Мурғобича

Дар як рӯзи хуби тобистон, мурғобие, ки дар назди девори ҳавлии соҳибаш лона сохта буд, ҳис кард, ки тухмҳои дар зераш буда ҷунбида истодаанд. Аз онҳо овозҳои маҳину борик баромаду ҳар яке фарёд мезад ва яке аз дигаре пештар сар ба берун меовард.

– Ҳама баромада шуд? – пурсид модарашон ва ҳар кадомеро назорат мекард.- Не, ҳоло як тухми дигар зинда аст.

– Шояд инаш индюк бошад. Бингар, ки ин тухм назар ба дигар тухмҳо каме калонтар аст – изҳор намуд як мурғобии пире, ки ба дидани инҳо омада буд.

Баъд аз чанде тухми калон низ ба ҷунбиш даромад ва аз вай як мурғобии хокистаранги аҷиб баромад.

– Ӯ нисбат ба дигар чӯҷаҳо фарқ мекунад. – гуфт модари мурғобиҳо,  ва онҳоро ба дарё барои шинокунӣ бурд, дид, ки мурғобичаи хокистаранг хеле бад шино мекунад ва модар гуфт:

– Ту мурғобичаи ман, хеле бад шино мекунӣ, ҳеҷ гап не!

Фикр мекунам, ки вақти он расидааст, ки шуморо бурда ба дарбори паррандаҳо шинос намоям.

Дар рӯзи дигар ҳаво хеле хуб буд ва модари мурғобичаҳо чӯҷаҳои худро ба дарбори паррандаҳо бурд, мурғобичаҳо як – як паси ҳам мерафтанд ва мурғобичаи хокистаранг аз паси ҳама меомад. Вақте, ки онҳо омаданд, ҳама ба дидани онҳо омаданд.

– Хелҳо ҳам хуб – гуфт як мурғобии ҷангӣ. – А ин мурғобии бечора! Намехоҳам инро дар ин ҷо бинам!

Ва ӯ нохост ба сари мурғобичаи хокистаран нул зад.

– Бубинед, чӣ мурғобичаи зишт –  овоз баровард индюк ва парҳои сурхи худро кушода ба назди мурғобичаи хокистаранг омад.

– Вайро наранҷонед! – гуфт модари мурғобичаҳо. – Вай ба шумо чӣ бади кардааст?

Мурғобичаи бечора барои худ ҷо наёфт.

Вай хело сиёҳдил ва зиқ шуда буд ва бо ин гуна шакл таваллуд ёфтанаш шарм медошт!

Рӯзи аввал ҳамингуна гузашт. Рӯзҳои минбаъда аз ин ҳам баъдтар шудан гирифт. Ҳар ҷо, ки ӯ мерафт, аз он ҷо пеш мекарданд, ҳатто бародару хоҳаронаш низ ба аҳволи ӯ механдиданд ва боғазаб ба ӯ мегуфтанд: – Бигузор туро гурба гирифта барад!

Аввал модараш ӯро пуштибонӣ мекард, вале бисёриҳо ба муқобилашон буданд, ки мегуфтанд:       -дигар истиқоматкунандагони дарбор ҳақ доранд ӯро чунин ном гиранд, чунки ӯ чунин шакл дорад. Модари мурғобичаҳо тоқат накарда хост, ки рӯйрост бо ӯ сухан ронад ва гӯяд:

– Ман фикр мекунам, ки ту дар ҳақиқат чӯҷаи ман нестӣ, ман дигар туро дидан намехоҳам. Мурғобича худро бениҳоят бадбахт ҳис кард! Модари мурғобичаҳо ӯро пеш кард ва дигар паррандаҳои дарбор низ ӯро пеш карда ба ӯ дод мезаданд, ҳатто саг ҳам овози бадҳайбатонаи худро баровард, ҳангоме, ки ба саг наздик шуд. Ҳамаи инро мурғобичаи бадбахт тоқат кард ва аз дарбори паррандаҳо гурехта рафт. Вай рафту рафт то он даме, ки аз наздаш як ботлоқи калон баромад, ки дар он ботлоқ мурғобиҳои ваҳшӣ зиндагӣ мекарданд. Мурғобича беҳолу бемадор ва гурустна дар он ҷо шабро гузаронд.

Субҳи дигар, мурғобичаи бадбахт бо овози тир аз ҷой хест. Вай аз ҷой тарсида бархест. Онҳо шикорчиён буданд, ки ботлоқзорро иҳота карда буданд ва бо силоҳҳои дароз шикор мекарданд.

Дуди хокистаранг, ҳама байни дарахтонро забт карда буд, сагҳои шикорӣ ба даруни об медаромаданд, барои мурғобиҳои шикоркардашуда. Мурғобичаи бечора надонист, дар куҷо пинҳон шавад. Нохост дар наздаш саги калоне бо забони баромада ва чашмони ҷиллодиҳандаи бадҳайбат пайдо шуд ва каме ӯро бӯй кашид ва боз гурехта рафт.

– Оҳ, ин бор бахти ман хандид!, – гуфт мурғобича, оҳе кашиду гуфт: – то ин дараҷа бадбахт будаам, ки ҳатто саг нахост маро бо худ гирад.

Ӯ дар қамишзор монд, ва то ин муддат бар сари Ӯ овози тир шунида мешуд.

Ҳангоми торик шудани осмон шикорчиён аз он ҷо рафтанд.

Ҳама ҷо ором шуд, вале мурғобича дар ҳамон қамишзорҳо нишаст ва шаб низ дар ҳамон ҷо буд.

Мурғобича танҳо саҳар тавонист аз ҷои пинҳоншуда барояд. Ӯ ба гирду атроф нигоҳ кард ва паррандагони гуногунро дид, ки яке шино мекард дигаре бо пойҳои дароз дар даруни об мегашт.

– Оё ман метавонам аз шумо бипурсам, ки намедонед оилаи ман дар куҷост? – мурғобича ҷуръат карда пурсид.

– Мо гуфта наметавонем, ки оилаи ту дар куҷост – ҷавоб доданд дигар паррандаҳо ва боз ба даруни об хӯрокёбиро сар карданд ва дар бораи вай ҳам фикр накарданд.

Мурғобича ғамгин шуда ботлоқзорро тарк кард. Ӯ муддати дароз сарсону саргардон ба роҳаш рафтан гирифт ва дар ҳамон рӯз ба назди як куле расид ва хост дар ҳамон ҷо зиндагӣ кунад. Ӯ тамоми рӯзи тобистон дар он ҷо шино карду рӯз гузаронид, вале аллакай тирамоҳ шуд. Баргҳои дарахтон зард шуда афтиданд. Осмонро абрҳои сиёҳ иҳота карданд ва барф ҳам борид.

Дар як бегоҳ вақте, ки нурҳои офтоб нест шуданд паррандагони бисёр якҷоя шуда аз он ҷо парида рафтанд.

Онҳо мисли барф сафед буданд ва дорои гарданҳои дарозу кӯтоҳ буданд ва овозҳои гуногун доштанд. Онҳо бо парҳои калони зебои худ парвоз карда ба иқлими гармтар рафтанд.

Зимистони хунук фаро расид, ҳама хонаи гарми худро доштанд. Танҳо мурғобичаи бадбахт дар берун дар боди хунуки зимистон мегашт. Ҳеҷ кас набуд, ки ба вай ёрӣ расонад, танҳо мушаке буд, ки натавонист ӯро ба паногоҳи худ бибарад, чунки ӯ хеле калон буд.

Вай ҳамин тавр бе таваққуф шино мекард то ки узвҳояш як накунад. Аммо дар охир вай худашро бад ҳис карда хобаш бурд. Бомдодон, аз он тараф як деҳқон мегузашт. Вай мурғобии яхкардашударо дид, вай барфакҳои баданашро пок карда ӯро ба хонааш бурд. Дар он ҷо мурғобича гарм шуда ба худ омад ва муваққатан дар он ҷо зиндагӣ кард. Аммо вақте, ки кӯдакони деҳқон хостанд бо ӯ бозӣ кунанд, вай аз тирезаҳои кушода парида рафт. Хушбахтона рӯзҳои хунук низ паси сар шуданд ва фасли баҳор фаро расид.

Гирду атроф сарсабз гаштанд. Мурғобӣ парҳои худро, ки аллакай хеле калон шуда буданд кушод. Вақте, ки паррандагони дигар аз ҷануб гашта омаданд, вай низ хост ба назди онҳо равад.

Ин мурғобичаи бадбахте, ки аз шакли худаш шарм медошт имрӯз ба яке аз мурғобии зебое табдил ёфтааст. – нохост акси шакли худро дар об дида: – Оё ин ман ҳастам?! – бовар накарда гуфт ва худро акнун хеле озод ҳис мекард. Турнаҳо ва дигар паррандагонӣ ин кул ба гирди ӯ шино мекарданд, ва аз омадани ин мурғобӣ ба рамаашон ифтихор мекарданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *