Масъули ҷинояткории наврасон кӣ аст?

Дар ҷумҳурӣ ҳар 100-ум ҷинояте, ки дар байни наврасону ҷавонон ба қайд гирифта мешавад, бо қатл анҷом меёбад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар чор моҳи аввали соли равон миёни ҷавонон беш аз 1200 ҷиноят содир шудааст, ки аз ин шумора 12 ҳодисаро куштор ташкил медиҳад. Миёни ноболиғон бошад, 230 ҷиноят содир шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45 адад зиёд аст. Бояд гуфт, ки яке аз шаклҳои маъмули ин ҷинояткориҳо сар задани «ҷангҳои байнимактабӣ» мебошад, ки солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ҷараёни як нишаст, вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтинанти милиса Рамазон Раҳимов сабаби аслии ҷангҳои мактаббачагонро дар вуҷуди маҳалгароӣ дар миёни ин ҷавонон арзёбӣ намудааст. Ин гуна муноқишаҳо аксар андар миёни мактаббачаҳои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта мешаванд, ки дар шакли гурўҳӣ ё дастаҷамъона сар задаанд.

Мувофиқи таъкиди мутахассисони соҳа зуҳуроти номатлуби ҷанги байнимактабӣ падидаи нав буда, бештар ҷанбаҳои психологӣ дорад. Мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нафиса Муродовна омилҳои сар задани ин гуна муноқишаҳоро чунин шарҳ дод: «Дар байни хонандагон нафароне ҳастанд, ки нисбат ба дигарон ҷисман боқувватанд ва худро «пешво» ё ба истилоҳ, «лидер» вонамуд мекунанд. Аслан ин ҳодисаҳои номатлуб дар байни наврасон, яъне хонандагони синфҳои 10-11 сар мезанад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд. Дар ин давра ҷисми инсон ба тағйироти физиологӣ дучор мешавад, гармонҳо зиёд мешаванд ва агрессия (ҳисси хашм) авҷ мегирад. Дар натиҷа, дар вуҷуди инсон қувваю нерўи зиёде пайдо мешавад, ки онро бояд харҷ кунад. Ҷангу муноқиша яке аз роҳҳои нодурусти сарф кардани нерў мебошад, ки мутаассифона, солҳои охир дар байни мактаббачагон маъмул шудааст. Асосан, ин гуна наврасон аз оилаҳои доро мебошанд, ки имконияти иқтисодиашон зиёд аст, либосҳои гарон мепўшанд, ашёи технологии гаронарзиш доранд, мошин меронанд ва ғайра. Онҳо мехоҳанд бо ин восита мавқеи худро дар мактаб устувор созанд. Намунаи ибрати онҳо касонсолон набуда, балки ҷавонони кўча мебошанд, зеро дар ин муноқишаҳо ба қувваи чунин ҷавонон такя мекунанд ва аз онҳо ёрии иловагӣ талаб мекунанд».

Воқеан ҳам намунаи ибрати наврасон ҷавононе ҳастанд, ки аз мактабу маориф аслан дур мондаанд ва ин гуна муноқишаҳо дар назари онҳо «қаҳрамонӣ» маҳсуб мешавад. Метавон гуфт, ки имрўз ҷомеа ба таҳияи филмномаҳое, ки қаҳрамони марказияшон намунаи ибрати ҷавонону наврасон бошад, эҳтиёҷи беандоза дорад. Аз ин рў, масъулони соҳаҳои театру синамо ва воситаҳои ахбори омма бояд бо назардошти талабот ва мушкилоти ҷомеа матлаб омода кунанд.

Ба ақидаи пажўҳишгари ҷавон Умед Ҳамидов, сабабҳои асосии сар задани ин муноқишаҳо бетанзим будани реҷаи рўзи наврасон, сарфакорона истифода нашудани вақт ва паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқии онҳо мебошад. Ў мегўяд: «Бекорӣ на танҳо сабаби сар задани муноқишаҳост, балки ҳамзамон метавонад боиси рў овардани наврасон ба машруботи спиртӣ, нашъа ва фисқу фасод гардад. Аз ин рў, дар мактабҳо маҳфилҳои гуногуни илмӣ-тадқиқотӣ ва озмунҳои варзиширо ҷоннок кардан лозим аст, то наврасон тавонанд вақти худро сарфакорона истифода баранд».

Коршиносон мегўянд, танҳо ба мактаб вогузор намудани кори тарбияи мактаббачагону наврасон амали нодурусту носавоб буда, дар ин робита бояд сатҳи ҳамкории волидайн бо мактаб боло бурда шавад. Вобаста ба ин паҳлўи масъала, суханҳои роҳбари давлатро ба ёд овардан мумкин аст, ки гуфта буд: «Бе дастгирии волидайн ислоҳоти маориф натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. То вақте ки зарурати ин масъала дар поён, яъне дар сатҳи оила дарк нашавад, ягон ибтикорот самараи мусбат нахоҳад дод».

«Навид.tj»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *