастрас кардани иттилоот дархост фиристад. Барнома дар сервер дар навбати худ ҳамин иттилоотро мефиристонад ва мунтазири дархости навбатӣ мешавад (мо албатта ҷараёни корро ба таври сода фаҳмондем).

Cервер (server), манбаъҳои муайянро пешниҳод мекунад. Барномаи дигар – мизоҷ (client) – аз манбаъҳои мазкур истифода мебарад.

Баъзе хизматҳои Интернет:

Хадамот (хизмат) Протоколи интиқолдиҳии маълумот Барномаи дастрасӣ
WWW (World Wide Web) Шабакаи умумиҷаҳонӣ, гипермедиа-маълумот HTTP – HyperText Transfer Protocol Броузер
FTP (File Transfer Protocol) Дастрасӣ ба бойгониҳои файлҳо, мустақил/хусусигардондашуда FTP Броузер, барномаҳои махсусгардондашуда
Gopher – маълумоти матнӣ, аз ҷиҳати иерархӣ муташаккил Gopher Броузер
E-mail (electronic mail) почтаи электронӣ SMTP (Simple Mail Transfer Protocol)/POP3(Post Office Protocol) – қабул ва интиқол додани почта. Барномае, ки ба броузер насб карда шудааст, барномаҳои махсусгардондашуда
WAIS (Wide Area Information Servers), Archie – воситаҳои дастрасӣ ба базаҳои маълумоте, ки дар бораи файлҳои ба Интернет дастрас маълумот доранд. WAIS, Archie WAIS – броузер Archie – барномаҳои махсусгардондашуда
News – акси садо – конфронсҳо: Мукотибаи мавзӯии барои оммаи одамон дастрас NNTP – News Network Transfer Protocol Барномае, ки ба броузер насб карда шудааст, барномаҳои махсусгардондашуда.
RC (Internet Relay Chat) IRC IRC-мизоҷ
Telnet – дастрасии терминалӣ ба серверҳои дурдаст барномаҳои махсусгардондашуда

Муфассалтар дар бораи WWW (World Wide Web)

“Шабакаи умумиҷаҳонӣ”- дастрасӣ ба гиперматни шабака.
гиперматн – матн ҷамъи алоқа (гиперссилки ба) бо матнҳо, графикаи дигар, иттилооти видеоӣ ё садодор.
гипермуҳит – гиперматн ҷамъи файли ғайриматнӣ.

Суроғаҳои манбаъҳо дар Интернет: DNS, URL

DNS (Domain Name Service, Хадамоти номҳои доменӣ) дар бароибари истифодабарии суроғаҳои рақамӣ ба истифодабарии номҳои компютерҳо ҳам имконият медиҳад.

193.232.120.191 Суроғаи рақамӣ. < 256. Шумораи шабака (3) ва компютери он
fadr.msu.ru Суроғаи хатӣ – номи компютер (host), домени тобеъ (subdomain), ки онро ба якчанд қисм тақсим кардан мумкин аст, ки аввалинаш домени сатҳи аввал номида мешавад (first level domain

Доменҳои ташкилотии сатҳи 1 (ИМА)

com ташкилотҳои тиҷоратӣ
edu – ташкилотҳои маориф
org – ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
gov – ташкилотҳои ҳукуматӣ
mil – ташкилотҳои низомӣ (ИМА)
int – ташкилотҳои байналмилалӣ
net – ташкилотҳое, ки хизматҳои шабакавӣ мерасонанд

Баъзе доменҳои ҷуғрофии сатҳи 1
fr – Франтсия
de – Олмон
ru – Россия
se – Шветсия
tm – Туркманистон
tj – Тоҷикистон

FQDN (Fully Qualified Domain Name) – Номи хост, номи домен, мисол: мошини tom дар домени foobar.com дорои FQDN tom.foobar.com мебошад.
Мисолҳои дигар: fadr.msu.ru, www.ford.com

URL – Universal Resource Locator – навъи умумии додани суроға дар Интернет

URL ба таври зерин ташаккул меёбад:
<номи протокол>://<FQDN ё суроғаи хост>{/<роҳ ба сӯйи манбаъ>}
Мисолҳо:

ftp://ftp.funet.fi/
http://www.microsoft.com/ie,
nntp://fido7.pvt.exch.cars
http://193.232.127.161/~cstore/index.html

Интернет ва маорифи ОМ

  1. Нарзишо:

    мавзухои аз китоби синфи 11 технологияи иттилооти партоед даркор

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *