Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ…

Фарзанди одам аз лаҳзаи таваллуд то дами марг ба омўзиш ниёз дорад. Ҳангоме ки мо ба дунё меоем, ба ғайр аз гиряю нолиш дигар ҳеҷ чизро намедонем. Дар омўзиш ва дарки олами воқеӣ волидайн нақши муҳимро мебозанд. Гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти омўзгории волидайн ҳам аз вақти таваллуди фарзанд шурўъ мешавад. Аз хўрдану нўшидан сар карда, то роҳ рафтану хобидан, хондану навиштан, сухан гуфтану ҳурмату эҳтиром ба ҷо оварданро ба мо волидайн меомўзанд ва ин марҳилаи омўзиш бо давраи кўдакӣ маҳдуд намемонад. Зеро, ҳатто инсонҳое, ки синну солашон ба ҷое расидааст, ҳанўз аз мактаби падару модар сабақ мегиранд. Аз ин нуқтаи назар гуфта метавонем, ки аввалин омўзгорони мо волидайнамон ба ҳисоб мераванд.
Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, мебинем, ки аксарияти бузургон дарси ибтидоиро аз волидайнашон гирифта, падару модари худро устоди нахустин медонанд. Пас, маълум мешавад, ки эшон волидайни бузург доштаанд, ки дарси ибтидоиро дар даргоҳи маърифати онҳо азбар намуда, ба пояҳои баланди илму маърифат расиданд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки волидайн ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як шахс таъсир мерасонад ва беҳтарин омўзгори ҳар яки мо ба шумор меравад. Зеро онҳо хислату харакатери фарзанди худро аз ҳама беҳтар медонанд. Онҳо медонанд, ки фарзандашон чиро дўст медорад ва чиро бад мебинад. Волидайн ҳамеша мехоҳанд, ки фарзанди онҳо муваффақ бошад, дар зиндагӣ азоб накашад, хурсанду хушбахт бошад. Боз намехоҳанд, хатоҳое, ки онҳо дар зиндагӣ анҷом додаанд, фарзандонашон дубора ин хатоҳоро такрор кунанд. Аз ин рў, волидайн ҳар қадар рўзгордида бошанд, ба фарзанди худ ҳамон қадар бештар сабақ меомўзанд.

Таъсири сухан муҳимтарин унсури таълуму тарбия ба шумор меравад ва омўзгороне, ки ин маҳоратро доро мебошанд, дар таълиму тарбия ҳамеша муваффақанд. Сухани падару модар ба фарзанд таъсирбахш аст, гарчанде баъзе аз волидайн бо сабабҳои гуногун таъсири сухани худро аз даст додаанд. Чӣ хел мешавад, ки дигар сухани падару модар ба фарзанд асар намекунад? Аксарияти падару модар намунаи ибрати фарзанди худ мебошанд ва фарзандон низ кўшиш мекунанд, ки ба падар ё модари худ тақлид кунанд. Аммо бархе аз волидайн ҳангоми роҳ додан ба хатоиҳо қадру қиммат ва шаъну шарафи худро дар назди фарзандон паст мекунанд. Масалан, вақте ки падар ё модар ба фарзандаш насиҳат карда, гўяд, ки дашном надеҳ, сухани бад ба забон магир, калонсолонро эҳтиром кун, ба калонсолон салом гўй, аммо худ риоя накунад, он гаҳ сухани ў, насиҳати ў куллан ба фарзанд таъсир намекунад. Яъне аввал бояд худи волидайн ботарбия бошад, ки фарзандаш тарбия гирад.

Набояд фаромўш сохт, ки кўдак ба ҳама чиз аҳамият медиҳад ва ҳамеша дар пайи дарки олами атроф кўшиш ба харҷ медиҳад. Аз ин рў, чи коре, ки дар хона ё дар кўча рух медиҳад, ҳатман ба психологияи кўдак таъсир мерасонад. Асосан муҳити хона зиёдтар ба кўдак таъсир мерасонад, аз ин сабаб волидайн бояд ҳамеша кўшиш кунад, ки дар назди фарзандон бо овози баланд баҳс накунанд, якдигарро танбеҳ надиҳанд, суханони бад нагўянд, зеро ҳар як ҳаракату сухане, ки аз ҷониби волидайн шунида мешавад, кўдак онҳоро ба хотир мегирад. Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки барои волидайн зарур аст, ба ваъда вафо кардан мебошад. Агар ба кўдак ваъда диҳӣ, ки фалон корро анҷом бидеҳ, ба ту фалон чизро мехарам, ҳатман бояд онро иҷро кард. Чунки дар акси ҳол волидайн эътимод ва боварии фарзандашро нисбат ба худ аз даст медиҳад. Дар ҳоле ки эътимод яке аз хислатҳои муҳим дар тарбияи фарзанд буда, бидуни он тарбия кардан номумкин аст. Агар фарзанд боварӣ ва ихлос ба волидайнро, ки барои ў наздиктарин ашхос ба шумор мераванд, гум кунад, пас дигар ба ҳеҷ кас бовар намекунад. Дар аксари маврид, ҳангоме ки кўдак ба аҳли оилаи худ бовар намекунад ва сирри дили худро ба онҳо гуфта наметавонд, ба афроди берун аз оила рў меорад. Ин афрод метавонанд ҳамсоя бошанд ва метавонанд тамоман одамони бегонае бошанд, ки дар ҳалқаи худ одамонро ҷамъ оварда, бо онҳо қиссаю ҳикояҳои гуногун, бозию машғулиятҳои ҳархела мекунанд. Дар ин ҳолат, ояндаи кўдак ва тақдири тарбияи ў дар дасти афроди бегона мемонад. Аз ин сабаб, аввалин вазифае, ки бояд волидайн ба анҷом расонанд, ба даст овардани эътимоди фарзандон мебошад. То ин ки дар ҳар кор бо волидайни худ маслиҳату машварат кунанд. Волидайн набояд фикр кунанд, ки фаҳмиши кўдакон ночизу маҳдуд аст ва ақлашон ба ҳар гуна кор намегирад, зеро фарзандон ба ҳар гуна ҳодиса аз нуқтаи назари худ баҳо медиҳанд ва бо фаҳмиши «ночиз»-и худ таҳлил мекунанд. Мутаассифона, таҳлилҳои онҳо дар бисёри маврид худи онҳоро дар шубҳа меандозад ва онҳоро нороҳат мекунад. Саволҳои зиёде дар сари онҳо пайдо мешавад ва мехоҳанд, ки ҳар чи зудтар ба он саволҳо ҷавоб ёбанд, пас онҳо яқинан ба волидайн муроҷиат мекунанд. Аммо агар дар ин ҳолат эътимод ба волидайн набошад, онҳо ҳеҷ вақт ба волидайн муроҷиат намекунанд. Дар аксари маврид кўдаконе, ки сирри худро ба касе гуфтан намехоҳанд, ба ҳолати бади психикӣ гирифтор мешаванд ва ҳамеша аз ҷамъият дурӣ ҷуста, танҳоиро ихтиёр мекунанд.

Паси ҳар як муваффақият фидокорие пинҳон аст. Масалан, барои саҳначаи хуберо манзури тамошобинон кардан, одамон вақти худро, истироҳати худро ва асабҳои худро қурбон мекунанд, ки он вақт саҳнаи хубе, ё филме ё худ муваффақияте ба даст меояд. Дар ҳама соҳа ҳамин хел аст, яъне фидокорӣ сабаби муваффақиятҳо мегардад. Дар тарбияи фарзанд низ волидайн бояд фидокор бошанд. Дуруст аст, ки имрўзҳо падарон, баъзан модарон ҳам, барои дарёфти ризқу рўзӣ рўзи дароз пайи кору фаъолият ҳастанд ва ба хона хастаю монда бармегарданд. Вақте ки ба хона бармегарданд, дар хона фарзандони онҳо интизори раҳму шафқати падару модар мебошанд. Дар он ҳолати хастагию барҷомондагӣ волидайнро мебояд истироҳати худро фидои фарзандон карда, ҳар машғулияте, ки барои таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи идроку тафаккури онҳо зарур аст, мунтазам анҷом диҳанд. Машғулиятҳое, ки якҷо бо аҳли оила гузаронида мешаванд, барои муҳаббату самимият мусоидат мекунанд. Волидайн дар баробари кору фаъолият, бояд барои аҳли оила, махсусан барои фарзандон, вақти муайян ҷудо кунанд. Дар рўзҳои истироҳатӣ ва ё охири ҳафта бо аҳли оила метавон ба саёҳат баромада, дар ҷойҳои хушманзару табиати соф истироҳат намуд.

Хуллас, волидайн бояд ҳамеша дар андешаи тарбияи фарзандони худ бошанд, ҳамеша кўшиш кунанд, барои фарзанди худ як чизи наве омўзанд, ки барои ояндаи ў муфид бошад. Чун иморати тарбияи онҳо аз аввалин хишти гузоштаи падару модар бунёд мешавад. Волидайн чунон бояд ҳамадон бошанд ва аз ҳама илмҳо бархурдор бошанд, ки фарзандонашон ҳар гуна саволҳоро аз волидайни худ пурсон шуда тавонанд ва ҳамеша ба саволҳояшон ҷавоби дақиқ ёбанд. Зеро сатҳи тарбияи фарзандон ба сатҳи донишу ҷаҳонбинии волидайн вобаста аст.

«Навид.tj»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *