Мактаби хубро чӣ гуна бояд ёфт?

Волидайн барои писарчаашон муаллими беҳтаринро интихоб карданд. Субҳ бобо набераашро ба мактаб бурд. Вақте бобову набера ба саҳни мактаб даромаданд, онҳоро мактаббачаҳо иҳота карданд.

-Чӣ хел мӯйсафеди хандаовар,-хандид як писарак.

-Эй, фарбеҳаки майдаҳак,-масхара кард дуюмӣ.

Бачаҳо дар атрофи бобову набера додзанон ҷастухез мекарданд. Ҳамин вақт муаллим занги даромадро зад ва бачаҳо ба синф давиданд. Бобо аз дасти наберааш гирифт ва ба берун баромад.

– Ура, ман ба мактаб намеравам, – хурсанд шуд писарак.
– Меравӣ, аммо на ба ин мактаб, – бо қаҳр гуфт мӯйсафед.
– Ман худам ба ту мактаб меёбам.

Бобо набераашро ба хона бурда ба назди бибиаш монд, худаш бошад ба ҷустуҷӯи муаллими беҳтарин рафт. Ҳар мактаберо, ки медид, ба он даромада, то занги баромад мунтазир мешуд. Дар баъзе мактабҳо бачаҳо ба мӯйсафед аҳмият намедоданд, дар дигар мактабҳо бошад, ӯро масхара мекарданд. Мӯйсафед хомӯшона аз он ҷо баромада мерафт. Ниҳоят ӯ ба ҳавличаи майдаи як мактаби хурдакак даромад ва аз хастагӣ ба девор такя карда истод. Занги баромад садо дод ва бачаҳо ба берун баромаданд.

– Бобоҷон, шумо худатонро бад ҳис карда истодед, ба шумо об биёрам? – шунида шуд садое.

– Дар ҳавлии мактабамон курсӣ ҳаст, марҳамат ба он ҷо шинед, – таклиф кард як писарак.

– Мехоҳед ман муаллимро ҷеғ занам? – пурсид талабаи дигар.

Дере нагузашта ба саҳни мактаб муаллими ҷавоне баромад. Муйсафед салом кард ва гуфт:

-Ниҳоят ман мактаби беҳтаринро барои набераам ёфтам.

– Шумо хато мекунед, бобоҷон, мактаби мо беҳтарин нест, балки хурдакак ва танг аст.

Мӯйсафед баҳс накард. Ӯ бо муаллим ҳамаашро маслиҳат карду ба хона рафт. Бегоҳ модари писарак аз мӯйсафед пурсид:

– Падар, шумо дониши хуб надоред. Барои чӣ фикр мекунед, ки муаллими беҳтаринро ёфтед?

– Чӣ гунагии муаллимонро аз одобу рафтори талабаҳояшон мефаҳманд, – ҷавоб дод мӯйсафед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *