Муносибат бо тифл. Он бояд чӣ гуна бошад?

Равоншиносон мегўянд, муносибати байни тифл ва модар муносибатест, ки дар оянда ба бунёди хислату хўи тифл замина мегузорад. Аввалин нафаре, ки тифлро дўстдорӣ намуда, бо ў муносибат барқарор мекунад, ин модар аст. Барои кўдак рафтору кирдори дигарон, хусусан модараш бетаъсир намемонад. Аз инрў равоншиносон тавсия медиҳанд, ки модарон бояд баъзе қоидаҳоро ба инобат гиранд, донанд. Барои ин бошад, онҳоро зарур аст, донишҳои лозимии тарбиявиро дар худ фаро гирифта бошанд.

Аммо набудани дастурҳои лозимӣ барои тарбия, ҳамон адабиёти лозимие, ки зан-модар тавонад аз он истифода намояд, бо забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Равоншиноси тоҷик Нафиса Муродовна мегўяд, набудани адабиёти лозимӣ доир ба тарбияи кўдак як чизи бад аст. Зеро бе он кафолат додани тарбияи дуруст ва ҷавобгўи шавқу завқи кўдак аз сўи модарони ҷавон номумкин аст.

Асоси муносибати солими байни модару тифл ба солимии рўҳии модар ва рафтори ў нисбат ба тифл вобастагӣ дорад. Равоншиносон мегўянд, муносибати байни модару кўдак, ки замони ҳомиладорӣ оғоз меёбад, баъд аз таваллуд ҳам идома ёфта,тариқи тарбия ва рушди ҷисмонӣ боз ҳам афзун мегардад. Инчунин, мегўянд, аввалин нафаре, ки тифл дўсташ медорад ва бо ў муносибат барқарор мекунад, модари ўст. Дар навбати худ, тифлро дўст доштани модар, ўро тарбия намудан, ба ҳаёт дилгарм сохтан ҳисси дўстдорӣ ва эътимодро дар вуҷуди кўдак асос мегузорад.

Муносибати солим эътимодро меафзояд.

Равоншиносон дар мавриди муносибати байни модару кўдак ибораи «робитаи ҷисмонӣ»-ро бештар истифода мебаранд. Зери ин ибора онҳо навозиши тифл аз ҷониби модар, тифлро ба оғўш гирифтани модар ва ғайраро мефаҳманд. Онҳо мегўянд, бўйи модар, гармии бадани модар, овоз ва тарзи нигоҳи модар муносибати байни модару кўдакро қувват мебахшад. Тифли аз ин ҳиссиёт маҳрум, вақте ба воя меасад, ба мушкилиҳои зиёди рўҳӣ рў ба рў мешавад. Хусусан, муносибати байни модару тифл дар синни 0-3 солагӣ заминаи ҳаёти рўҳии тифл ва ҳисси боварӣ ба худро мегузорад.

Ба қавли равоншиносон вақте тифл забони модариашро «кашф» мекунад, дунёяшро ба таври худ дарк мекунад, ў аллакай дар бисёр ҳарактҳо ба модараш тақлид карданро сар мекунад.

Фаромўш набояд кард, ки кўдакон ё тифлҳо аз ҷиҳати биологӣ, ирсӣ, заковатмандӣ, эҳсосот ва инкишофи иҷтимоӣ аз дигарон ҳатто аз бародари худ фарқ мекунанд. Бинобар ин нуқтаи муҳим дар тарбияи кўдак он аст, ки ба ҳар як тифл бо роҳҳои гуногуни тарбия наздик шуда вобаста ба шароити мавҷуда ҳаракат бояд кард.Хусусан, равоншиносон 18 моҳи аввалро дар тарбияи тифл махсус қайд карда мегўянд, ин давраест, ки ҳисси ба худ бовар кардан ё бовар накардан дар тифл пайдо мешавад.

«Навид.tj»

  1. Данко:

    Маколаи бемаъни!

  2. Орифшох:

    ташаккури зиёд ба бунёдкунандагони чунин сайти гани то хол ман ягон сайте дар точикистон мисли ин надидам

  3. Farzona:

    Маколаи хеле хуб. Ба фикри ман инро бояд аз синни мактаби, дар дарси “Одоби оиладори” ба духтарон омузонд. Зеро, кисми зиёди онхо аз ин чизхо бехабаранд ва хатто агар адабиёт бо забони точики бошад хам, онхо аз мавчудияти он хабар намеёбанд… Ё ин, ки метавон бо духтурони занона дар якчояги руи ин масъала кор кард… Албатта барои ин равоншиносхои хуб даркор, то ин ки ба хар зани хомилае, ки ба кайди духтур гирифта шудааст, оиди ин масъалаи хеле мухим(хатто такдири минбаъдаи кудак ва дар оянда киву чи гуна ба воя расидани у аз ин хеле вобастаги дорад) фахмондадихи гузаронанд. Метавон курсхои кутохмудат ташкил кард… Мебинед, ки бо гузашти вакт адабиёт хам пайдо мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *